Back to Languages

Tajik - Chapter 13 - Ar-Rad

Translation by Abdolmohammad Ayati — Permalink

Verse 1 — Surah Ar-Rad 13:1

Алиф, лом, мим, ро. Инҳо оёти ин китоб аст ва он чӣ аз Парвардигорат бар ту нозил шудааст, ҳақ аст, вале бештари мардум имон намеоваранд

Verse 2 — Surah Ar-Rad 13:2

Оллоҳ — ҳамон Худовандест, ки осмонҳоро бе ҳеҷ сутуне, ки онро бубинед, барафрошт. Сипас ба арш пардохт ва офтобу моҳро, ки ҳар як то замоне муайян дар сайранд, ром кард. Корҳоро мегардонад ва оётро баён мекунад, бошад, ки ба дидори Парвардигоратон яқин кунед

Verse 3 — Surah Ar-Rad 13:3

Ӯст, ки заминро бигустурд ва дар он кӯҳхову рудҳо қарор дод ва аз ҳар мева ҷуфт-ҷуфт падид овард ва шабро дар рӯз мепӯшонад. Дар инҳо ибратҳост барои мардуме, ки меандешанд

Verse 4 — Surah Ar-Rad 13:4

Ва бар рӯи замин қитъаҳоест дар канори якдигар ва боғҳои ангуру кнштзорҳо ва нахлҳое, ки дутана аз як реша руста аст ё яктана аз як реша ва ҳама ба як об сероб мешаванд ва дар самара баъзеро дар баъзе дигар бартарӣ ниҳодаем. Албатта дар инҳо барои хирадмандон ибратҳост

Verse 5 — Surah Ar-Rad 13:5

Агар ту дар ҳайрат меоӣ, тааҷҷуб дар сухани онҳо аст, ки оё он ҳангом, ки хок шавем, аз нав моро биёфаринад? Инҳо ба Парвардигорашон имон надоранд, бар гарданҳошон тавқҳо бошад ва аҳли ҷаҳаннаманд ва дар он ҷовидонаанд

Verse 6 — Surah Ar-Rad 13:6

Ба шитоб аз ту пеш аз хайру бахшоиш азоб металабанд. Пеш аз онҳо азобҳое будааст ва Парвардигори ту мардумро, бо он ки ситам кардаанд, мебахшад ва низ Парвардигори ту ба сахтӣ уқубат мекунад

Verse 7 — Surah Ar-Rad 13:7

Кофирон мегӯянд: «Чаро аз ҷониби Парвардигораш муъҷизае бар ӯ нозил намешавад?» Ҷуз ин нест, ки ту бимдиҳандае ҳастӣ ва ҳар қавмеро роҳнамоест

Verse 8 — Surah Ar-Rad 13:8

Худо медонад, ки ҳар зане чӣ дар раҳм дорад ва он чӣ раҳмҳо коҳад ва он чӣ раҳмҳо афзояд. Ва ҳар чизро дар назди Ӯ миқдоре муъайян аст

Verse 9 — Surah Ar-Rad 13:9

Донои ниҳону ошкор — он Худом бузурги баландмартаба

Verse 10 — Surah Ar-Rad 13:10

Барои Ӯ яксон аст аз шумо ҳар кӣ сухан ба пинҳон гӯяд ё ба ошкоро. Ва он ки дар пардаи шаб пинҳон мешавад ва он ки дар рӯз ба ошкоро меравад

Verse 11 — Surah Ar-Rad 13:11

Одамиро фариштагонест, ки паёпай ба амри Худо аз рӯбарӯву пушти сараш меоянд ва нигаҳбонияш мекунанд. Худо чизеро, ки аз они мардумест, дигаргун накунад, то он мардум худ дигаргун шаванд. Чун Худо барои мардуме бадӣ хоҳад, ҳеҷ чиз монеъи Ӯ натавонад шуд ва онҳоро ғайри Худо ҳеҷ корсозе нест

Verse 12 — Surah Ar-Rad 13:12

Ӯст, ки барқро гоҳ барои тарсонидан ва гоҳ барои умед бахшидан ба шумо менамоёнад ва абрҳои гаронборро падид меоварад

Verse 13 — Surah Ar-Rad 13:13

Раъд ба ситоиши Ӯ ва фариштагон аз бими Ӯ тасбеҳ мекунанд. Ва оташакҳоро мефиристад ва ҳар киро бихоҳад, ба он осеб мерасонад. Боз ҳам дар бораи Худо баҳсу ҷидол мекунанд. Ва Ӯ ба сахтӣ уқубат мекунад

Verse 14 — Surah Ar-Rad 13:14

Хоси Ӯст дуову илтиҷои ростин. Онҳо, ки ҷуз Ӯро илтиҷо мекунанд, ҳеҷ посухашон намегӯянд. Монанди касе, ки ду даст ба сӯи об барад то об ба даҳон расонад ва натавонад, ки об ба даҳон расонад. Ва дуъои кофирон ҷуз ба гумроҳӣ нест

Verse 15 — Surah Ar-Rad 13:15

Хоҳу нохоҳ барои Худованд саҷда мекунанд ҳамаи онҳо, ки дар осмонҳову заминанд ва сояҳояшон низ бомдодону шомгоҳон ба саҷда меоянд. (Саҷда)

Verse 16 — Surah Ar-Rad 13:16

Бигӯ: «Кист Парвардигори осмонҳову замин?» Бигӯ: «Оллоҳ». Бигӯ; «Оё ғайри Ӯ худоёне гирифтаед, ки қодир ба суду зиёни худ нестанд? Бигӯ: «Оё нобинову бино баробаранд? Ё торикиву равшанӣ яксонанд? Ё шариконе, ки барои Худо қоил шудаанд, чизҳое офаридаанд, монанди он чӣ Худо офаридааст ва онон дар бораи офариниш ба иштибоҳ афтодаанд?» Бигӯ: «Оллоҳ офаринандаи ҳар чизест ва Ӯ ягонаву қаҳҳор аст!»

Verse 17 — Surah Ar-Rad 13:17

Аз осмон об фиристод ва ҳар як ҷӯйе ба андозаи худ ҷорӣ шуд ва оби равон каф (к) бар сар овард. Ва аз он чӣ бар оташ мегудозанд, то зевару матоъе созанд, низ кафке бар сар ояд. Худо барои ҳаққу ботил чунин масал занад, Аммо кафк ба каноре афтад ва нобуд шавад ва он чӣ барои мардум судманд аст, дар замин пойдор бимонад. Худо инчунин мисол меорад

Verse 18 — Surah Ar-Rad 13:18

Барои онон, ки даъвати парвардигорашонро қабул карданд, мукофоти некӯест. Ва касоне, ки даъвати Ӯро қабул накарданд, агар ҳар он чиро, ки бар рӯи замин аст ва монанди онро дошта бошанд, онро фидо диҳанд, онон ба сахтӣ бозхост хоҳанд шуд ва маконашон ҷаҳаннам аст ва бад ҷойгоҳест

Verse 19 — Surah Ar-Rad 13:19

Оё касе, ки медонад он чӣ аз ҷониби Парвардигорат бар ту нозил шуда ҳақ аст монанди кассет, ки нобиност? Танҳо хирадмандон панд мегиранд

Verse 20 — Surah Ar-Rad 13:20

касоне, ки ба аҳди Худо вафо мекунанд ва худ паймон намешикананд

Verse 21 — Surah Ar-Rad 13:21

онон, ки он чиро Худо ба пайвастани он фармон дода, пайванд мекунанд ва аз Парвардигорашон метарсанд ва аз сахтии ҳисоби Худованд бимноканд

Verse 22 — Surah Ar-Rad 13:22

онон, ки ба талаби савоби Парвардигори худ сабр пеша карданд ва намоз гузориданд ва дар ниҳону ошкор аз он чӣ ба онҳо рӯзӣ додаем, хайр карданд ва бадиро бо некӣ бармегардонанд. Оқибати неки охират аз онҳост

Verse 23 — Surah Ar-Rad 13:23

Биҳиштҳои ҷовидон онҳо ва ҳар ки некӯкор будааст аз падарону ҳамсарон ва фарзандонашон, бадон дохил шаванд ва фариштагон аз ҳар дар ба наздашон оянд

Verse 24 — Surah Ar-Rad 13:24

Салом бар шумо ба хотири он ҳама сабре, ки кардаед. Сарои охират чӣ сарое некӯст

Verse 25 — Surah Ar-Rad 13:25

Ва онҳо, ки паймони Худоро пас аз бастанаш мешикананд ва он чиро, ки Худо ба пайвастани он фармон дода, қатъ мекунанд ва дар замин фасод мекунанд, лаънат бар онҳост ва бадиҳои он ҷаҳон насибашон

Verse 26 — Surah Ar-Rad 13:26

Худо ҳар киро хоҳад, рӯзии бисёр диҳад ё рӯзии андак. Ва мардум ба зиндагии дунё хушнуданд, ҳол он ки зиндагии дунё дар баробари зиндагии охират ҷуз андак матоъе нест

Verse 27 — Surah Ar-Rad 13:27

Кофирон мегӯянд: «Чаро аз ҷониби Парвардигораш мӯъҷизае бар ӯ нозил намешавад?» Бигӯ: «Худо ҳар киро бихоҳад, гумроҳ мекунад. Ва ҳар киро ба даргоҳи Ӯ рӯй кунад, ҳидоят мекунад»

Verse 28 — Surah Ar-Rad 13:28

Онҳое, ки имон овардаанд ва дилҳояшон ба ёди Худо оромиш меёбад, огоҳ бошед, ки дилҳо ба ёди Худо оромиш меёбад

Verse 29 — Surah Ar-Rad 13:29

Зиндагии хуш ва бозгаштангоҳи некӯ аз они касонест, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд

Verse 30 — Surah Ar-Rad 13:30

Ҳамчунин туро ба миёни уммате, ки пеш аз онхо умматҳои дигар будаанд, ба пайғамбарӣ фиристодаем, то он чиро, ки бар ту ваҳй кардаем, барояшон тиловат кунӣ ва онҳо ба Раҳмон кофир мешаванд. Бигӯ: «Ӯ Парвардигори ман аст. Худое ҷуз Ӯ нест. Бар Ӯ таваккал кардаам ва тавбаи ман ба даргоҳи Ӯст!»

Verse 31 — Surah Ar-Rad 13:31

Агар Қуръоне тавонист буд, ки куҳҳо ба он ба ҷунбиш оянд ё замин пора-пора шавад, ё мурдагонро ба сухан орад, ҷуз ин Қуръон намебуд, ки ҳамаи корҳо аз они Худост. Оё мӯъминон ҳанӯз надонистаанд, ки агар Худо мехост, ҳамаи мардумро ҳидоят мекард? Ва кофиронро пайваста ба сабаби амалҳояшон ҳодисае расад ё он ҳодиса дар наздикии хонаҳояшон фурӯд ояд, то он гоҳ, ки ваъдаи Худо ояд, зеро Худо хилофи ваъда намекунад

Verse 32 — Surah Ar-Rad 13:32

Паёмбароне ҳам, ки пеш аз ту буданд, ба масхара гирифта шуданд. Ман ба кофирон мӯҳлат додам, он гоҳ ҳамаро фурӯ гирифтам ва он уқубати ман чӣ сахт буд

Verse 33 — Surah Ar-Rad 13:33

Оё он ки бар ҳамаи мардум ва амалҳояшон нозир аст, монанди бутон аст? Барои Худо шариконе қоил шуданд. Бигӯ: «Онҳоро ном бибаред. Шояд мехоҳед Ӯро аз чизе дар рӯи замин огоҳ кунед, ки намедонад, ё суханони беҳуда мегӯянд?» Дар назари кофирон макрашон ороста омад ва аз роҳи рост бероҳ шуданд. Ва ҳар киро Худо гумроҳ кунад, ҳеҷ роҳнамое надорад

Verse 34 — Surah Ar-Rad 13:34

Дар ин зиндагии дунё ба азобе гирифтор оянд ва азоби охират сахттар аст ва онҳоро ҳеҷ нигаҳдорандае аз азоби Худо нест

Verse 35 — Surah Ar-Rad 13:35

Сифати биҳиште, ки ба парҳезгорон ваъда шуда: об аз зери дарахтонаш равон аст ва меваҳову сояаш ҳамешагист. Ин саранҷоми касонест, ки парҳезгоранд ва саранҷоми кофирон оташ аст

Verse 36 — Surah Ar-Rad 13:36

Аҳли китоб аз он чӣ бар ту нозил шуда, шодмонанд. Ва аз он ҷамоъат касоне ҳастанд, ки баъзе аз онро инкор мекунанд. Бигӯ: «Ман амр шудаам, ки Худои якторо бипарастам ва ба Ӯ ширк наёварам. Ба сӯи Ӯ даъват мекунам ва бозгашти ман ба сӯи Ӯст

Verse 37 — Surah Ar-Rad 13:37

Ҳамчунин Қуръонро ба забони арабӣ нозил кардем. Агар пас аз донише, ки ба ту расида, аз паи хоҳишҳои онҳо биравӣ, дар баробари азоби Худо корсозу нигаҳдорандае нахоҳӣ дошт

Verse 38 — Surah Ar-Rad 13:38

Ба таҳқиқ пеш аз ту паёмбароне фиристодаем ва барояшон ҳамсарону фарзандон қарор додаем. Ва ҳеҷ паёмбареро ҳаққи он набуд, ки ҷуз ба фармони Худо ояте биёварад ва ҳар амреро замоне навишташуда аст

Verse 39 — Surah Ar-Rad 13:39

Худо ҳар чиро бихоҳад, маҳв ё исбот мекунад ва уммулкитоб назди Ӯст

Verse 40 — Surah Ar-Rad 13:40

Агар баъзе аз он чиро ки ба онҳо ваъда кардаем, ба ту нишон диҳем, ё туро пеш аз вақт бимиронем, дар ҳар ҳол он чӣ бар ӯҳдаи туст, таблиғ аст ва он чӣ бар ӯҳдаи мост, ҳисоб кардан

Verse 41 — Surah Ar-Rad 13:41

Оё ҳанӯз надонистаанд, ки мо аз атрофи ин сарзамин кам мекунем ва Худо ҳукм мекунад ва ҳеҷ чиз ҳукми Ӯро рад намекунад ва Ӯ зуд ба ҳисоби ҳама мерасад

Verse 42 — Surah Ar-Rad 13:42

Касоне, ки пеш аз инҳо буданд, макрҳо карданд, вале ҳамаи макрҳо назди Худованд аст. Медонад, ки ҳар касе чӣ мекунад. Ва кофирон ба зудӣ хоҳанд донист, ки некӯии охират аз они кист

Verse 43 — Surah Ar-Rad 13:43

Кофирон мегӯянд, ки ту паёмбар нести. Бигӯ: «Худо ва ҳар кас, ки аз китоб огоҳӣ дошта бошад, ба шоҳидӣ миёни ману шумо кофист