Back to LanguagesPrevious ChapterNext Chapter
Tajik - Chapter 89 - Al-Fajr
Translation by Abdolmohammad Ayati — Permalink
Verse 1 — Surah Al-Fajr 89:1
Савганд ба сапедаи субҳ
Verse 2 — Surah Al-Fajr 89:2
ва савганд ба шабҳои даҳгона (даҳ шаби Зулҳиҷҷа)
Verse 3 — Surah Al-Fajr 89:3
ва савганд ба ҷуфту тоқ
Verse 4 — Surah Al-Fajr 89:4
ва савганд ба шаб, чун рӯй ба рафтан ниҳад
Verse 5 — Surah Al-Fajr 89:5
Оё дар ин зикркардашудаҳо хирадмандро савгандҳои кофист
Verse 6 — Surah Al-Fajr 89:6
Оё надидаӣ, ки Парвардигори ту бо қавми Од чӣ кард
Verse 7 — Surah Al-Fajr 89:7
Бо Ирам, ки сутунҳо дошт
Verse 8 — Surah Al-Fajr 89:8
Ва монанди он дар ҳеҷ шаҳре офарида нашуда буд
Verse 9 — Surah Al-Fajr 89:9
Ва қавми Самуд, ки дар он водӣ сангро мебуриданд
Verse 10 — Surah Al-Fajr 89:10
Ва қавми Фиръавн, он дорандаи мехҳо
Verse 11 — Surah Al-Fajr 89:11
онҳо дар шаҳрҳо аз ҳад таҷовуз карданд
Verse 12 — Surah Al-Fajr 89:12
ва дар онҳо бисёр фасод карданд
Verse 13 — Surah Al-Fajr 89:13
Ва Парвардигори ту тозиёнаи азобро бар сарашон фуруд овард
Verse 14 — Surah Al-Fajr 89:14
Зеро Парвардигорат дар камингоҳ аст
Verse 15 — Surah Al-Fajr 89:15
Аммо одамӣ, чута Парвардигораш биёзмояд ва гиромиаш дорад ва неъматаш диҳад, мегӯяд: «Парвардигори ман маро гиромӣ дошт»
Verse 16 — Surah Al-Fajr 89:16
Ва чун биёзмоядаш ва ризқ бар ӯ танг гирад, мегӯяд: «Парвардигори ман маро хор сохт»
Verse 17 — Surah Al-Fajr 89:17
На чунон аст. Шумо ятимро гиромӣ намедоред
Verse 18 — Surah Al-Fajr 89:18
ва якдигарро ба таъом додани мискиш тарғиб намекунед
Verse 19 — Surah Al-Fajr 89:19
ва меросро ҳарисона мехӯред
Verse 20 — Surah Al-Fajr 89:20
ва молро фаровон дӯст доред
Verse 21 — Surah Al-Fajr 89:21
Оре, чун замин шикаста шавад ва шикаста шавад
Verse 22 — Surah Al-Fajr 89:22
ва амри Парвардигори ту фаро расад ва фариштагон саф дар саф шаванд
Verse 23 — Surah Al-Fajr 89:23
ва дар он рӯз ҷаҳаннамро ҳозир оранд, одамӣ панд гирад. Ва чӣ ҷои панд гирифтан бошад
Verse 24 — Surah Al-Fajr 89:24
Мегӯяд: «Эй кош ки барои ҳаёти ҷовидонаи худ пешопеш чизе мефиристодам»
Verse 25 — Surah Al-Fajr 89:25
Дар он рӯз касе чун азоби ӯ азоб накунад
Verse 26 — Surah Al-Fajr 89:26
ва монанди занҷири ӯ ба занҷир накашад
Verse 27 — Surah Al-Fajr 89:27
Эй рӯҳи оромишёфта
Verse 28 — Surah Al-Fajr 89:28
хушнуду писандида ба сӯи Парвардигорат бозгард
Verse 29 — Surah Al-Fajr 89:29
ва дар зумраи бандагони Ман дохил шав
Verse 30 — Surah Al-Fajr 89:30
ва ба биҳишти Ман дарой