Back to LanguagesPrevious ChapterNext Chapter
Tajik - Chapter 91 - Ash-Shams
Translation by Abdolmohammad Ayati — Permalink
Verse 1 — Surah Ash-Shams 91:1
Савганд ба офтоб ва равшаниаш ба ҳангоми чошт
Verse 2 — Surah Ash-Shams 91:2
ва савганд ба моҳ чун аз паи он барояд
Verse 3 — Surah Ash-Shams 91:3
ва савганд, ба рӯз, чун дунёро равшан кунад
Verse 4 — Surah Ash-Shams 91:4
ва савганд ба шаб, чун рӯзро бипушад
Verse 5 — Surah Ash-Shams 91:5
ва савганд ба осмону он ки онро бино карда
Verse 6 — Surah Ash-Shams 91:6
ва савганд ба замину он ки онро бигустурда
Verse 7 — Surah Ash-Shams 91:7
ва савганд, ба нафсу он ки некӯяш биёфарида
Verse 8 — Surah Ash-Shams 91:8
сипас бадиҳову парҳезгориҳояшро ба ӯ илҳом карда
Verse 9 — Surah Ash-Shams 91:9
ки ҳар ки дар покии нафс кӯшид, наҷот ёфт
Verse 10 — Surah Ash-Shams 91:10
ва ҳар кӣ дар палидиаш кӯшид, зиён кард
Verse 11 — Surah Ash-Shams 91:11
Қавми Самуд аз рӯи саркашӣ дурӯғ бароварданд
Verse 12 — Surah Ash-Shams 91:12
Он гоҳ ки бадбахттаринашон бархост
Verse 13 — Surah Ash-Shams 91:13
Паёмбари Худо ба онҳо гуфт, ки модашутури Худрро бо навбати оби ӯро бигузоред
Verse 14 — Surah Ash-Shams 91:14
Ӯро дурӯғ бароварданд ва шутурро куштанд. Пас Парвардигорашои ба сабаби гуноҳашод бар сарашон азоб овард ва бо хок яксон сохт
Verse 15 — Surah Ash-Shams 91:15
Ва Ӯ аз оқибати он наметарсад