Back to LanguagesPrevious ChapterNext Chapter
Tajik - Chapter 92 - Al-Layl
Translation by Abdolmohammad Ayati — Permalink
Verse 1 — Surah Al-Layl 92:1
Савганд ба шаб, он гоҳ ки чаҳонро бо торикиаш бипӯшад
Verse 2 — Surah Al-Layl 92:2
ва савганд ба рӯз, он гоҳ ки ошкор шавад
Verse 3 — Surah Al-Layl 92:3
ва савганд, ба он ки нару модаро биёфарид
Verse 4 — Surah Al-Layl 92:4
ки ҳосили кӯшишҳои шумо гуногун аст
Verse 5 — Surah Al-Layl 92:5
Аммо касе, ки бахшоишу парҳезгорӣ кард
Verse 6 — Surah Al-Layl 92:6
ва он беҳтаринро тасдиқ кард (калимаи тайибаро)
Verse 7 — Surah Al-Layl 92:7
пас барои биҳишт омодааш мекунем
Verse 8 — Surah Al-Layl 92:8
Аммо он кас кӣ бахиливу беэҳтиёҷӣ кард
Verse 9 — Surah Al-Layl 92:9
ва он беҳтаринро такзиб кард (дурӯғ баровард)
Verse 10 — Surah Al-Layl 92:10
ӯро барои дӯзах омода месозем
Verse 11 — Surah Al-Layl 92:11
Ва чун ҳалокаш даррасад, дороияш ба ҳолаш фоида набахшад
Verse 12 — Surah Al-Layl 92:12
Ва он чӣ бар Мост, роҳнамоист
Verse 13 — Surah Al-Layl 92:13
Ва аз они Мост он ҷаҳону ин чаҳон
Verse 14 — Surah Al-Layl 92:14
Пас шуморо аз оташе, ки забона мезанад, метарсонам
Verse 15 — Surah Al-Layl 92:15
ҷуз аҳли бадбахтӣ ба он дарнаяфтад
Verse 16 — Surah Al-Layl 92:16
он ки дурӯғ баровард ва рӯйгардон шуд
Verse 17 — Surah Al-Layl 92:17
Ва парҳезгортарин мардумро аз он дур доранд
Verse 18 — Surah Al-Layl 92:18
он кӣ моли худ мебахшояд ва покӣ меҷӯяд
Verse 19 — Surah Al-Layl 92:19
Ва ҳеҷ касро бар (гардани) ӯ ҳаққе набошад, ки акнун мукофот хоҳад
Verse 20 — Surah Al-Layl 92:20
Ғайри ҷустани хушнудии Парвардигори баландмартабаи худ
Verse 21 — Surah Al-Layl 92:21
Ва ба зудӣ хушнуд шавад