Back to LanguagesPrevious ChapterNext Chapter
Tajik - Chapter 84 - Al-Inshiqaq
Translation by Abdolmohammad Ayati — Permalink
Verse 1 — Surah Al-Inshiqaq 84:1
Чун осмон шикофта шавад
Verse 2 — Surah Al-Inshiqaq 84:2
ва ба фармони Парвардигораш гӯш диҳад ва ҳақ бувад, ки чунин кунад
Verse 3 — Surah Al-Inshiqaq 84:3
ва чун замин мунбасит (кашида ва паҳд) шавад
Verse 4 — Surah Al-Inshiqaq 84:4
ва ҳар чиро ки дар дарун дорад, берун партояд ва холӣ гардад
Verse 5 — Surah Al-Inshiqaq 84:5
ва ба фармони Парвардигораш гӯш диҳад ва ҳақ бувад, ки чунин кунад
Verse 6 — Surah Al-Inshiqaq 84:6
Эй инсон, ту дар роҳи Парвардигорат ранҷи фаровон мекашӣ, пас мукофоти онро хоҳӣ дид
Verse 7 — Surah Al-Inshiqaq 84:7
Ҳар кас, ки номаашро ба дасти росташ диҳанд
Verse 8 — Surah Al-Inshiqaq 84:8
ба зудӣ осон аз ӯ ҳисоб кунанд
Verse 9 — Surah Al-Inshiqaq 84:9
ва шодмон назди касонаш бозгардад
Verse 10 — Surah Al-Inshiqaq 84:10
Аммо ҳар кас, ки номааш аз пушти сар дода шавад
Verse 11 — Surah Al-Inshiqaq 84:11
ба зудӣ, ки бигӯяд: «Вой бар ман, ки ҳалок шудам»
Verse 12 — Surah Al-Inshiqaq 84:12
Ва ба оташи афрӯхта дарояд
Verse 13 — Surah Al-Inshiqaq 84:13
Ӯ дар дунё назди касонаш шодмон зиста буд
Verse 14 — Surah Al-Inshiqaq 84:14
Ва мепиндошт, ки ҳаргиз бознахоҳад гашт
Verse 15 — Surah Al-Inshiqaq 84:15
Оре, Парвардигораш ӯро медидааст
Verse 16 — Surah Al-Inshiqaq 84:16
Пас ба шафақ савганд мехӯрам
Verse 17 — Surah Al-Inshiqaq 84:17
ва савганд ба шабу ҳар чиро фурӯ пӯшад
Verse 18 — Surah Al-Inshiqaq 84:18
ва савганд ба моҳ, чун пурра шавад
Verse 19 — Surah Al-Inshiqaq 84:19
ки ба ҳоле баъд аз ҳоли дигар хоҳед расид
Verse 20 — Surah Al-Inshiqaq 84:20
Чӣ мешавад онҳоро, ки имон намеоваранд
Verse 21 — Surah Al-Inshiqaq 84:21
Ва чун Қуръон бар онҳо хонда шавад, саҷда намекунанд? (Саҷда)
Verse 22 — Surah Al-Inshiqaq 84:22
Балки кофирон такзиб мекунанд (дурӯғ мебароранд)
Verse 23 — Surah Al-Inshiqaq 84:23
Ва Худо ба он чӣ дар дил доранд, огоҳ аст
Verse 24 — Surah Al-Inshiqaq 84:24
Пас ононро ба азобе дардовар хушхабар деҳ
Verse 25 — Surah Al-Inshiqaq 84:25
ғайри онон, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, ки мукофоташонро поёне нест