Ситоиш аз они Худованд аст, офаринандаи осмонҳову замин, он ки фариштагонро расулон гардонид. Фариштагоне, ки болҳое доранд, ду-ду ва сесе ва чаҳор-чаҳор. Дар офариниш ҳар чӣ бихоҳад, меафзояд, зеро Худо бар ҳар коре тавоност
Худост, ки бодҳоро фиристод то абрҳоро биронанд. Ва Мо онҳоро ба сарзаминҳои мурда меронем ва замини мурдаро ба он зинда мекунем. Зинда гаштан дар рӯзи қиёмат низ чунин аст
Ҳар кӣ хоҳони иззат аст, бидонад, ки иззат ҳамагӣ аз они Худост. Сухани хушу пок ба сӯи Ӯ боло меравад ва кирдори нек аст, ки онро боло мебарад. Ва барои онон, ки аз рӯи макр фасодкорӣ мекунанд, азобест сахт ва макрашон низ аз миён биравад
Худо шуморо аз хок ва сипас аз нутфа биёфарид. Он гоҳ ҷуфтҳои якдигаратон қарор дод. Ҳеҷ зане ҳомиладор намешавад ва намезояд магар ба илми Ӯ. Ва умри ҳар солхурдае ба дарозо кашад ва аз умри касе кам гардад, албатта ҳама дар китобе навишта шудааст. Ва ин корҳо бар Худо осон аст
Ин ду дарё яксон нестанд: яке обаш ширину гуворост ва яке шӯру талх. Аз ҳар ду гушти тоза мехӯред ва аз онҳо чизҳое барои ороиши тани худ берун мекашед. Ва мебинӣ киштиҳоро, ки обро мешикофанд, то шумо аз фазли Худо рӯзӣ талабед ва шояд, ки шукргузор бошед
Ва агар онҳоро бихонед, садоятонро намешунаванд ва агар бишнаванд, посухатон нагӯянд. Ва дар рӯзи қиёмат ширк оварданатонро инкор кунанд ва кас ҳамонанди Худои огоҳ хабардорат насозад
Ҳеҷ кас бори гуноҳи дигареро бар дӯш накашад. Ва агар гаронборе касеро ба бардоштани бори худ фарёд кунад, ҳарчанд хешованди ӯ бошад, аз бардоштани он рӯй гардонад. Ту фақат касонеро метарсонӣ, ки аз Парвардигорашон нодида бимноканд ва намоз мегузоранд. Ва ҳар кӣ пок шавад, барои худ пок шуда. Ва бозгашти ҳама ба сӯӣ Худост
Агар туро дурӯғ бароранд, касоне ҳам, ки пеш аз инҳо будаанд, паёмбаронашонро, ки бо мӯъҷизот ва бо навиштаҳо ва китоби равшаноибахш ба миёнашон омада буданд, дурӯғ баровардаанд
Оё надидаӣ, ки Худо аз осмон борон фиристод ва бо он меваҳои гуногун рӯёнидем? Ва аз кӯҳҳо роҳҳо падид овардем: сафед ва сурх ва рангоранг ва бағоят сиёҳ
Худо осмонҳову заминро нигаҳ медорад, то аз ҷой беҷо нашаванд ва агар аз ҷой беҷо шаванд, ҳеҷ як аз шумо, ғайри Ӯ, наметавонад онҳоро нигаҳ дорад. Албатта Худо бурдбору бахшоянда аст