Back to LanguagesPrevious ChapterNext Chapter
Tajik - Chapter 36 - Ya-Sin
Translation by Abdolmohammad Ayati — Permalink
Verse 1 — Surah Ya-Sin 36:1
Verse 2 — Surah Ya-Sin 36:2
Савганд ба Қуръони ҳикматомез
Verse 3 — Surah Ya-Sin 36:3
ки ту аз паёмбарон ҳастӣ
Verse 4 — Surah Ya-Sin 36:4
бар роҳе рост
Verse 5 — Surah Ya-Sin 36:5
Қуръон аз ҷониби он ғолиби меҳрубон нозил шуда
Verse 6 — Surah Ya-Sin 36:6
то мардумеро бим диҳӣ, ки падаронашон бим дода нашуданд ва дар бехабарӣ буданд
Verse 7 — Surah Ya-Sin 36:7
Азоби Худо барои бештаринашон воҷиб шудааст ва имон намеоваранд
Verse 8 — Surah Ya-Sin 36:8
Ва мо бар гарданҳояшон то манаҳҳо тавқҳо (занҷирҳо) ниҳодем, чунон ки сарҳояшон ба болост ва поин оварда натавонанд
Verse 9 — Surah Ya-Sin 36:9
Дар баробарашон деворе кашидем ва дар пушти сарашон деворе. Ва бар чашмонашон низ пардае афкандем, то натавонанд дид
Verse 10 — Surah Ya-Sin 36:10
Фарқашон накунад, чӣ онҳоро битарсонӣ ва чӣ натарсонӣ, имон намеоваранд
Verse 11 — Surah Ya-Sin 36:11
Танҳо ту касеро метарсонӣ, ки ба Қуръон пайравӣ кунад ва аз Худои раҳмон дар ниҳон битарсад. Чунин касро ба бахшоиш ва музди некӯ хушхабар бидеҳ
Verse 12 — Surah Ya-Sin 36:12
Мо мурдагонро зинда мекунем. Ва ҳар кореро, ки пеш аз ин кардаанд ва ҳар асареро, ки падид овардаанд, менависем ва ҳар чизро дар китоби мубин шумор кардаем
Verse 13 — Surah Ya-Sin 36:13
Достони мардуми он деҳаро бар онҳо биёвар, он гоҳ ки расулон ба он ҷо омаданд
Verse 14 — Surah Ya-Sin 36:14
Нахуст ду танро ба наздашон фиристодем ва дурӯғ бароварданд, пас бо саввуми қувваташон додем ва гуфтанд: «Мо ба сӯи шумо фиристода шудаем»
Verse 15 — Surah Ya-Sin 36:15
Гуфтанд: «Шумо инсонҳое монанди мо ҳастед ва Худои раҳмон ҳеҷ чиз нафиристодааст ва шумо дурӯғ мегӯед»
Verse 16 — Surah Ya-Sin 36:16
Гуфтанд: «Парвардигори мо медонад, ки мо ба сӯи шумо фиристода шудаем
Verse 17 — Surah Ya-Sin 36:17
Ва бар ӯҳдаи мо ғайри паём расонидани ошкоро ҳеҷ чизи дигар нест»
Verse 18 — Surah Ya-Sin 36:18
Гуфтанд: Мо шуморо ба фоли бад гирифтаем. Агар бас накунед, сангсоратон хоҳем кард ва шуморо аз мо шиканҷае сахт хоҳад расид»
Verse 19 — Surah Ya-Sin 36:19
Гуфтанд: «Фоли бади шумо бо худи шумост. Оё агар пандатон диҳанд чунин мегӯед? На, мардуме аз ҳад гузашта ҳастед!»
Verse 20 — Surah Ya-Sin 36:20
Марде аз дурдасти шаҳр давон-давон омаду гуфт: «Эй қавми ман, ба ин расулон пайравӣ кунед
Verse 21 — Surah Ya-Sin 36:21
Ба касоне, ки аз шумо ҳеҷ музде наметалабанд ва худ мардуме ҳидоятёфтаанд, пайравӣ кунед
Verse 22 — Surah Ya-Sin 36:22
Чаро Худоеро, ки маро офаридааст ва ба назди Ӯ бозгардонда мешавед, напарастам
Verse 23 — Surah Ya-Sin 36:23
Оё ғайри Ӯ худоёяеро ихтиёр кунам, ки агар Худои раҳмон бихоҳад ба ман зиёне бирасонад, шафоъаташон маро ҳеҷ суд накунад ва маро халосӣ набахшанд
Verse 24 — Surah Ya-Sin 36:24
Ва дар ин ҳолат ман дар гумроҳии ошкор бошам
Verse 25 — Surah Ya-Sin 36:25
Ман ба Парвардигоратон имон овардам. Сухани маро бишнавед»
Verse 26 — Surah Ya-Sin 36:26
Гуфта шуд: «Ба биҳишт дарой!» Гуфт: «Эй кош, қавми ман медонистанд
Verse 27 — Surah Ya-Sin 36:27
ки Парвардигори ман маро бибахшоид ва дар гурӯҳи гиромишудагон даровард»
Verse 28 — Surah Ya-Sin 36:28
Ва аз он пас бар сари қавми ӯ ҳеҷ лашкаре аз осмон фурӯ нафиристодем. Ва Мо фурӯфиристанда набудем
Verse 29 — Surah Ya-Sin 36:29
Як бонги сахте буд, ки ногоҳ ҳама бар ҷой сард шуданд
Verse 30 — Surah Ya-Sin 36:30
Эй дареғ бар ин бандагон! Ҳеҷ паёмбаре бар онҳо фиристода нашуд, ки масхарааш накарда бошанд
Verse 31 — Surah Ya-Sin 36:31
Оё надидаанд, ки чӣ мардумеро пеш аз онҳо ҳалок кардаем, ки дигар ба наздашон бознамегарданд
Verse 32 — Surah Ya-Sin 36:32
Ва касе немопад, ки назди Мо ҳозираш наоранд
Verse 33 — Surah Ya-Sin 36:33
Нишонаи ибратест бар онҳо замини мурда, ки зиндааш сохтем ва аз он донае, ки аз он мехӯранд, берун овардем
Verse 34 — Surah Ya-Sin 36:34
Ва дар он боғҳое аз дарахтони хурмову токҳо падид овардем ва чашмаҳои равон сохтем
Verse 35 — Surah Ya-Sin 36:35
то аз меваҳои он ва дастранҷи худ бихӯранд. Чаро шукр намегӯянд
Verse 36 — Surah Ya-Sin 36:36
Пок аст он Худое, ки ҳамаи ҷуфтҳоро биёфарид, чӣ аз он чӣ замин мерӯёнад ва чӣ аз худашон ва чӣ он чизҳое, ки намешиносанд
Verse 37 — Surah Ya-Sin 36:37
Шаб низ барояшон ибрате дигар аст, ки рӯзро аз он бармекашем ва ҳама дар торикӣ фурӯ мераванд
Verse 38 — Surah Ya-Sin 36:38
Ва офтоб ба сӯи қароргоҳи худ равон аст. Ин фармони Худои пирӯзманду доност
Verse 39 — Surah Ya-Sin 36:39
Ва барои моҳ манзилҳое андоза кардем, то монанди шохаи хушки хурмо борик шавад
Verse 40 — Surah Ya-Sin 36:40
Офтобро сазовортар нест, ки ба моҳ расад ва шабро сазовор нест, ки бар рӯз пешӣ гирад ва ҳама дар фалаке шиноваранд
Verse 41 — Surah Ya-Sin 36:41
Ибрате дигар барои онҳо, ки падаронашонро дар он киштии пуркардашуда савор кардем
Verse 42 — Surah Ya-Sin 36:42
Ва барояшон монанди киштӣ чизе офаридем, ки бар он савор шаванд
Verse 43 — Surah Ya-Sin 36:43
Ва агар бихоҳем, ҳамаро ғарк, месозем ва онҳоро ҳеҷ фарёдрасе набошад ва халосӣ наёбанд
Verse 44 — Surah Ya-Sin 36:44
ғайри раҳмати Мо ва бархурдорӣ то ҳангоми марг
Verse 45 — Surah Ya-Sin 36:45
Ва он гоҳ ки ба онҳо гуфта шавад, ки аз он чӣ дар пеши рӯй доред ё пушти сар мегузоред, битарсед, шояд бар шумо раҳмат оранд, рӯй бигардонанд
Verse 46 — Surah Ya-Sin 36:46
Ва кадом ояте аз оёти Парвардигорашон бар онҳо нозил шавад, албатта аз он рӯй гардонанд
Verse 47 — Surah Ya-Sin 36:47
Ва чун гуфта шавад, ки аз он чӣ Худо рӯзиятон кардааст, садақа кунед, кофирон ба мӯъминон гуянд: «Оё касонеро таъом диҳем, ки агар Худо мехост, худ онҳоро таъом медод? Шумо дар гумроҳии ошкор ҳастед»
Verse 48 — Surah Ya-Sin 36:48
Ва мегӯянд: «Агар рост мегӯед, ин ваъда кай хоҳад буд?»
Verse 49 — Surah Ya-Sin 36:49
Инҳо интизори як бонги сахтро мебаранд, то ба он ҳангом ки саргарми хусумат ҳастанд, фурӯ гирадашон
Verse 50 — Surah Ya-Sin 36:50
ончунон ки тавони васияте надошта бошанд ва натавонанд назди касони худ бозгарданд
Verse 51 — Surah Ya-Sin 36:51
Ва дар сур дамида шавад ва онон аз қабрҳо берун оянд ва шитобон ба сӯи Парвардигорашон раванд
Verse 52 — Surah Ya-Sin 36:52
Мегӯянд: «Вой бар мо, чӣ касе моро аз хобгоҳҳоямон бархезонд? Ин ҳамон ваъдаи Худои раҳмон аст ва паёмбарон рост гуфта буданд!»
Verse 53 — Surah Ya-Sin 36:53
Фақат як бонги сахт хоҳад буд, ки ҳама назди Мо ҳозир меоянд
Verse 54 — Surah Ya-Sin 36:54
Он рӯз ба кас ситам намешавад. Ва ҷуз монанди коре, кн кардаед, мукофот намебинед
Verse 55 — Surah Ya-Sin 36:55
Биҳиштиён он рӯз ба шодмонӣ машғул бошанд
Verse 56 — Surah Ya-Sin 36:56
Онҳо ва ҳамсаронашон дар сояҳо бар тахтҳо такя задаанд
Verse 57 — Surah Ya-Sin 36:57
Дар он ҷо ҳар мева ва ҳар чизи дигар, ки бихоҳанд, фароҳам аст
Verse 58 — Surah Ya-Sin 36:58
Ва саломе, ки сухани Парвардигори меҳрубон аст
Verse 59 — Surah Ya-Sin 36:59
Эй гуноҳкорон, имрӯз ҷудо шавед (аз мӯъминон)
Verse 60 — Surah Ya-Sin 36:60
Эй фарзандони Одам, оё бо шумо паймон набастам, ки шайтонро напарастед, зеро душмани ошкори шумост
Verse 61 — Surah Ya-Sin 36:61
Ва Маро бипарастед, ки роҳи рост ин аст
Verse 62 — Surah Ya-Sin 36:62
Бисёре аз шуморо гумроҳ кард. Магар ба ақл дарнамеёфтед
Verse 63 — Surah Ya-Sin 36:63
Ин аст он ҷаҳаннаме, ки ба шумо ваъда дода шуда буд
Verse 64 — Surah Ya-Sin 36:64
Ба ҷазои куфратон инак дар он дохил шавед!»
Verse 65 — Surah Ya-Sin 36:65
Имрӯз бар даҳонҳояшон мӯҳр мениҳем. Ва дастҳояшон бо Мо сухан хоҳанд гуфт ва поҳояшон шоҳидӣ хоҳанд дод, ки чӣ мекардаанд
Verse 66 — Surah Ya-Sin 36:66
Агар бихоҳем чашмонашонро маҳв мекунем. Пас шитобон оҳанги роҳ кунанд. Аммо куҷоро тавонанд дид
Verse 67 — Surah Ya-Sin 36:67
Ва агар бихоҳем,, онҳоро бар ҷояшон масх (тағйир) кунем, ки на тавони он дошта бошанд, ки ба пеш қадам бардоранд ва на бозпас гарданд
Verse 68 — Surah Ya-Sin 36:68
Ҳар киро умри дароз диҳем, дар офариниш дигаргунаш кунем. Чаро ақл намекунанд
Verse 69 — Surah Ya-Sin 36:69
Ба ӯ шеър наёмӯхтаем ва шеър лоиқи ӯ нест. Он чӣ ба ӯ омухтаем, панду Қуръоне равшангар аст
Verse 70 — Surah Ya-Sin 36:70
то мӯъминонро бим диҳад ва сухани ҳақ бар азоби кофирон воҷиб шавад
Verse 71 — Surah Ya-Sin 36:71
Оё надидаанд, ки ба яди (дасти) қудрати худ бар онҳо чорпоёнро офаридем ва акнун моликашон ҳастанд
Verse 72 — Surah Ya-Sin 36:72
Ва онҳоро ромашон кардем. Бар баъзе савор мешаванд ва аз гӯшти баъзе мехӯранд
Verse 73 — Surah Ya-Sin 36:73
Ва онҳоро дар онҷо фоидаҳост ва ошомиданиҳо. Чаро шукр намегӯянд
Verse 74 — Surah Ya-Sin 36:74
Ва ба ҷои Оллоҳ худоёне ихтиёр карданд, ба он умед, ки ёрияшон кунанд
Verse 75 — Surah Ya-Sin 36:75
Онҳоро қудрати он нест, ки ба ёриашон бархезанд, вале инҳо (кофирон) монанди лашкаре ба хидмати онҳо омодаанд
Verse 76 — Surah Ya-Sin 36:76
Суханашон туро андӯҳгин насозад. Мо ҳар чиро пинҳон медоранд, ё ошкор месозанд, медонем
Verse 77 — Surah Ya-Sin 36:77
Оё одами, ки акнун хасме ошкор аст, намедонад, ки ӯро аз нутфае офаридаем
Verse 78 — Surah Ya-Sin 36:78
Дар ҳоле, ки офариниши худро аз ёд бурдааст, барои мо мисол меорад, ки чӣ касе ин устухонҳои пусидаро зинда мекунад
Verse 79 — Surah Ya-Sin 36:79
Бигӯ: «Касе онҳоро зинда мекунад, ки аввалин бор офаридааст ва Ӯ ба ҳар офаринише доност
Verse 80 — Surah Ya-Sin 36:80
Он Худое, ки аз дарахти сабз бароятон оташ падид овард ва шумо аз он оташ меафрӯзед»
Verse 81 — Surah Ya-Sin 36:81
Оё касе, ки осмонҳову заминро офаридааст, наметавонад монандашонро биёфаринад? Оре, метавонад, ки Ӯ офаринандае доност
Verse 82 — Surah Ya-Sin 36:82
Чун бихоҳад чизеро биёфаринад, фармонаш ин аст, ки мегӯяд: «Мавҷуд шав!» Пас мавҷуд мешавад
Verse 83 — Surah Ya-Sin 36:83
Пок аст он Худое, ки малакути (қудрати) ҳар чизе ба дасти Ӯст ва ҳама ба сӯи Ӯ бозгардонда мешавед