Back to Languages

    Tajik - Chapter 46

    Translation by Abdolmohammad Ayati

    Verse 1

    Ҳо, мим

    Verse 2

    Нозил шудани ин китоб аз ҷониби Худои ғолибу ҳаким аст

    Verse 3

    Мо осмонҳову замин ва он чиро, ки дар миёни он дӯст, ба ҳак, ва то муддате муъайян офаридаем. Ва кофирон аз он чӣ онҳоро метарсонанд, рӯй мегардонанд

    Verse 4

    Бигӯ: «Аз онҳое, ки ғайри Оллоҳ ба худоӣ мехонед, хабар диҳед. Ба ман нишон диҳед, ки аз ин замин чӣ чизро офаридаанд? Ё дар хилқати (офаридани) осмонҳо ширкатдоштаанд? Агар рост мегӯед, барои ман китобе, ки пеш аз ин Қуръон омада бошад ё агар донише аз пешиниён мондааст, биёваред

    Verse 5

    Ва кист гумроҳтар аз он, ки ба ҷои Оллоҳ чизеро ба худои мехонад, ки то рӯзи қиёмат ба ӯ ҷавоб намедиҳад, ва бутон аз дуъои бутпарастон бехабаранд

    Verse 6

    Ва чун дар қиёмат мардумро ҷамъ оранд, бутон бо парастандагони худ душман бошанд ва аз ибодаташон мункиранд

    Verse 7

    Чун оёти Мо ба равшанӣ ба онон хонда шавад, кофирон ҳақиқатеро, ки барояшон нозил шудааст, гӯянд: «Ҷодуии ошкор аст»

    Verse 8

    Ё мегӯянд: «Ин китоб дурӯғест, ки худ бофтааст!» Бигӯ: «Агар ман онро чун дурӯғе ба ҳам бофта бошам, шумо наметавонед хашми Худоро аз ман боздоред. Худо аз он таънаҳо, ки ба он мезанед, огоҳтар аст. Ва шоҳидии Ӯ миёни ману шумо кофист. Ва Ӯст бахшояндаву меҳрубон!»

    Verse 9

    Бигӯ: «Ман аз миёни дигар паёмбарон навомада (аввалин) нестам ва намедонам, ки бар ман ё бар шумо чӣ хоҳад шуд. Ман ба чизе ғайри он чӣ ба ман ваҳй мешавад, пайравӣ намекунам ва ман фақат бимдиҳандае ошкор ҳастам»

    Verse 10

    Бигӯ: «Чӣ мекунед, агар Қуръон аз ҷониби Худо бошад ва шумо ба он имон наёваред? Яке аз банӣ-Исроил ба он шоҳидӣ дод ва имон овард. Вале шумо гарданкашӣ мекунед. Худо мардуми ситамкорро ҳидоят намекунад!»

    Verse 11

    Кофирон мӯъминонро гуфтанд: «Агар дар он хайре мебуд, инҳо аз мо пештар қабул намекарданд». Ва чун ба он роҳ наёфтанд, хоҳанд гуфт, ки ин дурӯғе дерина аст

    Verse 12

    Ва пеш аз он китоби Мӯсо роҳнамову раҳмат буд. Ва ин китобест тасдиқкунандаи он ба забони арабӣ то ситамкоронро биме ва некӯкоронро хушхабаре бошад

    Verse 13

    Албатта онон, ки гуфтанд, ки Парвардигори мо Оллоҳ аст, ва сипас пойдорӣ карданд, биме бар онҳо нест ва андӯҳгин намешаванд

    Verse 14

    Инҳо ба мукофоти амалҳояшон аҳли биҳиштанд ва дар он ҷо ҷовидонаанд

    Verse 15

    Одамиро ба некӣ кардан бо падару модари худ супориш кардем. Модараш бори ӯро ба душворӣ бардошт ва ба душворӣ бар замин ниҳод. Ва муддати ҳамл то аз шир бозгирифтанаш сӣ моҳ аст то чун ба синни ҷавонӣ расад ва ба чиҳилсолагӣ дарояд, гӯяд: «Эй Парвардигори ман, ба ман биёмӯз то шукри неъмате, ки бар ман ва бар падару модарам ато кардаӣ, ба он ҷой орам. Коре шоиста бикунам, ки Ту аз он хушнуд шавӣ ва фарзандони маро солеҳ кун. Ман ба Ту бозгаштам ва аз таслимшудагонам»

    Verse 16

    Инҳо касоне ҳастанд, ки корҳои некашонро мепазирем ва аз гуноҳашон дармегузарем. Дар зумраи аҳли биҳиштанд. Ҳар ваъдае, ки ба онҳо дода шуда, рост аст

    Verse 17

    Ва он ки ба падару модараш гуфт: «Уф бар шумо, оё ба ман ваъда медиҳед, ки аз гӯрам бархезонанд ва ҳол он ки мардуме пеш аз ман будаанд, ки барнахостаанд? Ва он ду ба даргоҳи Худо истиғоса (додхоҳӣ) мекунанд ва, гӯянд: «Вой бар ту, имон биёвар, ки ваъдаи Худо ҳақ аст!» Мегӯяд: «Инҳо чизе ҷуз ҳамон афсонаи пешиниён нест!»

    Verse 18

    Дар бораи инҳо ҳамон сухан, ки дар бораи умматҳои пешин аз ҷинну инс гуфта шуда буд, ба ҳақиқат мепайвандад. Инҳо зиёнкунандагонанд

    Verse 19

    Ва ҳар якро нисбат ба коре, ки кардааст, дараҷаҳост, то Худо ҷазои корҳояшонро ба тамомӣ бидиҳад ва ба он он ситам намешавад

    Verse 20

    Ва рӯзе, ки кофиронро бар оташ арза кунанд: дар зиндагии дунявӣ аз чизҳои покиза ва хуш баҳраманд шудед, имрӯз ба азоби хори ҷазоятон медиҳанд. Ва ин ба он сабаб аст, ки дар замин бе ҳеҷ ҳаққе такаббурӣ мекардед ва бадкорӣ пеш гирифта будед

    Verse 21

    Бародари қавми Одро ба ёд биёвар, ки чун қавми худро дар Аҳқоф бим дод — ва пеш аз ӯ паёмбароне буданд ва рафтанду пас аз ӯ паёмбароне омаданд, — ки ғайри Худои якторо напарастед, ки ман аз азоби рӯзе бузург бар шумо метарсам

    Verse 22

    Гуфтанд: «Оё омадаӣ, то моро аз худоёнамон рӯйгардон созӣ? Агар рост мегӯӣ, ҳар чӣ ба мо ваъда додаӣ, биёвар»

    Verse 23

    Гуфт: «Инро Худо медонад ва ман он чиро ба он фиристода шудаам, ба шумо мерасонам. Вале мебинам, ки мардуме нодон ҳастед»

    Verse 24

    Чун абре диданд, ки аз ҷониби рӯдхонаҳошон меояд, гуфтанд: «Ин абре боронзост». На ин ҳамон чизест, ки онро ба шитоб металабидед. Бод аст ва дар он бод азобе дардовар

    Verse 25

    ба фармони Парвардигораш ҳама чизро ҳалок мекунад. Чунон шуданд, ки акнун фақат хонаҳояшонро бинӣ. Ва Мо муҷримонро (гунаҳгоронро) ин тавр ҷазо медиҳем

    Verse 26

    Ва онҳо чунон тавону қудрат дода будем, ки ба шумо надидаем. Барояшон гӯшу чашму дил қарор додем. Вале гӯшу чашму дилашон ба ҳолашон ҳеҷ фоида накард, зеро оёти Худоро инкор мекарданд, то он азобе, ки ба масхарааш мегирифтанд, онҳоро фурӯ шрифт

    Verse 27

    Мо ҳамаи қарияҳоеро (деҳаҳоеро), ки атрофи шумо будаанд, ҳалок кардаем ва оётро гуногун баён кардем, шояд, ки бозгарданд

    Verse 28

    Пас чаро он худоёне, ки ғайри Оллоҳ барои наздикӣ ба худоӣ гирифта буданд, ёрияшон накарданд, балки аз назарашон гум шуданд? Ия аст дурӯғу бофтаҳояшон

    Verse 29

    Ва гурӯҳе аз ҷинро назди ту равона кардем, то Қуръонро бишнаванд. Чун ба ҳазраташ (наздаш) расиданд, гуфтанд: «Гӯш андозед! Чун ба поён омад, монанди бимдиҳандагоне назди қавми худ бозгаштанд

    Verse 30

    Гуфтанд: «Эй қавми мо, мо китобе шунидем, ки баъд аз Мӯсо нозил шуда, китобҳои пешинро тасдиқ мекунад ва ба ҳақ ва роҳи рост роҳ менамояд

    Verse 31

    Эй қавми мо, ин даъваткунанда ба Худоро қабул кунед ва ба ӯ имон биёваред, то Худо гуноҳонатонро бибахшояд ва шуморо аз азобе дардовар дар амон дорад

    Verse 32

    Ва ҳар касе, ки ба ин даъваткунанда ҷавоб нагӯяд, наметавонад, дар рӯи замин аз Худо бигурезад ва ӯро ғайри Худо ҳеҷ ёваре нест ва дар гумроҳии ошкорест!»

    Verse 33

    Оё намебинанд, ки Худо яктост, он ки осмонҳову заминро биёфарид ва дар офаридани онҳо дарнамонд. Ӯ метавонад мурдагонро зинда кунад. Бале, Ӯ бар ҳар коре тавоност

    Verse 34

    Рӯзе, ки кофирон ба оташ арза шаванд... Оё ин ҳақиқат нест? Гӯянд: «Бале, ба Парвардигорамон савганд!» Гӯяд: «Ба хотири он ки кофир будед, инак азобро бичашед!»

    Verse 35

    Пас пойдорӣ кун, ҳамчунон ки паёмбарони улулазм (боазм) пойдорӣ карда буданд, Ва дар уқубаташон шитоб макун. Он рӯз, ки он ваъдаеро, ки ба онҳо дода шуда, бингаранд, пиндоранд, ки ҷуз ба қадри соъате аз рӯз дар гӯр намонда буданд. Ин расонидани пайғом аст. Оё ҷуз нофармонон ба ҳалокат мерасанд