Back to Languages
Tajik - Chapter 29
Translation by Abdolmohammad Ayati
Verse 1
Алиф, лом, мим
Verse 2
Оё мардум мепиндоранд, ки «Имон овардаем». мегӯянду, бе имтиҳону санҷиш гузошта мешаванд
Verse 3
Албатта мардумеро, ки пеш аз онҳо буданд, озмудем, то Худо касонеро, ки рост гуфтаанд, маълум дорад ва дурӯғгӯёнро ҷудо кунад
Verse 4
Оё онҳое, ки содиркунандаи гуноҳ мешаванд, пиндоштаанд, ки аз Мо мегурезанд? Чӣ бад ҳукм мекунанд
Verse 5
Ҳар кас, ки ба дидори Худо ӯ мед медорад, бидонад, ки ваъдаи Худо омаданист ва Ӯ шунавову доност
Verse 6
Ҳар кӣ чиҳод кунад, ба нафъи худ кардааст, зеро Худо аз ҳамаи ҷаҳониён беэҳтиёҷ аст
Verse 7
Гуноҳони ононро, ки имон оварданд ва корҳои шоиста карданд, нест мекунем ва беҳтар аз он чӣ амал кардаанд, мукофоташон медиҳем
Verse 8
Ба одами супориш кардем, ки ба падару модари худ некӣ кунад. Ва агар он ду бикӯшанд, ки ту чизеро, ки ба он огоҳ нести, шарики Ман қарор диҳӣ, итоъаташон макун. Бозгашти ҳамаи шумо ба сӯи Ман аст ва шуморо ба корҳое, ки мекардаед, огоҳ мекунам
Verse 9
Касонеро, ки имон оварданд ва амалҳои шоиста карданд, дар гурӯҳи солеҳон даровардем
Verse 10
Баъзе аз мардум мегӯянд: «Ба Худо имон овардаем. Ва чун дар роҳи Худо озоре бубинанд, он озорро чун азоби Худо ба шумор меоваранд. Ва чун аз сӯи Парвардигори ту мададе расад, мегӯянд: «Мо низ бо шумо будем». Оё Худо ба он чӣ дар дилҳои мардуми ҷаҳон мегузарад, огоҳтар нест
Verse 11
Албатта, Худо медонад, ки мӯъминон чӣ касонанд ва мунофиқон чӣ касон
Verse 12
Кофирон ба мӯъминон гуфтанд: «Ба роҳи мо биёед, бори гуноҳатон бар гардани мо. Ҳол он ки инҳо бори гуноҳи касеро бар гардан нахоҳанд гирифт ва дурӯғ мегӯянд
Verse 13
Балки бори гуноҳи худ ва борҳое бо бори худ бар гардан хоҳанд гузошт ва дар рӯзи қиёмат ба сабаби дурӯғҳое, ки бар ҳам мебофтаанд, бозхост хоҳанд шуд
Verse 14
Мо Нӯҳро бар мардумаш ба паёмбарӣ фиристодем. Ӯ ҳазор солу панҷоҳ сол кам дар миёни онон бизист. Ва чун мардуме золим буданд, тӯфонашон фурӯ гирифт
Verse 15
Ӯ ва касонеро, ки дар киштӣ буданд, наҷот додем ва он тӯфонро нишони ибрате барои ҷаҳониён гардонидем
Verse 16
Ва низ Иброҳимро ба паёмбарӣ фиристодем, он гоҳ ки ба мардумаш гуфт: «Худои якторо бипарастед ва аз Ӯ битарсед. Ин бароятон беҳтар аст, агар мардуме доно бошед
Verse 17
Шумо ғайри Худои якто бутонеро мепарастед ва дурӯғҳои бузург мепардозед. Онҳое, ки ғайри Худои якто мепарастед, наметавонанд шуморо рузӣ диҳанд. Аз Худои якто рӯзӣ биҷӯед ва Ӯро ибодат кунед ва шукр гӯед, зеро ба сӯи Ӯ бозгардонида мешавед»
Verse 18
Агар шумо такзиб мекунед (дурӯғ мебароред), мардумоне ҳам, ки пеш аз шумо буданд, такзиб мекарданд. Ва бар ӯҳдаи паёмбар ғайри таблиғе равшангар чизи дигаре нест
Verse 19
Оё намебинанд, ки Худо чӣ гуна махлуқро меофаринад ва пас аз нестӣ бозаш мегардонад? Ин кор бар Худо осон аст
Verse 20
Бигӯ: «Дар замин сайр кунед ва бингаред, ки чӣ гуна Худо мавҷудотро офарида. Сипас офариниши охиринро падид меоварад. Зеро Худованд бар ҳар чизе тавоност
Verse 21
Ҳар киро бихоҳад, азоб мекунад ва бар ҳар кӣ хоҳад, раҳмат меовард ва ҳам ба назди Ӯ бозгардонида мешавед
Verse 22
Шумо наметавонед аз Худо бигурезед, на дар замин ва на дар осмон ва шуморо ғайри Ӯ ҳеҷ корсозу ёваре нест!»
Verse 23
Ва онон, ки ба оёти Худо ва дидори Ӯ имон надоранд, аз раҳмати ман ноумеданд ва онҳоро азобе дардовар аст
Verse 24
Ҷавоби қавми ӯ ин буд, ки гуфтанд: «Ӯро бикушад ё бисӯзонед». Ва Худояш аз оташ наҷот дод. Ва дар ин барои мӯъминон ибратҳост
Verse 25
Гуфт: «Шумо бутонеро ба ҷои Худои якто ба худоӣ гирифтаед то дар ин зиндагонии дунё миёнатон дӯстӣ бошад, вале дар рӯзи қиёмат мункири якдигар мешавед ва якдигарро лаънат мекунед ва ҷоятон дар оташ аст ва ҳеҷ ёваре надоред
Verse 26
Лут ба Ӯ имон овард ва гуфт: «Ман ба сӯи Парвардигорам муҳоҷират (тарки ватан) мекунам, зеро Ӯ пирӯзманду ҳаким аст!»
Verse 27
Ва Исҳоқу Яъқубро ба ӯ бахшидем ва дар фарзандони ӯ паёмбариву китоб ниҳодем. Ва муздашонро дар дунё додем ва ӯ дар охират аз солеҳон аст
Verse 28
Ва Лутро паёмбарӣ додем. Ба қавми худ гуфт: «Шумо коре зиштро пеша кардаед, ки ҳеҷ як аз мардуми ҷаҳон пеш аз шумо чунин намекардааст
Verse 29
Оё бо мардон меомезед ва роҳзанӣ мекунед ва дар махфили худ корҳои нописанд мекунед?» Ҷавоби қавмаш ин буд, ки гуфтанд: «Агар рост мегӯӣ, азоби Худоро бар сари мо биёвар!»
Verse 30
Гуфт: «Эй Парвардигори ман, маро бар мардуми табахкор (расодкор) нусрат деҳ!»
Verse 31
Чун фиристодагони Мо Иброҳимро мужда оварданд, гуфтанд: «Мо мардуми ин деҳаро ҳалок хоҳем кард, ки мардуме золим ҳастанд»
Verse 32
Гуфт: «Лут дар он ҷост». Гуфтанд: «Мо беҳтар медонем, чӣ касе дар он ҷост. Ӯ ва хонадонашро, ғайри занашро, ки дар ҳамон ҷо хоҳад монд, наҷот медиҳем»
Verse 33
Чун фиристодагони Мо назди Лут омаданд, ғамгин шуд ва дар ғами корашон бимонд. Гуфтанд: «Матарс ва ғамгии мабош, туву хонадонатро, ғайри занатро, ки дар ҳамон ҷо хоҳад монд, наҷот медиҳем
Verse 34
Мо ба мардуми ин деҳа ба сабаби фисқе, ки мекунанд, аз осмон азоб нозил мекунем»
Verse 35
Албатта аз он деҳа барои хирадмандон ибрате равшан бар ҷой гузоштем
Verse 36
Ва бародарашон Шуъайбро ба Мадян фиристодем. Гуфт: «Эй қавми ман, Худоро бипарастед ва ба рӯзи қиёмат умедвор бошед ва дар замин ба табаҳкорӣ макӯшед
Verse 37
Пас такзибаш карданд (дурӯғаш бароварданд) да зилзила ононро фурӯ гирифт ва дар хонаҳои худ бар ҷой мурданд
Verse 38
Ва Оду Самудро ҳалок кардем. Ва ин аз масканҳояшон бароятон ошкор аст. Шайтон корҳояшонро дар назарашон биёрост ва ононро аз роҳ боздошт. Ва ҳол он ки мардуме соҳиби ақлу хуш буданд
Verse 39
Ва низ Қоруну Фиръавн ва Ҳомонро, ки Мӯсо бо далелҳои равшани худ назди онҳо омад. Онҳо дар замин саркашӣ мекарданд, вале натавонистанд аз Худо бигурезанд
Verse 40
Ҳамаро ба гуноҳашон фурӯ гирифтем: бар баъзе бодҳои регбор фиристодем, баъзеро фарёди сахт фурӯ гирифт, баъзеро дар замин фурӯ бурдем, баъзеро ғарқ сохтем. Ва Худо ба онҳо ситам намекард, онҳо худ ба худашон ситам карда буданд
Verse 41
Мисоли онон, ки ғайри Худоро авлиё гирифтанд, мисли анкабут (тортанак) аст, ки хонае бисохт. Ва кош медонистанд, албатта сусттарин хонаҳо хонаи анкабут аст
Verse 42
Худой якто медрнад, ки чӣ чизҳоро ба ҷои Ӯ ба худои мехонанд ва Ӯст ғолибу ҳаким
Verse 43
Ин мисолҳоро барои мардум меорем ва онро фақат доноён дармеёбанд
Verse 44
Худо осмонҳову заминро ба ростӣ биёфарид ва дар ин ибратест барои мӯъминон
Verse 45
Ҳар чиро аз ин китоб бар ту ваҳй шудааст, тиловат кун. Ва намоз бигзор, ки намоз одамиро аз фаҳшову мункар бозмедорад ва зикри Худо бузургтар аст ва Худо ба корҳое, ки мекунед, огоҳ аст
Verse 46
Бо аҳли китоб ба некӯтарин тарзе баҳс кунед. Магар бо онҳо, ки ситам пеша карданд. Ва бигӯед: «Ба он чӣ бар мо нозил шуда ва он чӣ бар шумо нозил шудааст, имон овардем. Ва Худои мову Худои шумо якест ва мо дар баробари Ӯ гардан ниҳодаем»
Verse 47
Ҳамчунон ин китобро бар ту нозил кардем ва аҳли китоб ба он имон меоваранд ва аз инҳо низ касоне ба он имон меоваранд ва ғайри кофирон касе оёти Моро инкор намекунад
Verse 48
Ту пеш аз Қуръон ҳеҷ китоберо намехондӣ ва ба дасти худ китобе наменавиштӣ. Агар чунон буд, аҳли ботил ба шак афтода буданд
Verse 49
Балки Қуръон оётест равшан, ки дар синаи аҳли дониш ҷой дорад. Ва оёти Моро ситамкорон инкор мекунанд
Verse 50
Ва гуфтанд: «Чаро аз ҷониби Парвардигораш оёте бар ӯ нозил намешавад?» Бигӯ: «Оёт дар назди Худост ва ман бимдиҳандае ошкор ҳастам»
Verse 51
Оё онҳоро кифоя нест, ки бар ту китоб фиристодаем ва бар онҳо хонда мешавад. Дар ин китоб барои мӯъминон раҳмату панд аст
Verse 52
Бигӯ: «Худо ба гувоҳӣ миёни ману шумо кофист. Он чиро, ки дар осмонҳову замин аст, медонад. Касоне, ки ба ботил гаравиданд ва ба Худо кофир шуданд, зиёнкоронанд»
Verse 53
Аз ту ба шитоб азобро металабанд. Агар онро замоне муъайян набуд, бар онҳо меомад. Ва ногаҳон ва бе он, ки хабар шаванд, бар онҳо фуруд хоҳад омад
Verse 54
Аз ту ба шитоб азобро металабанд, ҳол он ки ҷаҳаннам бар кофирон иҳота дорад
Verse 55
Рӯзе, ки азоб аз болои сару зери пой онҳоро дар бар гирад ва Худо бигӯяд: «Ба хотири амалҳое, ки мекардед, инак азобро бичашед!»
Verse 56
Эй бандагони ман, ки ба ман имон овардаед, замини ман васеъ аст, пас танҳо Маро бипарастед
Verse 57
Ҳар касе чашандаи таъми марг аст. Ва ба сӯи Мо бозгардонида шавед
Verse 58
Касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, дар ғурфаҳои биҳишт ҷой диҳем. Аз зери он ҷӯйҳои об равон аст. Дар он ҷо ҷовидона бимонанд. Амалкунандагонро чӣ некӯ муздест
Verse 59
онҳо, ки сабр варзиданд ва бар Парвардигорашон таваккал мекунанд
Verse 60
Чӣ бисёр ҷунбандагоне, ки тавони таҳсили рӯзии худ надоранд ва Худо онҳоро ва шуморо рӯзӣ медиҳад. Ва Ӯ шунавову доност
Verse 61
Агар аз онҳо бипурсӣ: «Чӣ касе осмонҳову заминро офарида ва офтобу моҳро ром кардааст?» Хоҳанд гуфт: «Худои якто». Пас аз чӣ сабаб ақида дигаргун мекунанд
Verse 62
Худо рӯзии ҳар як аз бандагонашро, ки бихоҳад, фаровон мекунад ё бар ӯ танг мегирад. Зеро Худо ба ҳама чиз доност
Verse 63
Агар аз онҳо бипурсӣ: «Чӣ касе аз осмон борон фиристод ва замин мурдаро ба он зинда кард?» Хоҳанд гуфт: «Худо якто». Бигӯ; «Шукр Худорост!» Вале бештаринашон дарнамеёбанд
Verse 64
Зиндагонии ин дунё лаҳву лаъаб (бозӣ) аст. Агар бидонанд, ҷахони охират ҷаҳони зиндагонист
Verse 65
Чун ба киштӣ нишастанд, Худоро бо ихлос илтиҷову ибодат кунанд ва чун наҷоташон дод ва ба хушкӣ овард, ширк оваранд
Verse 66
то неъматеро, ки ба онон ато карда будем, куфрон кунанд ва бархурдор шаванд. Ба зуди хоҳанд донист
Verse 67
Оё надонистаанд, ки ҳарамро ҷои амни мардум қарор додем, ҳол он ки мардум дар атрофашон ба асорат гирифта мешаванд? Оё ба ботил имон меоваранд ва неъмати Худоро куфрон мекунанд
Verse 68
Пас кист ситамкортар аз он, ки бар Худо дурӯғ мебандад ё ба ҳангоме ки ҳақ ба сӯи ӯ ояд, такзибаш мекунад (дурӯғ мешуморад)? Оё дар ҷаҳаннам ҷойгоҳе барои кофирон нест
Verse 69
Касонеро, ки дар роҳи Мо ҷиҳод кунанд, ба роҳҳои худ ҳидояташон мекунем ва Худо бо некӯкорон аст