Back to LanguagesPrevious ChapterNext Chapter
Tajik - Chapter 85 - Al-Buruj
Translation by Abdolmohammad Ayati — Permalink
Verse 1 — Surah Al-Buruj 85:1
Қасам ба осмон, ки дорандаи бурҷҳост
Verse 2 — Surah Al-Buruj 85:2
ва қасам ба рӯзи мавъуд
Verse 3 — Surah Al-Buruj 85:3
ва қасам ба шоҳидидиҳанда ва он чӣ ба он шоҳидӣ диҳанд
Verse 4 — Surah Al-Buruj 85:4
ки соҳибони уҳдуд ба ҳалокат расиданд
Verse 5 — Surah Al-Buruj 85:5
Оташе афрӯхта аз ҳезумҳо
Verse 6 — Surah Al-Buruj 85:6
он гоҳ ки бар канори он оташ нишаста буданд
Verse 7 — Surah Al-Buruj 85:7
ва бар он чӣ бар сари мӯъминон меоваранд, шоҳид буданд
Verse 8 — Surah Al-Buruj 85:8
Ва ҳеҷ айбе дар онҳо наёфтанд, ҷуз он ки ба Худои ғолиби лоиқи ситоиш имон оварда буданд
Verse 9 — Surah Al-Buruj 85:9
он Худое, ки фармонравоии осмонҳову замин аз они Ӯст ва бар ҳар чизе нозир аст
Verse 10 — Surah Al-Buruj 85:10
Албатта онон, ки мардону занони мӯъминро шиканҷа карданд ва тавба накарданд, азоби ҷаҳаннам ва азоби оташ барои онҳост
Verse 11 — Surah Al-Buruj 85:11
Барои касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, биҳиштҳоест, ки дар он наҳрҳо ҷорист ва он комёбии бузургест
Verse 12 — Surah Al-Buruj 85:12
Ба азоб гирифтани Парвардигори ту сахт аст
Verse 13 — Surah Al-Buruj 85:13
Ӯст, ки нахуст меофаринад ва пас аз марг зинда месозад
Verse 14 — Surah Al-Buruj 85:14
Ӯ бахшояндаву дӯстдоранда аст
Verse 15 — Surah Al-Buruj 85:15
Ӯст соҳиби арши бузург
Verse 16 — Surah Al-Buruj 85:16
Ҳар чиро ирода кунад, ба анҷом мерасонад
Verse 17 — Surah Al-Buruj 85:17
Оё достони лашкарҳоро шунидаӣ
Verse 18 — Surah Al-Buruj 85:18
Лашкарҳои Фиръавну қавми Самуд
Verse 19 — Surah Al-Buruj 85:19
Оре, онон, ки роҳи куфр пеш гирифтаанд, ҳамчунон дар дурӯғбарорӣ ҳастанд
Verse 20 — Surah Al-Buruj 85:20
ва Худо аз ҳама сӯ бар онҳо иҳота дорад
Verse 21 — Surah Al-Buruj 85:21
Бале, ин Қуръони маҷид аст
Verse 22 — Surah Al-Buruj 85:22
дар лавҳи маҳфуз