Back to LanguagesPrevious ChapterNext Chapter
Tajik - Chapter 9 - At-Tawbah
Translation by Abdolmohammad Ayati — Permalink
Verse 1 — Surah At-Tawbah 9:1
Худову паёмбараш безоранд аз мушриконе, ки бо онҳо паймон бастаед
Verse 2 — Surah At-Tawbah 9:2
Пас чаҳор моҳ ба шумо мӯҳлат дода шуд, ки дар ин сарзамин сайр кунед ва бидонед, ки аз Худо натавонед гурехт ва Ӯст, ки кофиронро расво месозад
Verse 3 — Surah At-Tawbah 9:3
Дар рӯзи ҳаҷҷи бузург аз ҷониби Худову паёмбараш ба мардум эълом мешавад, ки Худову паёмбараш аз мушрикон безоранд. Пас агар тавба кунед, бароятон беҳтар аст. Вале агар сарпечӣ кунед, бидонед, ки аз Худо натавонед гурехт. Ва кофиронро ба азобе дардовар хабар деҳ
Verse 4 — Surah At-Tawbah 9:4
Ғайри он гурӯҳ аз мушрикон, ки бо онҳо паймон бастаед ва дар паймони худ камбудие наёвардаанд ва бо хеҷ кас бар зидди шумо ҳамдаст нашудаанд. Бо инҳо ба паймони хеш то поёни муддаташ вафо кунед, зеро Худо парҳезгоронро дӯст дорад
Verse 5 — Surah At-Tawbah 9:5
Ва чун моҳҳои ҳаром ба поён расид, ҳар ҷо, ки мушриконро ёфтед, бикушед ва бигиреду ба ҳабс афканед ва дар ҳама ҷо ба каминашон нишинед. Аммо агар тавба карданд ва намоз хонданд ва закот доданд, аз онҳо даст бардоред, зеро Худо бахшандаву меҳрубон аст
Verse 6 — Surah At-Tawbah 9:6
Ва ҳар гоҳ яке аз мушрикон ба ту паноҳ овард, паноҳаш деҳ то каломи Худоро бишнавад, сипас ба макони амнаш бирасон, зеро инҳо мардуме нодонанд
Verse 7 — Surah At-Tawbah 9:7
Чӣ гуна мушриконро бо Худо ва паёмбари Ӯ паймоне бошад? Ғайри онҳое, ки назди Масҷидулҳаром бо онҳо паймон бастед. Агар бар сари паймонашон истоданд, бар сари паймонатон биистед. Худо парҳезгоронро дӯст дорад
Verse 8 — Surah At-Tawbah 9:8
Чӣ гуна паймоне бошад, ки агар бар шумо пирӯз шаванд, ба ҳеҷ аҳду савганд ва хешовандӣ вафо накунанд? Бо забоп хушнудатон месозанд ва дар дил сар мепечанд ва бештарин фосиқонанд
Verse 9 — Surah At-Tawbah 9:9
Оёти Худоро ба баҳои андак фурӯхтанд ва мардумро аз роҳи Худо боздоштанд ва бадкорӣ карданд
Verse 10 — Surah At-Tawbah 9:10
Аҳду савганд ва хешовандии ҳеҷ мӯъминеро риоат намекунанд ва мардуме таҷовузкоранд
Verse 11 — Surah At-Tawbah 9:11
Пас агар тавба карданд ва намоз ба ҷой оварданд ва закот доданд, бародарони динии шумо ҳастанд. Мо оёти Худоро барои мардуме доно тафсил мекунем
Verse 12 — Surah At-Tawbah 9:12
Агар пас аз бастани паймон савганди худ шикастанд ва дар дини шумо таън заданд, бо пешвоёни куфр қитол кунед, ки онҳоро расми савганд нигоҳ доштан нест, бошад, ки аз кирдори худ бозистанд
Verse 13 — Surah At-Tawbah 9:13
Оё бо мардуме, ки еавганди худро шикастанд ва оҳанги бадарғаи паёмбар карданд ва онҳо бар зидди шумо душманӣ оғоз карданд, намеҷангед? Оё аз онҳо метарсед ва ҳол он ки агар имон оварда бошед, сазовортар аст, ки аз Худо битарседу бас
Verse 14 — Surah At-Tawbah 9:14
Бо онҳо биҷангед. Худо ба дасти шумо азобашон мекунад ва хорашон месозад ва шуморо пирӯзӣ медиҳад ва дилҳои мӯъминонро хунук мегардонад
Verse 15 — Surah At-Tawbah 9:15
ва кина аз дилҳояшон дур кунад ва Худо тавбаи ҳар киро, ки бихоҳад, мепазирад. Ва Худост донову ҳаким
Verse 16 — Surah At-Tawbah 9:16
Оё пиндоштаед, ки шуморо ба ҳоли худ вомегузоранд, бе он ки Худо касоне аз шуморо, ки ҷиҳод мекунанд ва ҷуз Худову паёмбараш ва мӯъминонро ба ҳамрозӣ намегиранд, маълум дорад? Ва Худо ба ҳар коре, ки мекунед, огоҳ аст
Verse 17 — Surah At-Tawbah 9:17
Мушриконро лоиқ нест, ки дар ҳоле, ки ба куфри худ иқрор мекунанд, масҷидҳои Худоро иморат кунанд. Аъмоли онҳо ночиз шуда ва дар оташ ҷовидонанд
Verse 18 — Surah At-Tawbah 9:18
Масҷидҳои Худоро касоне иморат мекунанд, ки ба Худо ва рӯзи қиёмат имон овардаанд ва намоз мегузоранд ва закот медиҳанд ва аз ғайри Худо наметарсанд. Умед аст, ки инҳо аз ҳидоятёфтагон бошанд
Verse 19 — Surah At-Tawbah 9:19
Оё об додан ба ҳоҷиён ва иморати Масҷидулҳаромро бо кардаи касе, ки ба Худо ва рӯзи қиёмат имон оварда ва дар роҳи Худо ҷиҳод карда, баробар медонед? Назди Худо баробар нестанд ва Худо ситамкоронро ҳидоят намекунад
Verse 20 — Surah At-Tawbah 9:20
Онон, ки имон оварданд ва муҳоҷират карданд ва дар роҳи Худо ба молу ҷони хеш ҷиҳод карданд, дар назди Худо дараҷаҳое азимтар доранд ва комёфтагонанд
Verse 21 — Surah At-Tawbah 9:21
Парвардигорашон ба раҳмату хушнудии худ ва ба биҳиште, ки дар он неъматҳои ҷовид бошад, хушхабарашон медиҳад
Verse 22 — Surah At-Tawbah 9:22
Дар он биҳишт ҷовидон бимонанд. Зеро аҷру музди бузург дар назди Худованд аст
Verse 23 — Surah At-Tawbah 9:23
Эй касоне, ки имон овардаед, агар падарону бародаронатон дӯст доранд, ки куфрро ба ҷои имон биинтихобанд, онҳоро ба дӯстӣ магиред ва ҳар кас аз шумо дӯсташон бидорад, аз ситамкорон хоҳад буд
Verse 24 — Surah At-Tawbah 9:24
Бигӯ: «Агар падаронатону фарзандонатон ва бародаронатону занонатон ва хешовандонатону амволе, ки ҷамъ кардед ва тиҷорате, ки аз қасоди он бим доред ва хонаҳое, ки бад-он дилхуш ҳастед, барои шумо аз Худову паёмбараш ва ҷиҳод кардан дар роҳи Ӯ дӯст доштанитар аст, мунтазир бошед, то Худо фармони худ биёварад». Ва Худо нофармононро ҳидоят нахоҳад кард
Verse 25 — Surah At-Tawbah 9:25
Худо шуморо дар бисёре аз ҷойҳо ёрӣ кард. Ва низ дар рӯзи Ҳунайн он гоҳ, ки бисёрии лашкаратон шуморо ба тааҷҷуб оварда буд, вале барои шумо суде надошт ва замин бо ҳамаи васеъияш бар шумо танг шуд ва бозгаштед ва ба душман пушт кардед
Verse 26 — Surah At-Tawbah 9:26
Он гоҳ Худо оромиши худро бар паёмбараш ва бар мӯъминон нозил кард ва лашкариёне, ки онҳоро намедидед, поён фиристод ва кофиронро азоб кард ва ин аст ҷазои кофирон
Verse 27 — Surah At-Tawbah 9:27
Аз он пас Худо тавбаи ҳар касро, ки бихоҳад, мепазирад, ки омурзанда ра меҳрубон аст
Verse 28 — Surah At-Tawbah 9:28
Эй касоне, ки имон овардаед, мушрикон палиданд ва аз соли баъд набояд ба Масҷидулҳаром наздик шаванд. Ва агар аз бенавоӣ метарсед. Худо агар бихоҳад, ба фазли хеш тавонгаратон хоҳад кард. Зеро Худо донову ҳаким аст
Verse 29 — Surah At-Tawbah 9:29
Бо касоне аз аҳли китоб, ки ба Худо ва рӯзи қиёмат имон намеоваранд ва чизҳоеро, ки Худову паёмбараш ҳаром кардаст, бар худ ҳаром намекунанд ва дини ҳақро намепазиранд, ҷанг кунед, то он гоҳ ки ба дасти худ дар айни хорӣ ҷизя (хироҷ) бидиҳанд
Verse 30 — Surah At-Tawbah 9:30
Яҳуд гуфтанд, ки Узайр писари Худост ва насоро гуфтанд, ки Исо писари Худост. Ин сухан, ки мегӯянд, монанди гуфтори касонест, ки пеш аз ин кофир буданд. Худо бикушадашон. Чӣ гуна аз ҳақ гумроҳашон мекунанд
Verse 31 — Surah At-Tawbah 9:31
Олимону обидони хеш ва Масеҳ — писари Марямро ба ҷои Оллоҳ ба худоӣ гирифтанд ва ҳол он, ки маъмур буданд, ки танҳо як худоро бипарастанд, ки ҳеҷ худое ҷуз Ӯ нест. Пок аст аз он чӣ шарикаш месозанд
Verse 32 — Surah At-Tawbah 9:32
Мехоҳанд нури Худоро бо даҳони худ хомӯш кунанд ва Худо ҷуз ба камол расонидани нури худро намехоҳад. Ҳарчанд кофиронро хуш наёяд
Verse 33 — Surah At-Tawbah 9:33
Ӯ касест, ки паёмбари худро барои ҳидояти мардум фиристод бо дине дурусту барҳақ то ӯро бар ҳамаи динҳо пирӯз гардонад, ҳарчанд мушриконро хуш наёяд
Verse 34 — Surah At-Tawbah 9:34
Эй касоне, ки имон овардаед, бисёре аз олимону обидон амволи мардумро ба ноҳақ мехӯранд ва дигаронро аз роҳи Худо бозмедоранд. Ва касонеро, ки зару сим ҷамъ мекунанд ва дар роҳи Худо харҷаш намекунанд, ба азобе дардовар хабар деҳ
Verse 35 — Surah At-Tawbah 9:35
рӯзе, ки дар оташи ҷаҳаннам гудохта шаванд ва пешониву паҳлӯ ва пушташонро бо он доғ кунанд. Ин аст он чизе, ки барои худ ҷамъ карда будед. Ҳоло таъми захираи хешро бичашед
Verse 36 — Surah At-Tawbah 9:36
Шумори моҳҳо дар назди Худо, дар китоби Худо аз он рӯз, ки осмонҳову заминро биёфарида, дувоздаҳ аст. Чаҳор моҳ моҳҳои ҳароманд. Ин аст дини дуруст. Дар он моҳҳо бар хештан ситам макунед. Ва ҳамчунон, ки мушрикон ҳамагӣ ба ҷанги шумо бархостанд, ҳамагӣ ба ҷанги онҳо бархезед. Ва бидонед, ки Худо бо парҳезгорон аст
Verse 37 — Surah At-Tawbah 9:37
Ба дер партофтани моҳҳои ҳаром афзунӣ дар куфр аст ва сабаби гумроҳии кофирон. Онҳо як сол он моҳро ҳалол мешумурданд ва як сол ҳаром, то бо он шумор, ки Худо ҳаром кардааст, мувофиқ ёбанд. Пас он чиро, ки Худо ҳаром карда, ҳалол мешуморанд. Кирдори нописандашон дар назарашон ороста гардида ва Худо кофиронро ҳидоят намекунад
Verse 38 — Surah At-Tawbah 9:38
Эй касоне, ки имон овардаед, барои чӣ чун ба шумо гӯянд, ки барои ҷанг дар роҳи Худо ҷамъ шавед, гӯё ба замин мечаспед? Оё ба ҷои зиндагии ухравӣ ба зиндагии дунё розӣ шудаед? Матоъи ин дунё дар баробари матоъи охират ғайри андаке ҳеҷ нест
Verse 39 — Surah At-Tawbah 9:39
Агар ба ҷанг ҷамъ нашавед. Худо шуморо ба шиканҷае дарднок азоб мекунад ва қавми дигареро ба ҷои шумо интихоб кунад ва ба Худо низ зиёне намерасонед, ки Худо бар ҳар коре тавоност
Verse 40 — Surah At-Tawbah 9:40
Агар шумо ёриаш накунед, он гоҳ, ки кофирон берунаш карданд, Худо ёриаш кард. Яке аз он ду ба ҳангоме, ки дар ғор буданд, ба рафиқаш мегуфт: «Андӯҳгин мабош, Худо бо мост!» Худо ба дилаш оромиш бахшид ва бо лашкарҳое, ки шумо онро намедидед, қувваташ дод. Ва каломи кофиронро паст гардонид, зеро каломи Худо болост ва Худо пирӯзманду ҳаким аст
Verse 41 — Surah At-Tawbah 9:41
Ба ҷанг биравед, хоҳ бар шумо осон бошад, хоҳ душвор ва бо молу ҷони хеш дар роҳи Худо ҷиҳод кунед. Агар бидонед, хайри шумо дар ин аст
Verse 42 — Surah At-Tawbah 9:42
Агар матоъе даст ёфтанӣ бувад ё сафаре бувад на чандон дароз, аз паи ту меомаданд, вале акнун, ки роҳ дароз шудааст, паймуданашро душвор меҳисобанд. Ва ба Худо қасам мехӯранд, ки агар метавонистем, ҳамроҳи шумо берун меомадем. Инҳо тан ба ҳалокат месупоранд. Худо медонад, ки дурӯғ мегӯянд
Verse 43 — Surah At-Tawbah 9:43
Худоят афв кунад, Чаро ба онон рухсати мондан додӣ? Мебоист онҳо, ки рост мегуфтанд, ошкор шаванд ва ту дурӯғгӯёнро ҳам бишносӣ
Verse 44 — Surah At-Tawbah 9:44
Онон, ки ба Худо ва рӯзи қиёмат имон доранд, ҳаргиз барон ҷиҳод кардан бо молу ҷонашон аз ту рухсат намехоҳанд ва Худо парҳезгоронро мешиносад
Verse 45 — Surah At-Tawbah 9:45
Касоне, ки ба Худо ва рӯзи қиёмат имон надоранд ва дилҳояшонро шак фаро гирифтааст ва ин шак онҳоро ба ҳайронӣ афканда ас, т, аз ту рухсат мехоҳанд
Verse 46 — Surah At-Tawbah 9:46
Агар мехостанд, ки ба ҷанг берун шаванд, барои худ асбоби сафар омода карда буданд, вале Худо сафарбар шудани ононро нохуш дошт ва аз ҷангашон боздошт ва ба онҳо гуфта шуд, ки ҳамроҳи касоне, ки бояд дар хона бинишинанд, дар хона бинишинед
Verse 47 — Surah At-Tawbah 9:47
Агар бо шумо ба ҷанг берун омада буданд, чизе ҷуз изтироб ба шумо намеафзуданд ва то фитнаангезӣ кунанд ва барои душманон ба ҷосусӣ пардозанд, дар миёни шумо рахна мекарданд ва Худо ба ситамкорон огоҳ аст
Verse 48 — Surah At-Tawbah 9:48
Пеш аз ин ҳам фитнагарӣ мекарданд ва корҳоро барои ту вожгуна ҷилва медоданд то он гоҳ, ки ҳақ ғолиб омад ва фармони Худованд ошкор шуд, дар ҳоле, ки аз он нописандӣ доштанд
Verse 49 — Surah At-Tawbah 9:49
Баъзе аз онон мегӯянд: «Маро рухсат деҳ ва ба гуноҳ маяндоз». Огоҳ бош, ки инҳо худ дар гуноҳ афтодаанд ва ҷаҳаннам бар кофирон иҳота дорад
Verse 50 — Surah At-Tawbah 9:50
Агар хайре ба ту расад, андӯҳгинашон созад ва агар ба ту мусибате расад, мегӯянд: «Мо чораи кори худ пеш аз ин андешидаем». Он гоҳ шодмон бозмегарданд
Verse 51 — Surah At-Tawbah 9:51
Бигӯ: «Мусибате ҷуз он чӣ Худо барои мо муқаррар кардааст, ба мо нахоҳад расид. Ӯ мавлои мост ва мӯъминон бар Худо таваккал кунанд»
Verse 52 — Surah At-Tawbah 9:52
Бигӯ: «Оё ҷуз яке аз он ду некӣ интизори чизи дигареро барои мо доред? Вале мо мунтазирем, ки азоби Худо ё аз ҷониби Ӯ ё ба дасти мо ба шумо бирасад. Пас шумо мунтазир бошед, мо низ бо шумо мунтазир мемонем»
Verse 53 — Surah At-Tawbah 9:53
Бигӯ: «Худо аз шумо намепазирад, чӣ аз рӯи ризо харҷ кунед, чи аз рӯи норизоӣ, зеро мардуме нофармон ҳастед»
Verse 54 — Surah At-Tawbah 9:54
Ҳеҷ чиз монеъи қабули харҷҳояшон нашуда, ғаири он ки ба Худову паёмбараш имон наёваранд ва бо бемайлӣ ба намоз ҳозир мешаванд ва ба норизоӣ нафақа мекунанд
Verse 55 — Surah At-Tawbah 9:55
Дороиву фарзандонашон туро ба ҳайрат наандозад. Барои онанд, ки Худо мехоҳад ба онҳо дар ин дунё азобашон кунад ва дар ҳоле, ки ҳанӯз кофиранд, ҷонашон барояд
Verse 56 — Surah At-Tawbah 9:56
Ба Худо савганд мехӯранд, ки аз шумоянд ва ҳол он ки аз шумо нестанд, инҳо аз шумо бимноканд
Verse 57 — Surah At-Tawbah 9:57
Агар паноҳгоҳ ё ғор ё ниҳонгоҳе меёфтанд, шитобон ба он ҷо рӯй меоварданд
Verse 58 — Surah At-Tawbah 9:58
Баъзе аз онҳо туро дар тақсими садақот ба зулм муттаҳам мекунанд, агар ба онҳо ато кунанд, хушнуд мешаванд ва агар ато накунанд, хашм мегиранд
Verse 59 — Surah At-Tawbah 9:59
Чӣ мешавад, агар ба он чӣ Худову паёмбараш ба онон ато мекунад, хушнуд бошанд ва бигӯянд: «Худо моро бас аст ва Худову паёмбараш моро аз фазли худ бенасиб нахоҳанд гузошт ва мо ба Худо рағбат мекунем?»
Verse 60 — Surah At-Tawbah 9:60
Садақот барои фақирон асту мискинон ва коргузорони ҷамъоварии он. Ва низ барои ба даст овардани дили мухолифон ва озод кардани бандагону қарздорон ва харҷ дар роҳи Худо ва мусофирони мӯҳтоҷ ва он фаризаест аз ҷониби Худо. Ва Худо донову ҳаким аст
Verse 61 — Surah At-Tawbah 9:61
Баъзе аз онҳо паёмбарро меозоранду мегӯянд, ки ӯ ба сухани ҳар кас гӯш медиҳад. Бигӯ: «Ӯ барои шумо шунавандаи сухани хайр аст. Ба Худо имон дорад ва мӯъминонро бовар дорад ва раҳматест барои онҳое, ки имон овардаанд. Ва онон, ки расули Худоро биёзоранд, ба шиканҷае дардовар гирифтор хоҳанд шуд
Verse 62 — Surah At-Tawbah 9:62
Дар баробари шумо ба Худо савганд мехӯранд, то хушнудатон созанд ва ҳол он ки агар имон овардаанд, шоистатар аст, ки Худову расулашро хушнуд созанд
Verse 63 — Surah At-Tawbah 9:63
Оё намедонанд, ки ҳар кас, ки ба Худову паёмбараш зиддият мекунад, ҷовидона дар оташи ҷаҳаннам хоҳад буд ва ин расвоии бузургест
Verse 64 — Surah At-Tawbah 9:64
Мунофиқон метарсанд, ки мабод аз осмон дар бораи онҳо сурае нозил шавад ва аз он чӣ дар дил пинҳон кардаанд бохабарашон созад. Бигӯ: «Масхара кунед, ки Худо он чиро, ки аз он метарсед, ошкор хоҳад сохт»
Verse 65 — Surah At-Tawbah 9:65
Агар аз онҳо бипурсӣ, ки чӣ мекардед? Мегӯянд: «Мо бо ҳам харф мезадем ва бозӣ мекардем». Бигӯ: «Оё Худо ва оёти Ӯ ва паёмбарашро масхара мекардед?»
Verse 66 — Surah At-Tawbah 9:66
Узр наёваред. Пас аз имон кофир шудаед. Агар аз гуноҳи гурӯҳе аз шумо бигузарем, гурӯҳи дигарро, ки гунаҳкор шудаанд, азоб хоҳем кард
Verse 67 — Surah At-Tawbah 9:67
Мардони мунофиқ ва занони мунофиқ ҳама ҳамонанди якдигаранд. Ба корҳои зишт фармон медиҳанд ва аз корҳои нек манъ мекунанд ва мушти худро аз харҷи дар рохи Худо мебанданд. Худоро фаромӯш кардаанд. Худо низ эшонро фаромӯш кардааст, зеро мунофиқон нофармононанд
Verse 68 — Surah At-Tawbah 9:68
Худо ба мардони мунофиқу занони мунофиқ ва кофирон ваъдаи оташи ҷаҳаннам додааст. Дар он ҷовидонаанд. Ҳамин барояшон бас аст. Лаънати Худо бар онҳо бод ва ба азобе пойдор гирифтор хоҳанд шуд
Verse 69 — Surah At-Tawbah 9:69
Ҳамонанди касоне, ки пеш аз шумо буданд, бо нерӯи бештар ва дороиву фарзандонн бештар, Онҳо аз насиби хеш баҳраманд шуданд. Шумо низ аз насиби хеш баҳраманд шудаед, ҳамчунон, ки касоне, ки пеш аз шумо будаанд, аз насиби хеш баҳраманд шуда буданд. Шумо суханони ботил гуфтед, ҳамчунон, ки онҳо сухани ботил мегуфтанд. Аъмоли онон дар дунёву охират ночиз гардид ва зиёнманд шуданд
Verse 70 — Surah At-Tawbah 9:70
Оё хабари касоне, ки пеш аз онҳо будаанд, чун қавми Нӯҳ ва Оду Самуд ва қавми Иброҳиму асҳоби Мадяну Муътафикаро нашунидаанд, ки паёмбаронашон бо нишонаҳои ошкор бар онҳо фиристода шуданд? Худо ба онҳо ситам намекард, онон худ бар худ ситам мекарданд
Verse 71 — Surah At-Tawbah 9:71
Мардони мӯъмин ва занони мӯъмин дӯстони якдигаранд. Ба некӣ фармон медиҳанд ва аз ношоист бозмедоранд ва намоз мегузоранд ва закот медиҳанд ва аз Худову паёмбараш фармонбардорӣ мекунанд. Худо инҳоро раҳмат хоҳад кард, Худо пирӯзманду ҳаким аст
Verse 72 — Surah At-Tawbah 9:72
Худо ба мардони мӯъмин ва занони мӯъмин биҳиштҳоеро ваъда додааст, ки ҷӯйҳо дар он ҷорист ва биҳиштиён ҳамеша дар он ҷоянд ва низ хонаҳое некӯ дар биҳишти ҷовид. Вале хушнудии Худо аз ҳама бузургтар аст, ки пирӯзии бузург хушнудии Худованд аст
Verse 73 — Surah At-Tawbah 9:73
Эй паёмбар, бо кофирону мунофиқон биҷанг ва бо онон ба шиддат рафтор кун, ҷойгоҳашон ҷаҳаннам аст, ки бад саранҷомест
Verse 74 — Surah At-Tawbah 9:74
Ба Худо савганд мехӯранд, ки нагуфтаанд, вале калимаи куфрро бар забон рондаанд. Ва пас аз он ки ислом оварда буданд, кофир шудаанд. Ва қасдкорӣ карданд, аммо ба он ноил нашуданд. Айбҷӯиашон аз он рӯст, ки Худову паёмбараш аз ғаниматҳо босарваташон карданд. Пас, агар тавба кунанд, хайрашон дар он аст ва агар рӯйгардон шаванд. Худо ба азоби дардноке дар дунёву охират азобашон хоҳад кард ва онҳоро дар рӯи замин на дӯстдоре хоҳад буд ва на мададкоре
Verse 75 — Surah At-Tawbah 9:75
Баъзе аз онҳо бо Худо паймон бастанд, ки агар аз фазли худ моле насибамон кунад, закот медиҳем ва дар зумраи солеҳон медароем
Verse 76 — Surah At-Tawbah 9:76
Чун Худо аз фазли худ моле насибашон кард, бахилӣ карданд ва ба рӯйгардонӣ бозгаштанд
Verse 77 — Surah At-Tawbah 9:77
Ва аз он пас то рӯзе, ки бо ӯ мулоқот кунанд, бо он ваъдахилофӣ бо Худо ва он дурӯғҳо, ки мегуфтанд, дилҳояшонро ҷои нифоқ сохт
Verse 78 — Surah At-Tawbah 9:78
Оё намедонанд, ки Худо рози дили онҳоро медонад ва аз пич-пич карданашон огоҳ аст? Зеро Ӯст, ки донои ниҳонҳост
Verse 79 — Surah At-Tawbah 9:79
Худованд ба масхара мегирад касонеро, ки бар мӯъминоне, ки ба рағбат садақа медиҳанд ва беш аз тавоноии хеш чизе намеёбанд, айб мегиранд ва масхараашон мекунанд. Ва онҳоро азобе дардовар аст
Verse 80 — Surah At-Tawbah 9:80
Мехоҳӣ барояшон бахшиш бихоҳ мехоҳӣ бахшиш нахоҳ. Агар ҳафтод бор ҳам барояшон бахшиш бихоҳӣ. Худояшон нахоҳад бахшид, зеро ба Худову паёмбараш имон надоранд ва Худо мардуми нофармонро ҳидоят намекунад
Verse 81 — Surah At-Tawbah 9:81
Онон, ки дар хона нишастаанд ва аз ҳамроҳӣ бо расули Худо ақибнишинӣ карданд, хушҳоланд. Ҷиҳод бо молу ҷони хешро дар роҳи Худо нохуш шумурданду гуфтанд: «Дар ҳавои гарм ба ҷанг наравед!» Агар мефаҳманд, бигӯ: «Гармии оташи ҷаҳаннам бештар аст!»
Verse 82 — Surah At-Tawbah 9:82
Ба ҷазои аъмоле, ки анҷом додаанд, бояд, ки андак биханданд ва фаровон бигирянд
Verse 83 — Surah At-Tawbah 9:83
Агар Худо туро аз ҷанг бозгардонид ва бо гурӯҳе аз онҳо дидор кардӣ ва аз ту хостанд, ки барои ҷанги дигар берун оянд, бигӯ: «Шумо ҳаргиз бо ман ба ҷанг берун нахоҳед шуд ва ҳамроҳи ман бо ҳеҷ душмане набард нахоҳед кард, зеро шумо аз нахуст ба нишастан дар хона хушнуд будаед. Пас акнун ҳам бо онон, ки аз фармон хилофкорӣ кардаанд, дар хона бимонед!»
Verse 84 — Surah At-Tawbah 9:84
Чун бимиранд, бар ҳеҷ як аз онон намоз макун ва бар қабрашон маист. Инҳо ба Худо ва расулаш кофир шудаанд ва нофармон мурдаанд
Verse 85 — Surah At-Tawbah 9:85
Амволу авлодашон ба ҳайр'атат наяфканад. Худо мехоҳад ба сабаби онҳо дар дунё азобашон кунад ва дар айни куфр ҷон бисупоранд
Verse 86 — Surah At-Tawbah 9:86
Чун сурае нозил шуд, ки ба Худо имон биёваред ва бо паёмбараш ба ҷанг биравед, тавонгаронашон аз ту рухсат хостанду гуфтанд: «Моро бигзор то бо онҳое, ки бояд дар хона нишинанд, дар хона бинишинем!»
Verse 87 — Surah At-Tawbah 9:87
Ба он розӣ шудаанд, ки ҳамроҳи хонанишинон бошанд, бар дилҳояшон мӯҳр ниҳода шуда ва намефаҳманд
Verse 88 — Surah At-Tawbah 9:88
Вале паёмбар ва касоне, ки бо ӯ имон овардаанд, бо молу ҷони худ дар роҳи Худо ҷиҳод карданд. Некиҳо аз они онҳост ва онҳоянд, наҷотёфтагон
Verse 89 — Surah At-Tawbah 9:89
Худо барояшон биҳиштҳое, ки ҷӯйҳо дар он равон аст ва дар он ҷо ҷовидонанд, омода кардааст. Ин аст наҷоти бузург
Verse 90 — Surah At-Tawbah 9:90
Гурӯҳе аз арабҳои бодиянишин омаданд ва узр оварданд, то онҳоро рухсат диҳанд, ки ба ҷанг нараванд ва онҳое, ки ба Худову паёмбараш дурӯғ гуфта буданд, дар хона нишастанд. Ба зудӣ ба кофиронашон азобе дардовар хоҳад расид
Verse 91 — Surah At-Tawbah 9:91
Бар нотавонону беморон ва онон, ки маводи ҷангии хеш намеёбанд, ҳар гоҳ дар амал барои Худову паёмбараш ихлос кунанд, гуноҳе нест, агар ба ҷанг наёянд, ки бар некӯкорон ҳеҷ гуна итобе нест ва Худо бахшояндаву меҳрубон аст
Verse 92 — Surah At-Tawbah 9:92
Ва низ бар онон, ки назди ту омаданд, то маркаб барои набардашон диҳӣ ва ту гуфтӣ, ки маркабе надорам ва онҳо барои харҷ кардан ҳеҷ наёфтанд ва ашкрезону ғамгин бозгаштанд, гуноҳе нест
Verse 93 — Surah At-Tawbah 9:93
Хашму азоби Худо бар касонест, ки дар айни тавонгарӣ аз ту рухсат мехоҳанд ва ба он хушнуданд, ки бо хонанишинон дар хона бимонанд. Худо дилҳояшонро мӯҳр барниҳода аст, ки намедонанд
Verse 94 — Surah At-Tawbah 9:94
Чун шумо ба наздашон бозгардед, меоянду узр меоваранд. Бигӯ: «Узр маёваред, гуфторатонро бовар надорем, ки Худо моро аз ахбори шумо огоҳ кардааст. Ба зудӣ Худову паёмбараш ба аъмоли шумо хоҳанд расид. Он гоҳ шуморо назди он Худованде, ки донои ниҳону ошкор аст, мебаранд, то аз натиҷаи аъмолатон огоҳатон созад!»
Verse 95 — Surah At-Tawbah 9:95
Чун ба наздашон бозгардед, бароятон савганд Мехӯранд, то аз хатояшон даргузарсд. Аз онҳо рӯй гардонед, ки мардуме палиданд ва ба хотири аъмолашон ҷой дар ҷаҳаннам доранд
Verse 96 — Surah At-Tawbah 9:96
Бароятон савганд мехӯранд, то аз онон хушнуд шавед. Агар шумо ҳам хушнуд шавед, Худо аз ин мардуми нофармон хушнуд нахоҳад шуд
Verse 97 — Surah At-Tawbah 9:97
Арабҳои бодиянишин кофиртару мунофиқтар аз дигаронанд ва ба бехабарӣ аз ҳукмҳое, ки Худо бар паёмбараш нозил кардааст, сазовортаранд. Ва Худо донову ҳаким аст
Verse 98 — Surah At-Tawbah 9:98
Баъзе аз арабҳои бодиянишин он чиро, ки харҷ мекунанд, чун зиёне мепиндоранд ва мунтазиранд, то ба шумо мусибате бирасад. Мусибати бад бар худашон бод ва Худо шунавову доност
Verse 99 — Surah At-Tawbah 9:99
Ва баъзе аз арабҳои бодиянишин ба Худову рӯзи қиёмат имон доранд ва он чиро, ки харҷ мекунанд, барои наздик шудан ба Худо ва ба хотири дуъои паёмбар харҷ мекуканд. Бидонед, ки ҳамин сабаби наздикияшон ба Худо хоҳад шуд ва Худо ба раҳмати хеш дохилашон хоҳад кард, зеро омурзандаву меҳрубон аст
Verse 100 — Surah At-Tawbah 9:100
Аз он гурӯҳи нахустин аз муҳоҷирон ва аҳли Мадина, ки пешкадам шуданд ва онон, ки ба некӣ аз паяшон рафтанд, Худо хушнуд аст ва онҳо низ аз Худо хушнуданд. Барояшон биҳиштҳое, ки дар онҳо нахрҳо ҷорист ва ҳамеша дар он ҷо хоҳанд буд, омода кардааст. Ин аст комёбии бузург
Verse 101 — Surah At-Tawbah 9:101
Гурӯҳе аз арабҳои бодиянишин, ки гирди шуморо гирифтаанд, мунофиқанд ва гурӯҳе аз мардуми Мадина низ дар нифоқ исрор меварзанд. Ту онҳоро намешиносӣ, мо мешиносемашон ва ду бор азобашон хоҳем кард ва ба азоби бузург гирифтор мешаванд
Verse 102 — Surah At-Tawbah 9:102
Ва гурӯҳе дигар ба гуноҳи худ эътироф карданд, ки аъмоли некӯро бо корҳои зишт омехтаанд. Шояд Худо тавбаашонро бипазирад, зеро Худо омурзандаву меҳрубон аст
Verse 103 — Surah At-Tawbah 9:103
Аз дороиҳояшон садақа биситон, то ононро поку муназзаҳ созӣ ва барояшон дуъо кун, зеро дуъои ту мояи оромиши онҳост ва Худо шунавову доност
Verse 104 — Surah At-Tawbah 9:104
Оё ҳанӯз надонистаанд, ки Худост, ки тавбаи бандагонашро мепазирад ва садақотро меситонад ва Худост, ки тавбапазиру меҳрубон аст
Verse 105 — Surah At-Tawbah 9:105
Бигӯ: «Амал кунед, Худову паёмбараш аз мӯъминон аъмоли шуморо хоҳанд дид ва шумо ба назди донои ниҳону ошкоро бозгардонида мешавед ва Ӯ аз амалҳоятон огоҳатон хоҳад кард»
Verse 106 — Surah At-Tawbah 9:106
Ва гурӯҳе дигар ба машийяти (хости) Худованд вогузошта шудаанд, ки ё азобашон мекунад ё тавбаашонро мепазирад. Ва Худо донову ҳаким аст
Verse 107 — Surah At-Tawbah 9:107
Худо шоҳидӣ медиҳад: «Онҳое, ки масҷиде месозанд, то ба мӯъминон зиён расонанд ва миёнашон куфру ҷудои андозанд ва то барои касоне, ки мехоҳанд бо Худову паёмбараш ҷанг кунанд, камингоҳе бошад, он гоҳ савганд мехӯранд, ки моро қасде ҷуз некӯкорӣ набуда аст, дурӯғ мегӯянд»
Verse 108 — Surah At-Tawbah 9:108
Ҳаргиз дар он масҷид намоз магузор. Масҷиде, ки аз рӯзи нахуст бар парҳезгорӣ бунёд шуда, шоистатар аст, ки дар он ҷо намоз кунӣ. Дар он ҷо мардоне ҳастанд, ки дӯст доранд покиза бошанд, зеро Худо покизагонро дӯст дорад
Verse 109 — Surah At-Tawbah 9:109
Оё касе, ки бинои масҷидро бар тарс аз Худо ва хушнудии Ӯ ниҳода, беҳтар аст ё он касе, ки бинои масҷидро бар канораи селгоҳе, ки об зери онро шуста бошад, ниҳодааст, то бо ӯ дар оташи ҷаҳаннам сарнагун гардад? Ва Худо мардуми ситамгарро ҳидоят намекунад
Verse 110 — Surah At-Tawbah 9:110
Он бино, ки баровардаанд, ҳамеша мояи ташвиш дар дилашон хоҳад буд, то он ҳангом, ки дилашон пора-пора гардад. Ва Худо донову ҳаким аст
Verse 111 — Surah At-Tawbah 9:111
Худо аз мӯъминон ҷонҳову молҳояшонро харид, то биҳишт аз онон бошад. Дар роҳи Худо ҷанг мекунанд, чӣ бикушанд ё кушта шаванд, ваъдае, ки Худо дар Тавроту Инҷил ва Қуръон дода аст, ба ҳақ бар ӯҳдаи Ӯст. Ва чӣ касе беҳтар аз Худо ба аҳди худ вафо хоҳад кард? Ба ин хариду фурӯхт, ки кардаед, шод бошед, ки комёбии бузургест
Verse 112 — Surah At-Tawbah 9:112
Тавбакунандагонанд, парастандагонанд, шукргузоронанд, рӯзадоронанд, руқуъкунандагонанд, саҷдакунандагонанд, амркунандагон ба маъруф ва манъкунандагон аз мункаранд, ва ҳофизони ҳудуди Худоянд! Ва мӯъминонро хушхабар деҳ
Verse 113 — Surah At-Tawbah 9:113
Набояд паёмбар ва касоне, ки имон овардаанд, барои мушрикон, ҳарчанд аз хешовандон бошанд, пас аз он ки донистанд, ки ба ҷаҳаннам мераванд, талаби бахшоиш кунанд
Verse 114 — Surah At-Tawbah 9:114
Бахшоиш хостани Иброҳим барои падараш набуд, ғайри хотири ваъдае, ки ба ӯ дода буд. Ва чун барои ӯ ошкор шуд, ки падараш душмани Худост, аз ӯ безорӣ ҷуст. Зеро Иброҳим бисёр худойтарсу бурдбор буд
Verse 115 — Surah At-Tawbah 9:115
Худо қавмеро, ки ҳидоят кардааст, гумроҳ намекунад, то барояшон равшан кунад, ки аз чӣ чиз бояд бипарҳезанд, ки Худо бар ҳар чизе доност
Verse 116 — Surah At-Tawbah 9:116
Фармонравоии осмонҳову замин аз они Худост! Зинда мекунаду мемиронад ва шуморо ҷуз Худо дӯстдору ёваре нест
Verse 117 — Surah At-Tawbah 9:117
Худо тавбаи паёмбару муҳоҷирин ва ансорро, ки дар он соати усрат ҳамроҳи Ӯ буданд, аз он пас, ки наздик буд, ки гурӯҳеро дил аз ҷанг бигардад, пазируфт. Тавбаашон пазируфт, зеро ба онҳо рауфу (мушфиқу) меҳрубон аст
Verse 118 — Surah At-Tawbah 9:118
Ва низ Худо пазируфт тавбаи он се танро, ки аз ҷанг хонанишинӣ карда буданд, то он гоҳ, ки замин бо ҳамаи кушодагияш бар онҳо танг шуд ва ҷон дар танашон намеғунҷид ва худ донистанд, ки ҷуз Худованд ҳеҷ паноҳгоҳе, ки ба он рӯй оваранд, надоранд. Пас Худованд тавбаи онон пазируфт, то ба Ӯ бозоянд, ки тавбапазиру меҳрубон аст
Verse 119 — Surah At-Tawbah 9:119
Эй касоне, ки имон овардаед, аз Худо битарсед ва бо ростгӯён бошед
Verse 120 — Surah At-Tawbah 9:120
Аҳли Мадина ва арабҳои бодиянишини атрофи онро нарасад, ки аз ҳамроҳӣ бо паёмбари Худо кафокашӣ намоянд ва набояд, ки аз Ӯ ба худ (яъне аз Ӯ гузашта ба ҳифзи ҷони худ бошанд) пардозанд. Зеро дар роҳи Худо ҳеҷ ташнагӣ ба онҳо чира нашавад ё ба ранҷ наафтанд, ё ба гуруснагӣ дучор нагарданд ё қадаме, ки кофиронро хашмгин созад, барнадоранд, ё ба душман дастбурде назананд, магар он ки амали солеҳе барояшон навишта шавад, ки Худо подоши некӯкоронро нобуд намесозад
Verse 121 — Surah At-Tawbah 9:121
Ва ҳеҷ моле — чӣ андаку чӣ бисёр — харҷ накунанд ва аз ҳеҷ водие нагзаранд, магар он ки ба ҳисобашон навишта шавад, то Худо подошашон диҳад, чун подоши некӯтарин коре, ки мекардаанд
Verse 122 — Surah At-Tawbah 9:122
Ва натавонанд мӯъминон, ки ҳамагӣ ба сафар раванд. Чаро аз ҳар гурӯҳе дастае ба сафар нараванд, то дониши дини хешро биёмузанд ва чун бозгаштанд, мардуми худро хушдор диҳанд, бошад, ки аз зишткорӣ ҳазар кунанд
Verse 123 — Surah At-Tawbah 9:123
Эй касоне, ки имон овардаед, бо кофироне, ки наздики шумоянд, ҷанг кунед, то дар шумо шиддату дуруштӣ ёбанд ва бидонед, ки Худо бо парҳезгорон аст
Verse 124 — Surah At-Tawbah 9:124
Ва чун сурае нозил шавад, баъзе мепурсанд: «Ин сура ба имони кадом як аз шумо дарафзуд?» Онон, ки имон овардаанд, ба имонашон афзуда шавад ва худ шодмонӣ мекунанд
Verse 125 — Surah At-Tawbah 9:125
Аммо онон, ки дар дилҳояшон маразест, ҷуз инкоре бар инкорашон наяфзуд ва ҳамчунон кофир бимурданд
Verse 126 — Surah At-Tawbah 9:126
Оё намебинанд, ки дар ҳар сол як ё ду бор мавриди озмоиш воқеъ мешаванд? Вале на тавба мекунанд ва на панд мегиранд
Verse 127 — Surah At-Tawbah 9:127
Ва чун сурае нозил шавад, баъзе ба баъзе дигар нигоҳ мекунанд: «Оё касе шуморо мебинад?» Ва бозмегарданд. Худо дилҳояшонро аз имон мунсариф сохта (баргардонда), зеро мардуме нофаҳманд
Verse 128 — Surah At-Tawbah 9:128
Албатта паёмбаре аз худи шумо бар шумо фиристода шуд, ҳар он чӣ шуморо ранҷ медиҳад, бар ӯ гарон меояд. Сахт ба шумо дилбаста аст ва бо мӯъминон мушфиқу меҳрубон аст
Verse 129 — Surah At-Tawbah 9:129
Агар бозгарданд, бигӯ: «Худо барои ман кофист, худое ҷуз Ӯ нест, бар Ӯ таваккал кардам ва Ӯст Парвардигори арши бузург