Ӯст, ки заминро бигустурд ва дар он кӯҳхову рудҳо қарор дод ва аз ҳар мева ҷуфт-ҷуфт падид овард ва шабро дар рӯз мепӯшонад. Дар инҳо ибратҳост барои мардуме, ки меандешанд
Ва бар рӯи замин қитъаҳоест дар канори якдигар ва боғҳои ангуру кнштзорҳо ва нахлҳое, ки дутана аз як реша руста аст ё яктана аз як реша ва ҳама ба як об сероб мешаванд ва дар самара баъзеро дар баъзе дигар бартарӣ ниҳодаем. Албатта дар инҳо барои хирадмандон ибратҳост
Агар ту дар ҳайрат меоӣ, тааҷҷуб дар сухани онҳо аст, ки оё он ҳангом, ки хок шавем, аз нав моро биёфаринад? Инҳо ба Парвардигорашон имон надоранд, бар гарданҳошон тавқҳо бошад ва аҳли ҷаҳаннаманд ва дар он ҷовидонаанд
Ба шитоб аз ту пеш аз хайру бахшоиш азоб металабанд. Пеш аз онҳо азобҳое будааст ва Парвардигори ту мардумро, бо он ки ситам кардаанд, мебахшад ва низ Парвардигори ту ба сахтӣ уқубат мекунад
Раъд ба ситоиши Ӯ ва фариштагон аз бими Ӯ тасбеҳ мекунанд. Ва оташакҳоро мефиристад ва ҳар киро бихоҳад, ба он осеб мерасонад. Боз ҳам дар бораи Худо баҳсу ҷидол мекунанд. Ва Ӯ ба сахтӣ уқубат мекунад
Аз осмон об фиристод ва ҳар як ҷӯйе ба андозаи худ ҷорӣ шуд ва оби равон каф (к) бар сар овард. Ва аз он чӣ бар оташ мегудозанд, то зевару матоъе созанд, низ кафке бар сар ояд. Худо барои ҳаққу ботил чунин масал занад, Аммо кафк ба каноре афтад ва нобуд шавад ва он чӣ барои мардум судманд аст, дар замин пойдор бимонад. Худо инчунин мисол меорад
Барои онон, ки даъвати парвардигорашонро қабул карданд, мукофоти некӯест. Ва касоне, ки даъвати Ӯро қабул накарданд, агар ҳар он чиро, ки бар рӯи замин аст ва монанди онро дошта бошанд, онро фидо диҳанд, онон ба сахтӣ бозхост хоҳанд шуд ва маконашон ҷаҳаннам аст ва бад ҷойгоҳест
онон, ки ба талаби савоби Парвардигори худ сабр пеша карданд ва намоз гузориданд ва дар ниҳону ошкор аз он чӣ ба онҳо рӯзӣ додаем, хайр карданд ва бадиро бо некӣ бармегардонанд. Оқибати неки охират аз онҳост
Ва онҳо, ки паймони Худоро пас аз бастанаш мешикананд ва он чиро, ки Худо ба пайвастани он фармон дода, қатъ мекунанд ва дар замин фасод мекунанд, лаънат бар онҳост ва бадиҳои он ҷаҳон насибашон
Аҳли китоб аз он чӣ бар ту нозил шуда, шодмонанд. Ва аз он ҷамоъат касоне ҳастанд, ки баъзе аз онро инкор мекунанд. Бигӯ: «Ман амр шудаам, ки Худои якторо бипарастам ва ба Ӯ ширк наёварам. Ба сӯи Ӯ даъват мекунам ва бозгашти ман ба сӯи Ӯст
Ба таҳқиқ пеш аз ту паёмбароне фиристодаем ва барояшон ҳамсарону фарзандон қарор додаем. Ва ҳеҷ паёмбареро ҳаққи он набуд, ки ҷуз ба фармони Худо ояте биёварад ва ҳар амреро замоне навишташуда аст
Агар баъзе аз он чиро ки ба онҳо ваъда кардаем, ба ту нишон диҳем, ё туро пеш аз вақт бимиронем, дар ҳар ҳол он чӣ бар ӯҳдаи туст, таблиғ аст ва он чӣ бар ӯҳдаи мост, ҳисоб кардан