Back to Languages
Tajik - Chapter 18
Translation by Abdolmohammad Ayati
Verse 1
Сипос Худовандеро, ки бар бандаи худ ин китобро нозил кард ва ҳеҷ каҷиву инҳироф дар он наниҳод
Verse 2
Китобе холӣ аз каҷи. То мардумро аз хашми шадиди худ битарсонад ва мӯъминонро, ки корҳои шоиста мекунанд, хабари хуш диҳад, ки мукофоте некӯ доранд
Verse 3
дар ҳоле ки то абад дар он ҷовидонаанд
Verse 4
Ва касонеро, ки гуфтанд: «Худо фарзанде ихтиёр кард», битарсонад
Verse 5
Не. худ ба он донише доранд ва на падаронашон доштаанд. Чӣ бузург аст сухане, ки аз даҳонашон берун меояд ва дурӯғ мегӯянд
Verse 6
Шояд агар ба ин сухан имон наёваранд, худатро ба хотирашон аз андӯҳ ҳалок созӣ
Verse 7
Мо ҳар чӣ дар рӯи замин аст, зиннати он қарор додем то имтиҳонашон кунем, ки қадомашон ба амал беҳтаранд
Verse 8
Ва низ мо растем, ки рӯи заминро чун биёбоне хушк хоҳем кард
Verse 9
Оё пиндоштаӣ, ки асҳоби каҳф ва рақим аз нишонаҳои аҷибу ғариби Мо будаанд
Verse 10
Он гоҳ ки он ҷавонмардон ба ғорҳо паноҳ бурданд ва гуфтанд: «Эй Парвардигори мо, моро аз сӯи худ раҳмат ато кун ва кори моро ба роҳи рост андоз»
Verse 11
Соле чанд дар он ғор ба хобашон кардем
Verse 12
Сипас бедорашон кардем, то бидонем кадом як аз он ду гурӯҳ ҳисоботи муддати орамиданашонро доштаанд
Verse 13
Мо хабарашонро ба ростӣ барои ту ҳикоят мекунем: онҳо ҷавонмардоне буданд, ки ба Парвардигорашон имон оварда буданд ва Мо низ бар ҳидояташон афзудем
Verse 14
Бар дилҳояшон нерӯ бахшидем. Он гоҳ, ки бархостанд ва гуфтанд: «Парвардигори мо Парвардигори осмонҳову замин аст. Ҷуз Ӯ касеро худо нахонем, ки ҳар гоҳ чунин кунем, сухане сахт куфромез гуфта бошем
Verse 15
Инҳо, ки қавми мо ҳастанд, ба ғайри Ӯ худоёне ихтиёр кардаанд. Чаро барои исботи худоии онҳо далели равшане намеоваранд? Кист ситамкортар аз касе, ки ба Худо дурӯғ мебандад
Verse 16
Агар аз қавми худ канора ҷустаед ва ҷуз Худои якто худои дигареро намепарастед, ба ғор паноҳ баред ва Худо раҳмати худ бар шумо арзонӣ дорад ва неъмататонро дар он муҳайё дорад
Verse 17
Ва хуршедро мебинӣ, ки чун бармеояд, аз ғорашон ба ҷониби рост майл мекунад ва чук ғуруб кунад, онҳоро вогузорад ва ба чап гардад. Ва онон дар саҳнаи ғоранд. Ва ин аз оёти Худост. Ҳар киро Худо ҳидоят кунад, ҳидоят ёфтааст ва ҳар киро гумроҳ созад, ҳаргиз корсозе роҳнамо барои ӯ нахоҳӣ ёфт
Verse 18
Мепиндоштӣ, ки бедоранд, ҳол он ки дар хоб буданд ва Мо ононро ба дасти росту дасти чап мегардонидем ва сагашон бар даргоҳи ғор ду дасти худ дароз карда буд. Агар ба сарашон мерафтӣ, гурезон бозмегаштӣ ва аз онҳо сахт метарсидӣ
Verse 19
Ҳамчунин бедорашон кардем, то бо якдигар гуфтушунид кунанд. Яке аз онҳо пурсид: «Чанд вақт аст, ки орамидаед?» Гуфтанд: «Як рӯз ё порае аз рӯзро орамидаем». Гуфтанд: «Парвардигоратон беҳтар донад, ки чанд вақт орамидаед. Якеро аз худ бо ин пулатон ба шаҳр бифиристед, то бингаред, ки ғизои покиза кадом аст ва бароятон аз он рӯзиятонро биёварад. Ва бояд, ки ба меҳрубонӣ рафтор кунад, то касе ба шумо огоҳӣ наёбад
Verse 20
Зеро агар шуморо биёбанд, сангсор хоҳанд кард ё ба дини худ дароваранд. Ва агар чунин шавад, то абад наҷот нахоҳед ёфт»
Verse 21
Ба ин тарз мардумро ба ҳолашон огоҳ кардем то бидонанд, ки ваъдаи Худо рост аст ва дар қиёмат шубҳае нест. Он гоҳ дар бораи онҳо бо якдигар ба гуфтугӯ пардохтанд ва гуфтанд: «Бар рӯи онҳо биное бисозед, Парвардигорашон ба корашон огоҳтар аст». Ва онон, ки бар холашон огоҳтар шуда буданд, гуфтанд: «На, ин ҷоро масҷиде мекунем»
Verse 22
Хоҳанд гуфт: «Се тан буданд ва чаҳорумашон сагашон буд» ва мегӯянд: «Панҷ тан буданд ва шашуминашон сагашон буд». Тир ба торикӣ мезананд ва мегӯянд: «Ҳафт тан буданд ва ҳаштуминашон сагашон буд». Бигӯ: «Парвардигори ман ба адади онҳо донотар аст ва шумори онҳоро ҷуз андак касон намедонанд». Ва ту дар бораи онҳо ҷуз ба зоҳир муҷодала накун ва аз кас напурс
Verse 23
Ҳаргиз магӯй: «Фардо чунин мекунам»
Verse 24
магар Худованд бихоҳад. Ва чун фаромуш кунӣ, Парвардигоратро ба ёд ор ва бигӯ: «Шояд Парвардигори ман маро аз наздиктарин роҳ ҳидоят кунад»
Verse 25
Ва онон дар ғори худ сесад сол орамиданд ва нуҳ сол ба он афзудаанд
Verse 26
Бигӯ: «Худованд донотар аст, ки чанд сол орамиданд. Ғайби осмонҳову замин аз они Ӯст. Чӣ биносту чӣ шунавост! Ҷуз Ӯ дӯсте надоранд ва касро дар фармони худ шарик насозад»
Verse 27
Аз китоби Парвардигорат ҳар чӣ бар ту ваҳй шудааст, тиловат кун. Сухани Ӯро тағйирдиҳандае нест, Ва ту ғайри Ӯ паноҳгоҳе намеёбӣ
Verse 28
Ва ҳамроҳ бо касоне, ки ҳар субҳу шом Парвардигорашонро мехонанд ва хушнудии Ӯро меҷӯянд, худро ба сабр водор. Ва набояд чашмони ту барои ёфтани зебу зиннатҳои ин зиндагии дунявӣ аз инон як сӯ гардад. Ва аз он, ки дилашро аз зикри худ бехабар сохтаем ва аз паи ҳавои нафси худ меравад ва дар корҳояш исроф меварзад, панравӣ накун
Verse 29
Бигӯ: «Ин сухани ҳақ аз ҷониби Парвардигори шумост. Ҳар кӣ бихоҳад, имон биёварад ва ҳар кӣ бихоҳад, кофир шавад». Мо барои кофирон, оташе, ки лаҳиби (шӯълаи) он ҳамаро дар бар мегирад, омода кардаем ва чун ба истиғоса (додхоҳӣ) об хоҳанд, аз обе чун миси гудохта, ки аз ҳарораташ чеҳраҳо кабоб мешавад, бихӯронандашон, чӣ оби баде ва чӣ оромгоҳе бад
Verse 30
Касоне, ки имон овардаанд ва корҳое шоиста кардаанд, бидонанд, ки Мо мукофоти некӯкоронро барбод намекунем
Verse 31
Барояшон биҳиштҳое ҷовид аст. Аз зери поҳошон наҳрҳо ҷорист. Биҳиштиёнро ба дастбандҳое зар меороянд ва ҷомаҳое сабз аз шоҳии нозуку дебои дурушт мепӯшанд ва дар он ҷо бар тахтҳо такя мезананд. Чӣ мукофоти некӯе ва чӣ оромгоҳи некӯе
Verse 32
Барояшон достони ду мардро баён кун, ки ба яке ду токистон дода будем ва бар гирди онҳо дарахтони хурмо ва дар миёнашон киштзор карда будем
Verse 33
Он ду токистон меваи худро медоданд бе ҳеҷ каму кост. Ва наҳре байни он ду ҷорӣ гардонидем
Verse 34
Ҳосил аз они ӯ буд. Ба дӯсташ, ки бо ӯ гуфтугӯ мекард, гуфт; «Ман ба мол аз ту бештар ва ба нафар пирӯзтарам»
Verse 35
Ва он мард ситам бар хештан карда ба боғи худ даромад ва гуфт: «Напиндорам, ки ин бор ҳаргиз аз миён биравад
Verse 36
Ва он мард ситам бар худаш карда ба боғи худ ҳам маро назди Худо баранд, ҷойгоҳе беҳтар аз ин боғ хоҳам ёфт»
Verse 37
Дӯсташ, ки бо ӯ гуфтугӯ мекард, гуфт: «Оё бар он кас, ки туро аз хок ва сипас аз нутфа биёфарид ва марде ростқомат кард, кофир шудаӣ
Verse 38
Вале Ӯ Худои якто, Парвардигори ман аст ва ман ҳеҷ касро шарики Парвардигорам намесозам
Verse 39
Чаро он гоҳ, ки ба боғи худ даромадӣ, нагуфтӣ: «Ҳар чӣ Худованд хоҳад ва ҳеҷ қуввае ғайри қувваи Худо нест?» Агар мебинӣ, ки дороиву фарзанди ман камтар аз ту аст
Verse 40
шояд Парвардигори ман маро чизе беҳтар аз боғи ту диҳад. Шояд бар он боғ соъиқае (офате) бифиристад ва онро ба замине софу лағзанда бадал созад
Verse 41
Ё оби он бар замин фурӯ равад ва ҳаргиз ба ёфтани он қудрат наёбӣ
Verse 42
Ба самарааш офат расид ва бомдодон дасти пушаймонӣ бар даст месоид, ки чӣ ҳарче карда буд ва акнун ҳамаи биноҳояш фурӯ рехта аст. Ва мегӯяд;. «Эй кош, касеро шарики Парвардигорам насохта будам!»
Verse 43
Ғайри Худо гурӯҳе, ки ба ёриаш бархезанд, набуд ва худи ӯ қудрат надошт
Verse 44
Он ҷо ёрӣ кардан Хулон ҳақро сазовор. Мукофоти Ӯ беҳтар ва саранҷомаш некӯтар аст
Verse 45
Барояшон зиндагии дунёро мисол ор» ки чун боронест, ки аз осмон биборад ва бо он гиёҳони гуногун ба фаровонӣ бирӯяд. Ногоҳ хушк шавад ва бод ба ҳар сӯ парокандааш созад ва Худо бар ҳар коре тавоност
Verse 46
Дороиву фарзанд зебу зиннатҳои ин зиндагонии дунёст ва кирдорҳои нек, ки ҷовидон бар ҷой мемонанд, назди Парвардигорат беҳтар ва умед бастан ба онҳо некӯтар аст
Verse 47
Рӯзе, ки кӯҳҳоро ба роҳ меандозем ва заминро бинӣ, ки ҳар чӣ андарун дорад, берун афкандааст ва ҳамаро барои ҳисоб гирд меоварем ва як тан аз онҳоро ҳам раҳо намекунем
Verse 48
Ҳама дар як саф ба Парвардигорат арза мешаванд. Акнун назди Мо омадед, ҳамчунон ки нахустин бор шуморо биёфаридем. Оё мепиндоштед, ки ҳаргиз бароятон ваъдагоҳе қарор нахоҳем дод
Verse 49
Дафтари аъмол кушода шавад. Гунаҳкоронро бинӣ, ки аз он чӣ дар он омадааст, бимноканд ва мегӯянд: «Вой бар мо, ин чӣ дафтарест, ки ҳеҷ гуноҳи хурду бузургеро ҳисоб ношуда нагузоштааст». Он гоҳ амалҳои худро дар муқобили худ биёбанд ва Парвардигори ту ба касе ситам намекунад
Verse 50
Ва он гоҳ, ки ба фариштагон гуфтем, ки Одамро саҷда кунед, ҳама ғайри Иблис, ки аз ҷин буд ва аз фармони Парвардигораш сар битофт, саҷда карданд. Оё шайтон ва фарзандокашро ба ҷои ман ба дӯстӣ мегиред, ҳол он, ки душмани шумоянд? Золимон бад чизеро ба ҷои Худо интихобиданд
Verse 51
Он гоҳ ки оомонҳову замин ва худашонро меофаридам, аз онҳо ёрӣ нахостам. Зеро Ман гумроҳкунандагонро ба ёрӣ намегирам
Verse 52
Ва рӯзе, ки мегӯяд: «Онҳоеро, ки мепиндоштед шарикони Мананд, ҷеғ занед». Ҷеғ заданд ва шарикон ҷавоб надиҳанд. Он гоҳ ҳалокатгоҳро миёнашон қарор диҳем
Verse 53
З Чун гунаҳкорон оташро бубинанд, бидонанд, ки дар он хоҳанд афтод ва роҳи раҳоӣ аз он нест
Verse 54
Дар ин Қуръон барои мардум ҳар гуна достоне баён кардаем, вале одами беш аз ҳама ба ҷадал (хусумат) бармехезад
Verse 55
Мардумонро чун (аз Худо) ҳидоят омад, ҳеҷ чиз аз имон овардану бахшоиш хостан бознадошт, ғайри он, ки мебоист ба суннати пешиниён гирифтори азоб шаванд ё он ки азоби рӯёрӯю ошкоро бар онон фаро расад
Verse 56
Ва Мо паёмбаронро нафиристодем, ҷуз он ки ба мардум мужда диҳанд ё бим. Ва кофирон мехоҳанд бо ҷидоли ботил ҳақро аз миён бибаранд, ва оёту хушдорҳои Маро ба масхара мегиранд
Verse 57
Кист ситамкортар аз он, ки оёти Парвардигорашро барояш бихонанд ва ӯ рӯй гардонад ва корҳое, ки аз пеш карда, фаромӯш кунад? Бар дили онҳо парда афкандем, то оётро дарнаёбанд ва гӯшҳояшонро кар сохтем, ки агар ба роҳи ҳидояташон даъват кунӣ, ҳаргиз роҳ наёбанд
Verse 58
Парвардигорат бахшояндаву меҳрубон аст. Агар мехост, ба сабаби кирдорашон дар ин ҷаҳон бозхосташон кунад, бо шитоб ба азобашон месупурд. Аммо азобро замоне муъайян аст, ки чун фаро расад, паноҳгоҳе наёбанд
Verse 59
Ва он деҳаҳоро, чун кофир шуданд, ба ҳалокат расонидем ва барои ҳалокаташон ваъдае ниҳодем
Verse 60
Ва Мӯсо ба шогирди худ гуфт: «Ман ҳамчунон хоҳам рафт то он ҷо, ки ду дарё ба ҳам расидаанд. Ё мерасам ё умрам ба сар меояд»
Verse 61
Чун он ду ба он ҷо, ки ду дарё ба ҳам расида буданд, расиданд, моҳияшонро фаромӯш карданд ва моҳӣ роҳи дарё гирифт ва дар об шуд
Verse 62
Чун аз он ҷо гузаштанд, ба шогирди худ гуфт: «Хӯроки чоштамонро биёвар, ки дар ин сафарамон ранҷи фаровон дидаем»
Verse 63
Гуфт: «Оё ба ёд дорӣ он гоҳро, ки дар канори санг макон гирифта будем? Ман моҳиро фаромӯш кардаам. Ва ин шайтон буд, ки сабаб шуд фаромӯ шаш кунам ва моҳӣ ба тариқи тааҷҷубовар ба дарё рафт»
Verse 64
Гуфт: «Он ҷо ҳамон ҷоест, ки дар талабаш будаем». Ва ба пайи қадамҳои худ ҷустуҷӯкунон бозгаштанд
Verse 65
Дар он ҷо бандае аз бандагони Моро, ки раҳмати худ ба ӯ арзонӣ дошта будем ва худ ба ӯ дониш омӯхта будем, биёфтанд
Verse 66
Мӯсо гуфташ; «Оё бо ту биёям то аз он ҳидояте ки ба ту омӯхтаанд, ба ман биёмӯзӣ?»
Verse 67
Гуфт: «Туро сабри ҳамроҳӣ бо ман нест
Verse 68
Ва чи гуна дар баробари чизе, ки ба он огоҳӣ Наёфтаӣ, сабр хоҳӣ кард?»
Verse 69
Гуфт: «Агар Худо бихоҳад, маро собир хоҳӣ ёфт, он чунон ки дар ҳеҷ коре туро нофармонӣ накунам»
Verse 70
Гуфт: «Агар аз паи ман меой, набояд, ки аз ман чизе бипурсӣ, то ман худ туро аз он огоҳ кунам»
Verse 71
Пас ба роҳ афтоданд, то ба киштӣ савор шуданд. Киштиро сӯрох кард. Гуфт: «Киштиро сӯрох мекунӣ, то мардумашро ғарқ созӣ? Коре, ки мекунӣ, коре сахт бузург ва зишт аст!»
Verse 72
Гуфт: «Нагуфтам. ки туро сабри ҳамроҳӣ бо ман нест?»
Verse 73
Гуфт: «Агар фаромӯш кардаам, маро бозхост макун ва ба ин андоза бар ман сахт магир»
Verse 74
Ва рафтанд, то ба писаре расиданд, ӯро кушт. Мӯсо гуфт: «Оё ҷони покеро, бе он ки қатле карда бошад, мекушӣ? Содиркунандаи коре зишт гардидӣ»
Verse 75
Гуфт: «Нагуфтам, ки туро сабри ҳамроҳӣ бо ман нест?»
Verse 76
Гуфт: «Агар аз ин пас аз ту чизе бипурсам, бо ман ҳамроҳӣ макун, ки аз ҷониби ман маъзур бошӣ»
Verse 77
Пас бирафтанд, то ба деҳе расиданд. Аз мардуми он деҳ таъоме хостанд. Аз мизбониашон сар бартофтанд. Он ҷо деворе диданд, ки наздик буд фурӯ резад. Деворро рост кард. Мӯсо гуфт: «Кош дар баробари ин кор музде мехостӣ»
Verse 78
Гуфт: «Акнун замени ҷудоӣ миёни ману туст ва туро аз сирри он корҳо, ки таҳаммулашонро надоштӣ, огоҳ мекунам
Verse 79
Аммо он киштӣ аз они бенавоёне буд, ки дар даре кор мекарданд. Хостам маъюбаш кунам, зеро дар он сӯтарашон подшоҳе буд, ки киштиҳоро ба зурӣ мегирифт
Verse 80
Аммо он писар падару модараш мӯъмин буданд. Тарсидем, ки он дуро ба исёну куфр андозад
Verse 81
Хостем то дар ивази ӯ Парвардигорашон чизе насибашон созад ба покӣ беҳтар аз ӯ ва ба меҳрубонӣ наздиктар аз ӯ
Verse 82
Аммо девор аз они ду писари ятим аз мардуми ин шаҳр буд, дар зераш ганҷе буд аз они писарон. Падарашон марде солеҳ буд, Парвардигори ту мехост он ду ба ҳадди булуғ расанд ва ганҷи худро берун оранд. Ва ман ин корро ба майли худ накардам. Раҳмати Парвардигорат буд. Ин аст сирри он сухан, ки гуфтам: «Туро сабри он нест»
Verse 83
Ва аз ту дар бораи Зулқарнайн мепурсанд. Бигӯ: «Бар эй шумо аз ӯ чизе мехонам»
Verse 84
Мо ӯро дар замин қудрат додем ва роҳи расидан ба ҳар чизеро ба ӯ нишон додем
Verse 85
Ӯ низ, ба он роҳ раҳсипор шуд
Verse 86
То ба ғурубгоҳи хуршед расид. Дид, ки дар чашмае гилолуду сиёҳ ғуруб мекунад ва дар он ҷо мардуме ёфт. Гуфтем: «Эй Зулқарнайн, мехоҳӣ уқубаташон кун ва мехоҳӣ бо онҳо ба некӣ рафтор кун»
Verse 87
Гуфт: «Аммо ҳар кас, ки ситам кунад, мо уқубаташ хоҳем кард. Он гоҳ ӯро назди Парвардигораш мебаранд, то ӯ низ ба сахтӣ азобаш кунад
Verse 88
Ва аммо ҳар кас, ки имон оварад ва коруҳои шоиста кунад, аҷре некӯ дорад. Ва дар бораи ӯ фармонҳои осон хоҳем ронд»
Verse 89
Боз ҳам роҳро пеш гирифт
Verse 90
То ба макони баромадани офтоб расид. Дид бар қавме тулӯъ мекунад, ки ғайр аз партави он барояшон ҳеҷ пӯшише қарор надодаем
Verse 91
Чунин буд. Ва мо бар аҳволи ӯ хабар дорем
Verse 92
Боз ҳам роҳро пеш гирифт
Verse 93
То ба миёни ду кӯҳ расид. Дар паси он ду кӯҳ мардумеро дид, ки гӯӣ ҳеҷ суханеро намефаҳманд
Verse 94
Гуфтанд: «Эй Зулқарнайн, Яъҷуҷу Маъҷуҷ дар замин фасод мекунанд. Мехоҳи хироҷе барои ту муқаррар кунем, то ту миёни мову онҳо деворе бароварӣ?»
Verse 95
Гуфт: «Он чӣ Парвардигори ман маро бад-он тавоноӣ додааст, беҳтар аст. Маро ба нерӯи хеш мадад кунед, то миёни шумову онҳо деворе бароварам
Verse 96
Барои ман тиккаҳои оҳан биёваред». Чун миёни он ду куҳ ҷамъкарда шуд, гуфт: «Бидамед!» То он оҳанро бигудохт. Ва гуфт: «Миси гудохта биёваред, то бар он резам»
Verse 97
На тавонистанд аз он боло раванд ва на дар он сӯрох кунанд
Verse 98
Гуфт: «Ин раҳмате буд аз ҷониби Парвардигори ман ва чун ваъдаи Парвардигори ман даррасад, онро зеру забар кунад ва ваъдаи Парвардигори ман рост аст»
Verse 99
Ва дар он рӯз вогузорем, то мардум чун мавҷ равон гарданд ва чун дар сур дамида шавад, ҳамаро як ҷо гирд оварем
Verse 100
Ва дар он рӯз ҷаҳаннамро ба кофирон, чунон ки бояд, нишон хоҳем дод
Verse 101
Он касон, ки дидагонашон аз ёди ман дар парда буда ва тавони шунидак надоштаанд
Verse 102
Оё кофирон пиндоранд, ки ба ҷои Ман бандагони Маро ба худоӣ гиранд? Мо ҷаҳаннамро омода сохтаем то манзилгоҳи кофирон бошад
Verse 103
Бигӯ: «Оё шуморо огоҳ кунем, ки кирдори чӣ касоне беш аз ҳама зиёнкунандатар буд
Verse 104
Онҳое, ки кӯшиданашон дар зиндагии дунё табоҳ шуд ва мепиндоштанд коре некӯ мекунанд
Verse 105
Онон ба оёти Парвардигорашон ва ба мулоқот бо Ӯ имон наёварданд, пас амалҳояшон ночиз шуд ва Мо дар рӯзи қиёмат барояшон вазне қоил нестем
Verse 106
Ҳамчунин ҷазои онон ба сабаби куфрашон ва низ ба он сабаб, ки оёту паёмбарони Маро масхара мекарданд, ҷаҳаннам аст
Verse 107
Касоне, ки имон оварданд ва корҳое шоиста карданд, меҳмонсарояшон боғҳои фирдавс аст
Verse 108
Дар он ҷо ҷовидонанд ва ҳаргиз ҳаваси кӯчидан накунанд
Verse 109
Бигӯ: «Агар даре барои навиштани калимоти Парвардигори ман ранг шавад, дарё ба поён мерасад ва калимоти Парвардигори ман ба поён намерасад, ҳарчанд дарёи дигаре ба мадади он биёварем»
Verse 110
Бигӯ; Ман инсоне ҳастам монанди шумо. Ба ман ваҳй мешавад. Албатта Худои шумо худоест якто. Ҳар кас дидори Парвардигори худро умед мебандад, бояд кирдори шоиста дошта бошад ва дар парастиши Парвардигораш ҳеҷ касро шарик насозад»