Back to Languages

Tajik - Chapter 35 - Fatir

Translation by Abdolmohammad Ayati — Permalink

Verse 1 — Surah Fatir 35:1

Ситоиш аз они Худованд аст, офаринандаи осмонҳову замин, он ки фариштагонро расулон гардонид. Фариштагоне, ки болҳое доранд, ду-ду ва сесе ва чаҳор-чаҳор. Дар офариниш ҳар чӣ бихоҳад, меафзояд, зеро Худо бар ҳар коре тавоност

Verse 2 — Surah Fatir 35:2

Раҳмате, ки Худо бар мардум бикушояд, касе натавонад, ки бозаш дорад. Ва чун чизеро дареғ дорад, кас натавонад, ғайри Ӯ, ки онро фиристад. Ва Ӯст ғолибу ҳаким

Verse 3 — Surah Fatir 35:3

Эй мардум, неъматеро, ки Худо бар шумо ато кардааст, ёд кунед. Оё ҷуз Худо офаринандаи дигаре ҳаёт, ки шуморо аз осмону замин рӯзӣ диҳад? Худое ғайри Ӯ нест, пас чӣ гуна аз ҳақ бероҳатон мекунанд

Verse 4 — Surah Fatir 35:4

Агар туро такзиб (дурӯғ) кардаанд, паёмбаронеро ҳам, ки пеш аз ту будаанд, такзиб кардаанд ва ҳамаи корҳо ба Худо бозгардонда шавад

Verse 5 — Surah Fatir 35:5

Эй мардум ваъдаи Худо ҳақ аст. Зиндагии дунё шуморо нафиребад ва он шайтони фиребанда ба Худо мағруратон нагардонад

Verse 6 — Surah Fatir 35:6

Шайтон душмани шумост. Ӯро душман гиред. Ӯ фармонбарони худро даъват кунад то ҳама аз дузахиён бошанд

Verse 7 — Surah Fatir 35:7

Ва кофиронро азобест сахт ва барои касоне, ки имон овардаанд ва кордон шоиста кардаанд, бахшоиш ва савоби бузургест

Verse 8 — Surah Fatir 35:8

Оё он ки кирдори бадаш дар назараш ороста шуда, чунон ки некӯяш пиндошт, монанди касест, ки чунин нест? Пас Худо ҳар киро хоҳад, гумроҳ мекунад ва ҳар киро хоҳад, ҳидоят мекунад. Набояд, ки ҷони ту ба хотири онҳо дучори андӯҳ, шавад. Зеро Худо ба корҳое, ки мекунанд, огоҳ аст

Verse 9 — Surah Fatir 35:9

Худост, ки бодҳоро фиристод то абрҳоро биронанд. Ва Мо онҳоро ба сарзаминҳои мурда меронем ва замини мурдаро ба он зинда мекунем. Зинда гаштан дар рӯзи қиёмат низ чунин аст

Verse 10 — Surah Fatir 35:10

Ҳар кӣ хоҳони иззат аст, бидонад, ки иззат ҳамагӣ аз они Худост. Сухани хушу пок ба сӯи Ӯ боло меравад ва кирдори нек аст, ки онро боло мебарад. Ва барои онон, ки аз рӯи макр фасодкорӣ мекунанд, азобест сахт ва макрашон низ аз миён биравад

Verse 11 — Surah Fatir 35:11

Худо шуморо аз хок ва сипас аз нутфа биёфарид. Он гоҳ ҷуфтҳои якдигаратон қарор дод. Ҳеҷ зане ҳомиладор намешавад ва намезояд магар ба илми Ӯ. Ва умри ҳар солхурдае ба дарозо кашад ва аз умри касе кам гардад, албатта ҳама дар китобе навишта шудааст. Ва ин корҳо бар Худо осон аст

Verse 12 — Surah Fatir 35:12

Ин ду дарё яксон нестанд: яке обаш ширину гуворост ва яке шӯру талх. Аз ҳар ду гушти тоза мехӯред ва аз онҳо чизҳое барои ороиши тани худ берун мекашед. Ва мебинӣ киштиҳоро, ки обро мешикофанд, то шумо аз фазли Худо рӯзӣ талабед ва шояд, ки шукргузор бошед

Verse 13 — Surah Fatir 35:13

Аз шаб кам мекунаду ба рӯз меафзояд ва аз рӯз кам мекунаду ба шаб меафзояд ва офтобу моҳро ром кард. Ҳар як то замоне муайян дар ҳаракатанд, Ин аст Худо — Парвардигори шумо. Фармонравоӣ аз они Ӯст. Чизҳоеро, ки ғайри Ӯ ба худоӣ мехонед, молики пӯсти миёни донаи хурмое ҳам нестанд

Verse 14 — Surah Fatir 35:14

Ва агар онҳоро бихонед, садоятонро намешунаванд ва агар бишнаванд, посухатон нагӯянд. Ва дар рӯзи қиёмат ширк оварданатонро инкор кунанд ва кас ҳамонанди Худои огоҳ хабардорат насозад

Verse 15 — Surah Fatir 35:15

Эй мардум, ҳамаи шумо ба Худо мӯҳтоҷед. Ӯст беэҳтиёҷу лоиқи ситоиш

Verse 16 — Surah Fatir 35:16

Агар бихоҳад, шуморо аз миён мебарад ва мардуме нав меоварад

Verse 17 — Surah Fatir 35:17

Ва ин кор бар Худо душвор нест

Verse 18 — Surah Fatir 35:18

Ҳеҷ кас бори гуноҳи дигареро бар дӯш накашад. Ва агар гаронборе касеро ба бардоштани бори худ фарёд кунад, ҳарчанд хешованди ӯ бошад, аз бардоштани он рӯй гардонад. Ту фақат касонеро метарсонӣ, ки аз Парвардигорашон нодида бимноканд ва намоз мегузоранд. Ва ҳар кӣ пок шавад, барои худ пок шуда. Ва бозгашти ҳама ба сӯӣ Худост

Verse 19 — Surah Fatir 35:19

Нобинову бино баробар нестанд

Verse 20 — Surah Fatir 35:20

ва торикиву равшанӣ

Verse 21 — Surah Fatir 35:21

ва на сояву ҳарорати офтоб

Verse 22 — Surah Fatir 35:22

Ва зиндагону мурдагон баробар нестанд. Худо ҳар киро хоҳад, мешунавонад. Ва ту наметавонӣ сухани худро ба мурдагоне, ки дар гӯр хуфтаанд, бишнавонӣ

Verse 23 — Surah Fatir 35:23

Ту ҷуз бимдиҳандае нести

Verse 24 — Surah Fatir 35:24

Мо туро ба ҳақ ба пайғамбарӣ фиристодем, то мужда диҳӣ ва бим диҳӣ ва ҳеҷ миллате нест, ки ба миёнашон бимдиҳандае наомада бошад

Verse 25 — Surah Fatir 35:25

Агар туро дурӯғ бароранд, касоне ҳам, ки пеш аз инҳо будаанд, паёмбаронашонро, ки бо мӯъҷизот ва бо навиштаҳо ва китоби равшаноибахш ба миёнашон омада буданд, дурӯғ баровардаанд

Verse 26 — Surah Fatir 35:26

Сипас онҳоеро, ки кофир шуданд, ба ҳалокат гирифтам. Уқубати Ман чӣ гуна буд

Verse 27 — Surah Fatir 35:27

Оё надидаӣ, ки Худо аз осмон борон фиристод ва бо он меваҳои гуногун рӯёнидем? Ва аз кӯҳҳо роҳҳо падид овардем: сафед ва сурх ва рангоранг ва бағоят сиёҳ

Verse 28 — Surah Fatir 35:28

Ҳамчунин аз мардум ва ҷунбандагон ва чаҳорпоёни гуногун. Албатта аз миёни бандаони Худо танҳо донишмандон аз Ӯ метарсанд. Ва Худо ғолибу бахшоянда аст

Verse 29 — Surah Fatir 35:29

Онон, ки китоби Худоро мехонанд ва намоз мегузоранд ва аз он чӣ ба онҳо додаем, пинҳониву ошкоро садақа мекунанд, умедвор ба тиҷорате ҳастанд, ки ҳаргиз зиён намекунад

Verse 30 — Surah Fatir 35:30

Зеро Худо мукофоташонро ба тамомӣ медиҳад ва аз фазли худ чизе бар он меафзояд. Зеро бахшояндаву шукрпазир аст

Verse 31 — Surah Fatir 35:31

Ҳар чӣ аз он китоб ба ту ваҳй кардаем, ҳак, аст, ки китобҳои пеш аз худро тасдиқ мекунад ва Худо бар бандагонаш огоҳу биност

Verse 32 — Surah Fatir 35:32

Сипас китобро ба касоне аз бандагонамон, ки баргузида будем, ба мерос додем. Баъзе бар худ ситам карданд ва баъзе роҳи миёнаро баргузиданд ва баъзе ба фармони Худо дар корҳои нек пешӣ гирифтанд. Ва ин аст бахшоише бузург

Verse 33 — Surah Fatir 35:33

Ба биҳиштҳое, ки ҷойгоҳи ҷовидонаи онҳост, дохил мешаванд. Дар он ҷо ба дастбандаҳои зару марворидашон меороянд ва дар он ҷо ҷомаҳошон аз ҳарир (шоҳӣ) аст

Verse 34 — Surah Fatir 35:34

Ва мегӯянд: «Шукр Худоро, ки андӯҳ аз мо дур кард, зеро Парварднгори мо бахшояндаву шукрпазир аст

Verse 35 — Surah Fatir 35:35

Он Худое, ки моро аз фазли худ ба ин ҷаҳони ҷовидон даровард, ки дар он ҷо на ранҷе ба мо мерасад ва на хастагӣ»

Verse 36 — Surah Fatir 35:36

Ва кофиронро оташи ҷаҳаннам аст, на бимиронандашон ва на аз азобашон кам гардад. Кофиронро чунин ҷазо медиҳем

Verse 37 — Surah Fatir 35:37

Ва аз даруни оташ фарёд зананд: «Эй Парвардигори мо, моро берун ор, то корҳое шоиста кунем, ғайр аз он чӣ мекардем». Оё он қадар шуморо умр надода будем, ки пандгирандагон панд гиранд? Ва шуморо бимдиҳанда омад. Пас бичашед, ки гуноҳкоронро ёридиҳандае нест

Verse 38 — Surah Fatir 35:38

Худо донои ниҳони осмонҳову замин аст ва Ӯ ба он чӣ дар дилҳост, огоҳ аст

Verse 39 — Surah Fatir 35:39

Ӯст, ки шуморо дар рӯи замин ҷонишини пешиниён кард, пас ҳар кас, ки кофирӣ кунад, куфраш бар зиёни ӯст ва куфри кофирон ҷуз бар душмании Парвардигорашон бо онҳо наяфзояд. Низ куфри кофирон фақат ба зиёнашон афзояд

Verse 40 — Surah Fatir 35:40

Бигӯ: «Он шариконеро, ки ба ҷои Худои якто мехондед, дидед? Ба ман бинамоед, ки аз ин замин чӣ чизро офаридаанд? Ё дар офариниши осмон чӣ шарикие доштаанд? Оё бар онҳо китобе фиристодаем, ки онро ҳуҷҷати худ созанд? На, ситамкорон ба якдигар ғайри фиреб ваъдае намедиҳанд»

Verse 41 — Surah Fatir 35:41

Худо осмонҳову заминро нигаҳ медорад, то аз ҷой беҷо нашаванд ва агар аз ҷой беҷо шаванд, ҳеҷ як аз шумо, ғайри Ӯ, наметавонад онҳоро нигаҳ дорад. Албатта Худо бурдбору бахшоянда аст

Verse 42 — Surah Fatir 35:42

Ба Худо қасамҳои сахт хӯрданд, ки агар бимдиҳандае биёяд, беҳтар аз ҳар уммати дигар ҳидоят ёбанд. Вале чун бимдиҳандае омад, бадбинияшон афзуд

Verse 43 — Surah Fatir 35:43

ба саркашӣ дар замин ва найрангҳои бад. Ва ин найрангҳои бад фақат найрангбозонро дар бар гирад. Оё ҷуз суннате, ки бар гузаштагон рафтааст, мунтазири чизи дигаре ҳастанд? Дар суннати Худо ҳеҷ табдиле намеёбӣ ва дар суннати Худо ҳеҷ тағйире намеёбӣ

Verse 44 — Surah Fatir 35:44

Оё дар замин намегарданд, то бубинанд, ки оқибати мардуме, ки пеш аз онҳо будаанд ва нерӯе бештар доштаанд, ба куҷо кашид? Ҳеҷ чиз дар осмонҳову замин нест, ки Худоро нотавон созад. Зеро Ӯ донову тавоност

Verse 45 — Surah Fatir 35:45

Ва агар Худо бихоҳад, мардумро ба сабаби корҳое, ки кардаанд, бозхост кунад, бар рӯи замин ҳеҷ ҷунбандае боқӣ нагузорад, вале онҳоро то замоне муъайян мӯҳлат медиҳад ва чун муддаташон тамом щуд, ба амалҳои бандагони худ огоҳ аст