Back to LanguagesPrevious ChapterNext Chapter
Tajik - Chapter 47 - Muhammad
Translation by Abdolmohammad Ayati — Permalink
Verse 1 — Surah Muhammad 47:1
Худо амалҳои касонеро, ки кофир шуданд ва мардумро аз роҳи Худо боздоштанд, ботил сохтааст
Verse 2 — Surah Muhammad 47:2
Худо гуноҳи касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд ва ба он чӣ бар Муҳаммад нозил шуда, — ки он ҳақ аст ва аз ҷониби Парвардигорашон, — имон овардаанд, аз онҳо дур кард ва корҳояшонро ба салоҳ овард
Verse 3 — Surah Muhammad 47:3
Ва ин ба он сабаб аст, ки кофирон ба ботил пайравӣ карданд ва онон, ки имон оварданд, ба ҳаққе, ки аз ҷониби Парвардигорашон омада буд, пайравӣ кардаанд. Худо барои мардум инчунин мисол меорад
Verse 4 — Surah Muhammad 47:4
Чун бо кофирон рӯбарӯ шудед, гарданашонро бизанед. Ва чун онҳоро сахт фурӯ кӯфтед, асирашон кунед ва сахт бибандед. Он гоҳ ё ба миннат озод кумед ё ба фидя (ба ивази пул). То он гоҳ, ки ҷанг ба поён ояд. Ва ин аст ҳукми Худо. Ва агар Худо мехост, аз онон интиқом мегирифт, вале хост то шуморо ба якдигар биёзмояд. Ва онон, ки дар роҳи Худо кушта шудаанд, амалҳояшонро ботил намекунад
Verse 5 — Surah Muhammad 47:5
Ба зуди, ки ҳидояташон кунад ва корҳояшонро ба салоҳ оварад
Verse 6 — Surah Muhammad 47:6
Ва ба биҳиште, ки барояшон васф кардааст, дохилашон созад
Verse 7 — Surah Muhammad 47:7
Эй касоне, ки имон овардаед, агар Худоро ёрӣ кунед, шуморо ёрӣ хоҳад кард ва пойдорӣ хоҳад бахшид
Verse 8 — Surah Muhammad 47:8
Ҳалокату шӯрбахтӣ бод бар кофирон. Худо амалҳояшонро ботил кардааст
Verse 9 — Surah Muhammad 47:9
Зеро онон чизеро, ки Худо нозил кардааст, нохуш доранд. Худо низ амалҳояшонро нобуд кард
Verse 10 — Surah Muhammad 47:10
Оё дар замин сайр накардаанд, то бингаранд, ки оқибати касоне, ки пеш аз онҳо будаанд, чӣ гуна будааст? Худо ҳалокашон кард ва кофирон низ оқибате ончунон хоҳанд дошт
Verse 11 — Surah Muhammad 47:11
Ин ба он сабаб аст, ки Худо ёвари 'касонест, ки имон овардаанд. Ва кофиронро ҳеҷ ёваре нест
Verse 12 — Surah Muhammad 47:12
Худо касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста мекунанд, ба биҳиштҳое, ки наҳрҳо аз он порист, дохил хоҳад кард. Ва кофирон аз ин ҷаҳон баҳраманд мешаванд ва чун чорпоён мехӯранд ва ҷойгоҳашон оташ аст
Verse 13 — Surah Muhammad 47:13
Чӣ қарияҳое (деҳаҳое), ки мардумаш аз мардуми қарияи ту, ки аз он берунат карданд, хеле пурқувваттар буданд, ки ҳалокашон кардем ва ҳеҷ ёрикунандае надоштанд
Verse 14 — Surah Muhammad 47:14
Оё касе, ки аз ҷониби Парвардигораш далели равшане дорад, монанди касонест, ки кирдори бадашон дар назарашон ороста шуда ва аз паи ҳавоҳои худ мераванд
Verse 15 — Surah Muhammad 47:15
Васфи биҳиште, ки ба парҳезгорон ваъда дода шуда, ин аст, ки дар он наҳрҳоест аз обҳое тағйирнопазир ва наҳрҳое аз шире, ки таъмаш дигаргун намешавад ва наҳрҳое аз шароб, ки ошомандагон аз он лаззат мебаранд ва наҳрҳое аз асали мусаффо. Ва дар он ҷо ҳар гуна мева, ки бихоҳанд, ҳаст ва низ бахшоиши Парвардигорашон. Оё биҳиштиён монанди касоне ҳастанд, ки дар оташи ҷовидонаанд ва ононро аз обе ҷӯшон меошомананд, чунон ки рудаҳояшон тика-тика мешавад
Verse 16 — Surah Muhammad 47:16
Баъзе ба ту гӯш медиҳанд, то он гоҳ ки аз назди ту берун раванд, аз донишмандон мепурсанд: «Ин чӣ суханоне буд, ки мегуфт?» Худо бар дилҳояшон мӯҳр ниҳодааст ва аз паи ҳавоҳои худ рафтаанд
Verse 17 — Surah Muhammad 47:17
Онон, ки ҳидоят ёфтаанд, Худо ба ҳидояташон меафзояд ва парҳезгорияшон ато мекунад
Verse 18 — Surah Muhammad 47:18
Оё танҳо мунтазири онанд, ки ба ногоҳ қиёмат фаро расад? Ҳар оина (Албатта) нишонаҳои қиёмат ошкор шудааст. Ва чун фаро расад, панд гирифтанашонро чӣ фоида
Verse 19 — Surah Muhammad 47:19
Пас бидон, ки ҳеҷ худое ҷуз Оллоҳ нест. Аз гуноҳи худ ва аз гуноҳи мардону занони мӯъмин бахшоиш бихоҳ. Худо медонад, ки рӯз ба куҷо меравед ва шаб ба куҷо меоромед
Verse 20 — Surah Muhammad 47:20
Касоне, ки имон овардаанд, мегӯянд: «Чаро аз ҷониби Худо сурае нозил намешавад?» Чун сурае аз муҳқамот нозил шавад, ки дар оя сухан аз ҷанг рафта бошад, ононро, ки дар дилашон маразе ҳаст, бинӣ, ки чун касе, ки беҳушии марг бар ӯ ғолиб шуда, ба ту менигаранд. Пас барояшоя шоистатар
Verse 21 — Surah Muhammad 47:21
фармонбардорист ва сухани некӯ гуфтан. Ва чун тасмим ба ҷанг гирифта шуд, агар бо Худо садоқат кунанд, барояшон беҳтар аст
Verse 22 — Surah Muhammad 47:22
Оё агар ба ҳукумат расидед, мехоҳед дар замин фасод кунед ва пайванди хешовандиятонро бибуред
Verse 23 — Surah Muhammad 47:23
Инҳоанд, ки Худо лаънаташон кардааст ва гӯшҳояшонро кару чашмонашонро кӯр сохтааст
Verse 24 — Surah Muhammad 47:24
Оё дар Қуръон намеандешанд ё бар дилҳояшон қуфлҳост
Verse 25 — Surah Muhammad 47:25
Шайтон амалҳои касонеро, ки баъд аз ошкор шудани роҳи ҳидоят муртад шуданд (аз дин гаштанд) ва бозгаштанд, дар назарашон биёрост ва орзуяшон дароз кард
Verse 26 — Surah Muhammad 47:26
Ва ин ба он сабаб аст, ки ба он гурӯҳ, ки оёти Худоро нохуш медоштанд, мегуфтанд: «Мо дар баъзе аз корҳо фармонбардори шумо ҳастем. Ва Худо аз розашон огоҳ аст
Verse 27 — Surah Muhammad 47:27
Чӣ гунаанд, он гоҳ ки фариштагон онҳоро мемиронанд ва бар рӯ ва пуштҳояшон мезананд
Verse 28 — Surah Muhammad 47:28
Ин ба ҷазои он аст, ки ба он чӣ Худоро ба хашм меоварад, пайравӣ мекардаанд ва ба он чӣ хушнудаш месохта, бадбинӣ доштаанд. Худо низ амалҳояшонро нобуд кард
Verse 29 — Surah Muhammad 47:29
Оё онон, ки дар дилашон маразест, мепиндоранд, ки Худо кинаеро, ки дар дил пинҳон доранд, ошкор нахоҳад кард
Verse 30 — Surah Muhammad 47:30
Агар бихоҳем, онҳоро ба ту менамоёнем ва ту онҳоро ба симояшон 'ё аз шеваи суханашон хоҳӣ шинохт ва Худо аз амалҳоятон огоҳ аст
Verse 31 — Surah Muhammad 47:31
Ва шуморо меозмоем, то муҷоҳидон ва собиронатонро маълум дорем ва хабарҳоятонро ошкор кунем
Verse 32 — Surah Muhammad 47:32
Касоне, ки имон наёварданд ва аз роҳи Худо рӯйгардон шуданд ва бо он ки роҳи ҳидоят барояшон ошкор шуда буд, бо паёмбар мухолифат намуданд, ҳеҷ зиёне ба Худо нахоҳанд расонид ва Худо амалҳояшонро нобуд хоҳад кард
Verse 33 — Surah Muhammad 47:33
Эй касоне, ки имон овардаед, ба Худо итоъат кунед ва ба паёмбар итоъат кунед ва аъмоли худро ботил масозед
Verse 34 — Surah Muhammad 47:34
Худо касонеро, ки кофир шуданд ва мардумро аз роҳи Худо боздоштанд ва дар куфр мурданд, ҳаргиз нахоҳад бахшонд
Verse 35 — Surah Muhammad 47:35
Сустӣ наварзед, то даъват ба мусолиҳа кунед. Шумо бартар ҳастед ва Худо бо шумост ва аз подошҳоятон (мукофотҳоятон) нахоҳад кам кард
Verse 36 — Surah Muhammad 47:36
Зиндагии инҷаҳонӣ фақат бозичаву беҳудагист. Ва агар имон биёваред ва парҳезгорӣ кунед, Худо мукофотҳоятонро хоҳад дод. Ва аз шумо молҳоятонро наметалабад
Verse 37 — Surah Muhammad 47:37
Агар аз шумо моле талабад ва бардавом ҳам талабад, он гоҳ бахилӣ мекунед ва кинаҳои пинҳонатонро ошкор месозад
Verse 38 — Surah Muhammad 47:38
Огоҳ бошед ки шуморо даъват мекунанд то дар роҳи Худо садақа кунед. Баъзе аз шумо бахили мекунанд, ва ҳар кас ки бахилӣ кунад, дар ҳаққи худ бахилӣ кардааст. Зеро Худо беҳоҷат аст ва шумо ҳоҷатмандонед. Ва агар рӯй бартобед, ба ҷои шумо мардуме дигар орад, ки ҳаргиз мисли шумо набошанд