Back to LanguagesPrevious ChapterNext Chapter
Tajik - Chapter 87 - Al-Ala
Translation by Abdolmohammad Ayati — Permalink
Verse 1 — Surah Al-Ala 87:1
Номи Парвардигори бузурги худро ба покӣ ёд кун
Verse 2 — Surah Al-Ala 87:2
он ки офарид ва дурустандом кард
Verse 3 — Surah Al-Ala 87:3
Ва он ки андоза муъайян кард. Сипас роҳ намуд
Verse 4 — Surah Al-Ala 87:4
Ва он ки чарогоҳҳоро рӯёнид
Verse 5 — Surah Al-Ala 87:5
сипас хушку сиёҳ гардонид
Verse 6 — Surah Al-Ala 87:6
Ба зудӣ барои ту бихонем, мабод, ки фаромӯш кунӣ
Verse 7 — Surah Al-Ala 87:7
ғайри он чи Худо бихоҳад. Ӯст, ки ошкорову ниҳонро медонад
Verse 8 — Surah Al-Ala 87:8
Ва туро ба дини осон тавфиқ диҳем
Verse 9 — Surah Al-Ala 87:9
Агар панд, доданат суд кунад, панд деҳ
Verse 10 — Surah Al-Ala 87:10
Он ки метарсад, панд мегирад
Verse 11 — Surah Al-Ala 87:11
Ва бадбахт аз он дурӣ мегирад
Verse 12 — Surah Al-Ala 87:12
он ки ба оташи бузурги ҷаҳаннам дарафтад
Verse 13 — Surah Al-Ala 87:13
ва дар он ҷо на бимирад ва на зинда бошад
Verse 14 — Surah Al-Ala 87:14
Албатта покон наҷот ёфтанд
Verse 15 — Surah Al-Ala 87:15
онон, ки номи Парвардигори худро бар забон оварданд ва намоз гузориданд
Verse 16 — Surah Al-Ala 87:16
Оре, шумо зиндагии ин ҷаҳонро ихтиёр мекунед
Verse 17 — Surah Al-Ala 87:17
ҳол он ки охират беҳтару пояндатар аст
Verse 18 — Surah Al-Ala 87:18
Ин сухан дар саҳифаҳои нахустин аст
Verse 19 — Surah Al-Ala 87:19
саҳифаҳои Иброҳиму Мӯсо