Back to LanguagesPrevious ChapterNext Chapter
Tajik - Chapter 90 - Al-Balad
Translation by Abdolmohammad Ayati — Permalink
Verse 1 — Surah Al-Balad 90:1
Қасам ба ин шаҳр! (Макка)
Verse 2 — Surah Al-Balad 90:2
Ва ту дар ин шаҳр ҳалол хоҳӣ шуд
Verse 3 — Surah Al-Balad 90:3
Ва қасам ба падару фарзандони ӯ
Verse 4 — Surah Al-Balad 90:4
ки одамиро, дар ранҷу меҳнат биёфаридаем
Verse 5 — Surah Al-Balad 90:5
Оё мепиндорад, ки кас бар ӯ қодир нагардад
Verse 6 — Surah Al-Balad 90:6
Мегӯяд: «Моле фаровонро харҷ кардам!»
Verse 7 — Surah Al-Balad 90:7
Оё мепиндорад, ки касе ӯро надидааст
Verse 8 — Surah Al-Balad 90:8
Оё барои ӯ ду чашм наёфаридаем
Verse 9 — Surah Al-Balad 90:9
Ва як забону ду лаб
Verse 10 — Surah Al-Balad 90:10
Ва ду роҳ ба ӯ далолат накардем
Verse 11 — Surah Al-Balad 90:11
Ва ӯ дар он гузаргоҳи сахт қадам наниҳод
Verse 12 — Surah Al-Balad 90:12
Ва ту чӣ донӣ, ки гузаргоҳи сахт чист
Verse 13 — Surah Al-Balad 90:13
Озод кардани банда аст
Verse 14 — Surah Al-Balad 90:14
ё таъом додан дар рӯзи қаҳтӣ
Verse 15 — Surah Al-Balad 90:15
хоса ба ятиме, ки хешованд бошад
Verse 16 — Surah Al-Balad 90:16
ё ба мискине хокнишин (мӯҳтоҷ)
Verse 17 — Surah Al-Balad 90:17
Баъд, аз он аз касоне бошад, ки имон овардаанд ва якдигарро ба сабр васият кардаанду ба шафқат
Verse 18 — Surah Al-Balad 90:18
Инҳо аҳли саъодатанд
Verse 19 — Surah Al-Balad 90:19
Ва касоне, ки ба оёти Мо кофиранд, аҳли шақоватанд (бадбахтиянд)
Verse 20 — Surah Al-Balad 90:20
Насиби онҳост оташе, ки аз ҳар сӯ сараш пӯшидааст