Back to Languages

Tajik - Chapter 83 - Al-Mutaffifin

Translation by Abdolmohammad Ayati — Permalink

Verse 1 — Surah Al-Mutaffifin 83:1

Вой бар камфурӯшон

Verse 2 — Surah Al-Mutaffifin 83:2

онон, ки чун аз мардум кайл (паймона) меситонанд, онро пур мекунанд

Verse 3 — Surah Al-Mutaffifin 83:3

ва чун барои мардум мепаймоянд ё бармекашанд, аз он кам мекунанд

Verse 4 — Surah Al-Mutaffifin 83:4

Оё инҳо намедонанд, ки зинда мешаванд

Verse 5 — Surah Al-Mutaffifin 83:5

дар он рӯзи бузург

Verse 6 — Surah Al-Mutaffifin 83:6

Рӯзе, ки мардум ба пешгоҳи Парвардигори ҷаҳониён меистанд

Verse 7 — Surah Al-Mutaffifin 83:7

Ҳаққо, ки албатта аъмоли бадкорон навишташуда дар сиҷҷин аст

Verse 8 — Surah Al-Mutaffifin 83:8

Ту чӣ медонӣ, ки сиҷҷин чист

Verse 9 — Surah Al-Mutaffifin 83:9

Китобест навишта

Verse 10 — Surah Al-Mutaffifin 83:10

Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон (дурӯғбарорандагон)

Verse 11 — Surah Al-Mutaffifin 83:11

онон, ки рӯзи ҷазоро дурӯғ меҳисобанд

Verse 12 — Surah Al-Mutaffifin 83:12

Ва он рӯзро фақат аз ҳад гузарандаи гуноҳкор дурӯғ меҳисобад

Verse 13 — Surah Al-Mutaffifin 83:13

Чун оёти Мо бар ӯ хонда шуд, гуфт: «Афсонаҳои пешиниён аст!»

Verse 14 — Surah Al-Mutaffifin 83:14

Ҳаққо, ки корҳое, ки карда буданд, бар дилҳошон (ғолиб шуда) занг бастааст

Verse 15 — Surah Al-Mutaffifin 83:15

Ҳаққо, ки дар он рӯз аз (дидори) Парвардигорашон маҳҷуб (маҳрум) бошанд

Verse 16 — Surah Al-Mutaffifin 83:16

Пас онҳо ба ҷаҳаннам дароянд

Verse 17 — Surah Al-Mutaffifin 83:17

Ва онҳоро гӯянд: «Ин аст он чӣ дурӯғаш мешумурдед!»

Verse 18 — Surah Al-Mutaffifin 83:18

Ҳаққо, ки амалҳои некон дар иллийин мактуб аст

Verse 19 — Surah Al-Mutaffifin 83:19

Ва ту чӣ медонӣ, ки иллийин чист

Verse 20 — Surah Al-Mutaffifin 83:20

Китобест навишта

Verse 21 — Surah Al-Mutaffifin 83:21

Ки муқаррабони (наздикшудагони) Худо дар он менигаранд

Verse 22 — Surah Al-Mutaffifin 83:22

Албатта некон дар неъматанд

Verse 23 — Surah Al-Mutaffifin 83:23

бар тахтҳо нишаста ва назора мекунанд

Verse 24 — Surah Al-Mutaffifin 83:24

Бар чеҳраҳошон таровати неъматро бишиносӣ

Verse 25 — Surah Al-Mutaffifin 83:25

Аз шаробе холис, ки бар сари он мӯҳр ниҳодаанд, сероб мешаванд

Verse 26 — Surah Al-Mutaffifin 83:26

Мӯҳри он аз мушк аст ва пешдастӣ кунандагон дар он бар якдигар пешдастӣ кунанд

Verse 27 — Surah Al-Mutaffifin 83:27

Омезаи он тасним аст, (яъне ботасним омехта)

Verse 28 — Surah Al-Mutaffifin 83:28

чашмаест, ки муқаррабони (наздикони даргоҳи) Худо аз он меошоманд

Verse 29 — Surah Al-Mutaffifin 83:29

Гуноҳкорон ба мӯъминон механдиданд

Verse 30 — Surah Al-Mutaffifin 83:30

Ва чун бар онҳо мегузаштанд, ба чашму абрӯ ишора мекарданд (бо нияти масхара)

Verse 31 — Surah Al-Mutaffifin 83:31

ва чун назди касонашон бозмегаштанд, шодмона бозмегаштанд

Verse 32 — Surah Al-Mutaffifin 83:32

Ва чун ононро медиданд, мегуфтанд, ки инҳо гумроҳанд

Verse 33 — Surah Al-Mutaffifin 83:33

Ва ҳол он ки ононро ба нигаҳбониву муҳофизати амалҳои мӯъминон нафиристода буданд

Verse 34 — Surah Al-Mutaffifin 83:34

Ва имрӯз мӯъминон ба кофирон механданд

Verse 35 — Surah Al-Mutaffifin 83:35

бар тахтҳо такя задаанд ва менигаранд

Verse 36 — Surah Al-Mutaffifin 83:36

Оё кофирон баробари амалҳояшон ҷазо ёфтаанд