Back to Languages

    Tajik - Chapter 12

    Translation by Abdolmohammad Ayati

    Verse 1

    Алиф, лом, ро. Инҳост оёти китоби равшангар

    Verse 2

    Мо Қуръоне арабӣ нозилаш кардаем, бошад, ки шумо дарёбед

    Verse 3

    Бо ин Қуръон, ки ба ту ваҳй кардаем, беҳтарин достонро бароят ҳикоят мекунем, ки ту аз ин пеш аз бехабарон будаӣ

    Verse 4

    Он гоҳ, ки Юсуф ба падари худ гуфт: «Эй падар, ман дар хоб ёздаҳ ситора ва хуршед ва моҳ дидам, дидам, ки саҷдаам мекунанд»

    Verse 5

    Гуфт: «Эй писари хурдакам, хобатро барои бародаронат ҳикоят макун, ки туро ҳилае меандешанд, Зеро шайтон одамиёнро душмане ошкор аст

    Verse 6

    Ва инчунин Парвардигорат туро бармегузинад ва таъбири хоб меомӯзад ва ҳамчунон, ки неъмати худро пеш аз ин бар падарони ту Иброҳиму Исҳоқ комил карда буд, бар туву хонадони Яъқуб ҳам комил мекунад, ки Парвардигорат донову ҳаким аст!»

    Verse 7

    Дар достони Юсуф ва бародаронаш барои онон, ки аз он пурсидаанд, ибратҳост

    Verse 8

    Он гоҳ, ки гуфтанд: «Юсуф ва бародараш назди падарамон маҳбубтар аз мо ҳастанд, ҳол он ки мо худ гурӯҳе нерӯмандем. Падарамон дар гумроҳии ошкорест»

    Verse 9

    «Юсуфро бикушед ё дар сарзамине дигараш биандозед, то падар хоси шумо гардад ва аз он пас мардуме шоиста гардед»

    Verse 10

    Яке аз онҳо гуфт: «Агар мехоҳед коре кунед, Юсуфро накушед; дар қаъри торики чоҳаш бипартоед, то корвоне ӯро бигирад»

    Verse 11

    Гуфтанд: Эй падар, чӣ шуд, ки моро бар Юсуф боварӣ намекунӣ, ҳол он ки мо хайрхоҳи ӯ ҳастем

    Verse 12

    Фардо ӯро бо мо бифирист, то бигардаду бози кунад ва мо нигаҳдораш ҳастем»

    Verse 13

    Гуфт: «Агар ӯро бибаред, ғамгин мешавам ва метарсам, ки аз ӯ ғофил шавед ва гург ӯро бихӯрад»

    Verse 14

    Гуфтанд: «Бо ин гурӯҳи нерӯманд, ки мо ҳастем, агар гург ӯро бихӯрад, аз зиёнкорон хоҳем буд»

    Verse 15

    Чун ӯро бурданд ва қасд карданд, ки дар қаъри торики чоҳаш бияфкананд, ба ӯ ваҳй кардем, ки онҳоро аз ин корашон огоҳ хоҳӣ сохт ва худ надонанд

    Verse 16

    Шабҳангом гирён назди падарашон боз омаданд

    Verse 17

    Гуфтанд: «Эй падар, мо ба асп тохтан рафта будем ва Юсуфро назди матоъи худ гузошта будем, гург ӯро хӯрд. Ва ҳарчанд ҳам, ки рост бигӯем, ту сухани моро бовар надорӣ»

    Verse 18

    Ҷомаашро, ки ба хуни дурӯғин оғушта буд, оварданд, гуфт: «Нафси шумо кореро дар назаратон биёроста аст. Акнун барои ман сабри ҷамил беҳтар аст ва Худост, ки дар ин бора аз ӯ ёрӣ бояд хост»

    Verse 19

    Корвоне омад. Обоварашонро фиристоданд. Сатил фурӯ кард. Гуфт: «Муждагонӣ, ин писарест». Ӯро чун матоъе пинҳон сохтанд ва Худо ба коре, ки мекарданд, огоҳ буд

    Verse 20

    Ӯро ба баҳои андак, ба чанд дирҳам фурӯхтанд, ки ҳеҷ рағбате ба ӯ надоштанд

    Verse 21

    Касе аз мардуми Миср, ки ӯро харида буд, ба занаш гуфт: «То дар ин ҷост, гиромияш бидор, шояд ба мо суде бирасонад, ё ӯро ба фарзандӣ бипазирем». Ва инчунин Юсуфро дар замин ҷой додем, то ба ӯ таъбири хоб омӯзем. Ва Худо бар кори хеш ғолиб аст. Вале бештари мардум намедоканд

    Verse 22

    Ва чун болиғ шуд, ҳикмату донишаш додем ва некӯкоронро инчунин мукофот медиҳем

    Verse 23

    Ва он зан, ки Юсуф дар хонааш буд, дар паи комҷӯӣ аз Юсуф мебуд. Ва дарҳоро басту гуфт: «Бишитоб». Гуфт: «Паноҳ мебарам ба Худо, Ӯ парваронандаи ман аст ва маро обрӯи некӯ дода ва ситамкорон наҷотёфта намешаванд»

    Verse 24

    Он зан майли ӯ кард. Ва агар бурҳони Парвардигорашро надида буд, ӯ низ майли он зан мекард. Чунин кардем, то бадиву зишткориро аз вай бозгардонем. Зеро ӯ аз бакдагони покдили Мо буд

    Verse 25

    Ҳар ду ба ҷониби дар давиданд ва зан ҷомаи ӯро аз пас бидарид. Ва шӯи он занро наздики дар диданд. Зан гуфт: «Ҷазои касе, ки бо зани ту қасди баде дошта бошад, чист, ҷуз ин ки ба зиндон афтад ё ба азобе дардовар гирифтор ояд?»

    Verse 26

    Юсуф гуфт: «Ӯ дар паи комҷӯӣ аз ман буд ва маро ба худ хонд». Ва яке аз касони зан гувоҳӣ дод, ки агар ҷомааш аз пеш даридааст, зан рост мегӯяд ва ӯ дурӯғгӯст

    Verse 27

    Ва агар ҷомааш аз пас даридааст, зан дурӯғ мегӯяд ва ӯ ростгӯст

    Verse 28

    Чун дид ҷомааш аз пас даридааст, гуфт: «Ин аз макри шумо занон аст, ки макри шумо занон макре бузург аст

    Verse 29

    Эй Юсуф, забони худ нигоҳ дор ва эй зан, аз гуноҳи худ бахшоиш бихоҳ, ки ту аз хатокоронӣ»

    Verse 30

    Закони шаҳр гуфтанд: «Зани Азиз дар паи комҷӯӣ аз ғуломи худ шудааст ва шефтаи ӯ гашта аст. Мо вайро дар гумроҳии ошкоро мебипем»

    Verse 31

    Чун афсунашонро шунид, наздашон кас фиристод ва маҷлисе тартиб дод ва ба ҳар як корде дод ва гуфт: «Берун ой, то туро бингаранд». Чун ӯро диданд, бузургаш шумурданд ва дасти хеш бибуриданд ва гуфтанд: «Маъозаллоҳ ин одами нест, ин фариштае бузургвор аст!»

    Verse 32

    Гуфт: «Ин ҳамон аст, ки маро дар боби ӯ маломат мекардед. Ман дар паи комҷӯӣ аз ӯ будам ва ӯ худро нигоҳ дошт. Агар он чӣ фармонаш медиҳам, накунад, ба зиндон хоҳад афтод ва хор хоҳад шуд»

    Verse 33

    Гуфт: «Эй Парвардигори ман, барои ман зиндон дӯст доштанитар аст аз он чӣ маро ба он мехонанд ва агар макри ин занонро аз ман нагардонӣ, ба онҳо майл мекунам ва дар шумори нодонон дармеоям»

    Verse 34

    Парвардигораш дуъояшро иҷобат кард ва макри занон аз ӯ дур кард. Зеро Худо шунавову доност

    Verse 35

    Пас бо он нишонаҳо, ки дида буданд, тасмим карданд, ки чанде ба зиндонаш бияфкананд

    Verse 36

    Ду ҷавон низ бо ӯ ба зиндон афтоданд. Яке аз он ду гуфт: «Дар хоб худро дидам, ки ангур мефишорам». Дигаре гуфт: «Худро дидам, ки нон бар сар ниҳода мебарам ва паррандагон аз он мехӯранд. Моро аз таъбири он огоҳ кун, ки аз некӯкоронат мебинем»

    Verse 37

    Гуфт: «Таъоми рӯзонаи шумо ҳанӯз наомада бошад, ки пеш аз он шуморо аз таъбири он хобҳо, чунон ки Парвардигорам ба ман омӯхтааст, хабар медиҳам. Ман дини мардумеро, ки ба Худои якто имон надоранд ва ба рӯзи қиёмат кофиранд, тарк кардаам

    Verse 38

    Ман пайрави дини падаронам Иброҳиму Исҳоқу Яъқуб ҳастам ва моро нашояд, ки ҳеҷ чизро шарики Худо қарор диҳем. Ин фазилатест, ки Худо бар мову бар мардуми дигар арзонӣ доштааст, вале бештари мардум ношукранд

    Verse 39

    Эй ду зиндонӣ, оё худоёни пароканда беҳтар аст ё Оллоҳ — он Худованди яктои ғолиб бар ҳамагон

    Verse 40

    Намепарастед ғайри Худои якто магар бутонеро, ки худ ва падаронатон онҳоро ба номҳое хондаед ва Худо ҳуҷҷате бар исботи онҳо нозил накардааст. Ҳукм ҷуз ҳукми Худо нест. Фармон додааст, ки ҷуз ӯро напарастед. Ин аст дини росту устувор, вале бештари мардум намедонанд

    Verse 41

    Эй ду зиндонӣ, аммо яке аз шумо барои хоҷаи худ шароб резад, аммо дигареро бар дор кунанд ва паррандагон сари ӯ бихӯранд. Коре, ки дар бораи он назар мехостед, ба поён омадааст»

    Verse 42

    Ба яке аз он ду, ки медоннст, раҳо мешавад, гуфт: «Маро назди хоҷаи худ ёд кун!» Аммо шайтон аз хотираш дур кард, ки пеши мавлояш аз ӯ ёд кунад ва чанд сол дар зиндон бимонд

    Verse 43

    Подшоҳ гуфт: «Дар хоб ҳафт гови фарбеҳро дидам, ки онҳоро ҳафт гови лоғар мехӯранд ва ҳафт хушаи сабз дидам ва ҳафт хушаи хушк. Эй хосагони ман, хоби маро таъбир кунед, агар таъбири хоб медонед»

    Verse 44

    Гуфтанд: «Инҳо хобҳои ошуфтааст ва моро ба таъбири ин хобҳо огоҳӣ нест»

    Verse 45

    Яке аз он ду, ки раҳо шуда буд ва пас аз муддате ба ёдаш омада буд, гуфт: «Ман шуморо аз таъбири он огоҳ мекунам. Маро назди ӯ бифиристед»

    Verse 46

    «Эй Юсуф, эй марди ростгӯй, барои мо таъбир кун, ки ҳафт гови фарбеҳро ҳафт гови лоғар мехӯранд ва ҳафт хушаи сабзу ҳафт хушаи хушк. Бошад, ки ман назди мардум бозгардам ва онон огоҳ гарданд»

    Verse 47

    Гуфт: «Ҳафт сол пай дар пай бикоред ва ҳар чӣ медаравед, ҷуз андаке, ки мехӯред, бо хуша анбор кунед

    Verse 48

    Аз он пас ҳафт сол кахтӣ меояд ва дар он ҳафт сол он чӣ барояшон ҷамъ кардаанд, бихӯранд ғайри андаке, ки нигоҳ медоред

    Verse 49

    Пас аз он соле ояд, ки мардумонро борон диҳанд ва дар он сол афшурданиҳоро мефушуранд»

    Verse 50

    Подшоҳ гуфт: «Назди манаш биёваред». Чун фиристода назди ӯ омад, Юсуф гуфт: «Назди хоҷаат бозгард ва бипурс: Ҳикояти он занон, ки дастҳои худро буриданд, чӣ буд? Ки Парвардигори ман ба макрашон огоҳ аст!»

    Verse 51

    Гуфт: «Эй занон, он гоҳ ки хостори тани Юсуф мебудед, ҳикояти шумо чӣ буд?» Гуфтанд: «Паноҳ бар Худо! Ӯро ҳеҷ гунаҳкор намедонем». Зани Азиз гуфт: «Акнун ҳақ ошкор шуд. Ман дар паи комҷӯӣ аз ӯ мебудам ва ӯ дар зумраи ростгӯён аст!»

    Verse 52

    «Чунин шуд то бидонад, ки ман дар ғайбаташ ба ӯ хиёнат накардаам ва Худо ҳилаи хоинонро ба мақсад намерасоздад

    Verse 53

    Ман худамро бегуноҳ намедонам, зеро нафс одамиро ба бадӣ фармон медиҳад. Магар Парвардигори ман бибахшояд, зеро Парвардигори ман омурзандаву меҳрубон аст!»

    Verse 54

    Подшоҳ гуфт: «Ӯро назди ман биёваред то ҳамнишини хоси худ гар донам». Ва чун бо ӯ сухан гуфт, гуфт; «Ту аз имрӯз назди мо соҳибмартаба ва боваринок ҳастӣ»

    Verse 55

    Гуфт: «Маро бар хазинаҳои ин сарзамин муқаррар кун, ки ман нигаҳбоне доноям»

    Verse 56

    Инчунин Юсуфро дар он сарзамин обрӯ додем. Ҳар ҷо, ки мехост, ҷой мегирифт. Раҳмати худро ба ҳар кас, ки бихоҳем, арзонӣ медорем ва музди некӯкоронро барбод намекунем

    Verse 57

    Ва албатта музди онҷаҳонӣ барои касоне, ки имоп овардаанд ва парҳезгорӣ мекунанд, беҳтар аст

    Verse 58

    Бародарони Юсуф омаданд ва бар ӯ дохил шуданд, онҳоро шинохт ва онҳо нашинохтандаш

    Verse 59

    Чун борҳояшонро муҳайё сохт, гуфт: «Бародари падариятонро низ назди ман биёваред, оё намебинед, ки паймонаро комил адо мекунам ва беҳтарин мизбонам

    Verse 60

    Агар ӯро назди ман наёваред, паймонае назди ман нахоҳед дошт ва ба ман наздик машавед»

    Verse 61

    Гуфтанд: «Мо ӯро ба исрор аз падар хоҳем хост ва ин корро хоҳем кард»

    Verse 62

    Ва ба мардони худ гуфт: «Сармояашонро дар борҳояшон биниҳед, бошад, ки чун назди касонашон бозгарданд ва онро биёбанд, боз оянд»

    Verse 63

    Чун назди падар бозгаштанд, гуфтанд: «Эй падар, паймона аз мо манъ намуданд. Бародарамонро бо мо бифирист, то паймона бозгирем. Мо нигаҳдори ӯ ҳастем»

    Verse 64

    Гуфт: «Оё ӯро ба шумо бисупорам, ҳамчунон ки бародарашро пеш аз ин ба шумо супурдам?» Худо беҳтарин нигаҳдор аст ва Ӯст меҳрубонтарини меҳрубонон

    Verse 65

    Чун бори худро кушуданд, диданд, ки сармояашонро пас додаанд. Гуфтанд: «Эй падар, дар талаби чӣ ҳастем? Ин сармояи мост, ки ба мо пас додаанд. Барои касони худ ғалла биёварем ва бародарамонро ҳифз кунем ва бори шутуре афзун гирем, ки он чӣ дорем, андак аст»

    Verse 66

    Гуфт: «Ҳаргиз ӯро бо шумо намефиристам, то бо ман ба номи Худо паймоне бибандед, ки назди манаш бозмеоваред. Магар он ки ҳама гирифтор шавед». Чун бо ӯ аҳд карданд, гуфт: «Худо бар он чӣ мегӯем, гувоҳ аст!»

    Verse 67

    Гуфт: «Эй писарони ман, аз як дарвоза дохил нашавед; аз дарвозаҳои гуногун дохил шавед. Ва ман қазои Худоро аз сари шумо дафъ натавонам кард ва ҳеҷ фармоне ғайри фармони Худо нест. Бар Ӯ таваккал кардам ва таваккалкунандагон бар Ӯ таваккул кунанд»

    Verse 68

    Чун аз ҷое, ки падар фармон дода буд, дохил шуданд, ин кор дар баробари иродаи Худо судашон набахшид. Танҳо ҳоҷате дар замири Яъқуб буд, ки онро ошкор сохт, зеро ӯро илме буд, ки Худ ба ӯ омӯхта будем, вале бештари мардум намедонанд

    Verse 69

    Чун бар Юсуф дохил шуданд, бародарашро назди худ ҷой дод. Гуфт: «Ман бародари ту ҳастам. Аз коре, ки инҳо кардаанд, андӯҳгин мабош»

    Verse 70

    Чун борҳояшонро муҳайё кард, ҷомро дар бори бародар ниҳод. Он гоҳ мунодӣ (садодиҳанда) садо дод: «Эй корвониён, шумо дуздонед»

    Verse 71

    Корвониён назди онҳо бозгаштанд ва гуфтанд: «Чӣ гум кардаед?»

    Verse 72

    Гуфтанд: «Ҷоми подшоҳро. Ва ҳар ки биёварадаш, ӯро бори шутурест ва ман кафилӣ мекунам»

    Verse 73

    Гуфтанд: «Худоро, шумо худ медонед, ки мо фасод кардан ба ин сарзамин наёмадаем ва дузд набудаем»

    Verse 74

    Гуфтанд: «Агар дурӯғ гуфта бошед, ҷазои дузд чист?»

    Verse 75

    Гуфтанд: «Ҷазояш ҳамон касест, ки дар бори ӯ ёфта шавад. Пас ӯ худ ҷазои амали худ аст ва мо гунаҳкоронро чунин ҷазо диҳем»

    Verse 76

    Пеш аз бори бародар бар бори онҳо кофтанро сар кард, он гоҳ аз бори бародараш берун овард. Ҳилае инчунин ба Юсуф омӯхтем. Дар дини он подшоҳ гирифтани бародар хаққи ӯ набуд, чизе буд, ки Худо мехост. Ҳар касро, ки бихоҳем, ба дараҷоте боло мебарем ва болои ҳар доное донотарест

    Verse 77

    Гуфтанд: «Агар ӯ дуздӣ карда, бародараш низ пеш аз ин дуздӣ карда буд». Юсуф ҷавоби он сухан дар дил пинҳон дошт ва ҳеҷ изхор накард ва гуфт: «Шумо дар вазъе бадтар ҳастед ва Худо ба бӯҳтоне, ки мезанед, огоҳтар аст!»

    Verse 78

    Гуфтанд: «Эй азиз, ӯро падарест солхӯрда. Яке аз моро ба ҷои ӯ бигир, ки аз некӯкоронат мебинем»

    Verse 79

    Гуфт: «Худо накунад, ки ҷуз он касро, ки бори худ назди ӯ ёфтаем, бигирем. Агар чунин кунем, аз ситамкорон хоҳем буд»

    Verse 80

    Чун аз ӯ ноумед шуданд, барои машварат ба каноре рафтанд ва бузургтаринашон гуфт: «Оё намедонед, ки падаратон аз шумо ба номи Худо паймон гирифта ва пеш аз ин низ дар ҳаққи Юсуф кӯтоҳӣ кардаед? Ман аз ин сарзамин берун намеоям, то падар маро рухсат диҳад ё Худо дар бораи ман довари кунад, ки Ӯ беҳтарини доварон аст

    Verse 81

    Назди падар бозгардед ва бигӯед: «Эй падар, писарат дуздӣ кард ва мо ҷуз ба он чӣ медонистем, шаҳодат надодем ва аз ғайб низ огоҳ нестем

    Verse 82

    Аз шаҳре, ки дар он будаем ва аз корвоне, ки ҳамроҳаш омадаем бипурс, ки мо рост мегӯем»

    Verse 83

    Гуфт: «На, нафси шумо кореро дар назаратон биёрост ва маро сабри ҷамил беҳтар аст. Шояд Худо ҳамаро ба ман бозгардонад, ки Ӯ донову ҳаким аст!»

    Verse 84

    Рӯи худ аз онҳо бигардониду гуфт: «Эй андӯҳо бар Юсуф». Ва чашмонаш аз ғам сапедӣ гирифт ва ҳамчунон андӯҳи худ фурӯ мехӯрд

    Verse 85

    Гуфтанд: «Ба Худо савганд пайваста Юсуфро ёд мекунӣ, то бемор гардӣ ё бимирӣ»

    Verse 86

    Гуфт; «Ҷуз ин нест, ки шарҳи андӯҳи худ танҳо бо Худо мегӯям. Зеро он чӣ ман аз Худо медонам, шумо намедонед

    Verse 87

    Эй писарони ман, бираведу Юсуф ва бародарашро биҷӯед ва аз раҳмати Худо ноумед машавед. Зеро танҳо кофирон аз раҳмати Худо маъюс мешаванд»

    Verse 88

    Чун бар Юсуф дохил шуданд, гуфтанд: «Эй азиз, мову касонамон ба гуруснагӣ афтодаем ва бо сармояи андак омадаем, паймонаи моро тамом адо кун ва бар мо садақа бидеҳ зеро Худо садақадиҳандагонро дӯст дорад!»

    Verse 89

    Гуфт: «Медонед, ки аз рӯи нодонӣ бо Юсуф ва бародараш чӣ кардед?»

    Verse 90

    Гуфтанд: «Оё ба ҳақиқат ту Юсуфӣ?» Гуфт: «Ман Юсуфам ва ин бародари ман аст ва Худо ба мо неъмат дод. Зеро ҳар кас, ки парҳезгорӣ кунад ва сабр намояд, Худо муздашро нобуд намесозад»

    Verse 91

    Гуфтанд: «Ба Худо савганд, ки худо туро бар мо фазилат дод ва мо хатокор будем»

    Verse 92

    Гуфт: «Имрӯз шуморо сарзаниш набояд кард; Худо шуморо мебахшояд, ки Ӯ меҳрубонтарини меҳрубонон аст

    Verse 93

    Ин ҷомаи маро бибаред ва бар рӯи падарам андозед то бино гардад. Ва ҳамаи касони худро назди ман биёваред»

    Verse 94

    Чун корвон ба роҳ афтод, падарашон гуфт: «Агар маро девона нахонед, бӯи Юсуф ҳис мекунам»

    Verse 95

    Гуфтанд: «Ба Худо савганд, ки ту дар ҳамон гумроҳии деринан худ ҳастӣ!»

    Verse 96

    Чун муждадиҳанда омад ва ҷома бар рӯи ӯ андохт, бино гашт. Гуфт: «Оё нагуфтаматон, ки он чӣ ман аз Худо медонам, шумо намедонед?»

    Verse 97

    Гуфтанд: «Эй падар, барои гуноҳони мо омурзиш бихоҳ, ки мо хатокор будаем»

    Verse 98

    Гуфт; «Аз Парвардигорам барои шумо бахшоиш хоҳам хост, Ӯ бахшояндаву меҳрубон аст!»

    Verse 99

    Чун бар Юсуф дохил шуданд, падару модарро ба оғӯш кашиду гуфт: «Ба Миср дароед, ки агар Худо бихоҳад, дар амон хоҳед буд!»

    Verse 100

    Падару модарро бар тахт баровард ва ҳама дар баробари ӯ ба саҷда даромаданд. Гуфт: «Эй падар, ин аст таъбири он хоби ман, ки инак Парвардигорам онро рост баровард. Ва чӣ қадар ба ман некӣ кардааст, он гоҳ, ки маро аз зиндон бираҳонид ва пас аз он, ки шайтон миёни ману бародаронам фасод карда буд, шуморо аз бодия ба ин ҷо овард. Парвардигори ман ба ҳар чӣ ирода кунад, дақиқ аст, ки Ӯ донову ҳаким аст

    Verse 101

    Эй Парвардигори ман, маро фармонравоӣ додӣ ва маро илми таъбири хоб омӯхтӣ. Эй офаринандаи осмонҳову замин, ту дар дунёву охират корсози мани. Маро мусалмон бимирон ва қарини шоистагон соз!»

    Verse 102

    Инҳо хабарҳои ғайб аст, ки ба ту ваҳй мекунем. Ва он ҳангом, ки бо якдигар гирд омада буданд ва машварат мекарданд ва хила месохтанд, ту назди онҳо набудӣ

    Verse 103

    Ҳарчанд ту ба имонашон ҳарис бошӣ, бештари мардум имон намеоваранд

    Verse 104

    Ва ту дар муқобили паёмбарият аз онҳо музде наметалабӣ ва ин китоб ҷуз панде барои мардуми ҷаҳон нест

    Verse 105

    Чӣ бисёр нишонаҳое дар осмонҳову замин аст, ки бар он мегузаранд ва аз он рӯй барметобанд

    Verse 106

    Ва бештарашон ба Худо имон наёваранд, балки ҳамчунон мушриканд

    Verse 107

    Оё пиндоранд, ки эминӣ ёфтаанд аз ин, ки уқубате умумӣ аз азоби Худо онҳоро фурӯ гирад ё қиёмат ба ногоҳ фаро расад, бе он ки хабардор шаванд

    Verse 108

    Бигӯ: «Ин роҳи ман аст. Ману пайравонам ҳамагонро бо далелу ҳуҷҷат ба сӯи Худо мехонем. Пок аст Худо ва ман аз мушрикон нестам!»

    Verse 109

    Ва Мо пеш аз ту ба пайғамбарӣ нафиристодем магар мардонеро аз мардуми деҳаҳо, ки ба онҳоваҳй мекардем. Оё дар рӯи замин намегарданд, то бингаранд, ки поёни кори пешиниёнашон чӣ будааст? Ва олами охират парҳезгоронро беҳтар аст, чаро намеандешед

    Verse 110

    Чун паёмбарон навмед шуданд ва чунон донистанд, ки онҳоро дурӯғ мебароранд, ёриашон кардем ва ҳар киро, ки хостем, наҷот додем ва азоби Мо аз мардуми гунаҳкор бозгардонида нашавад

    Verse 111

    Дар достонҳояшон хирадмандонро ибратест. Ин достоне сохта нест, балки тасдиқи сухани пешиннён ва тафсили ҳар чизест барои онҳо, ки имон овардаанд, ҳидоят асту раҳмат