Ва агар ду гурӯҳ аз мӯъминон бо якдигар ба чанг бархостанд, миёнашон оштӣ андозед. Ва агар як гурӯҳ бар дигаре даст дарозӣ кард, бо он ки даст дарозӣ кардааст, биҷангед, то ба фармони Худо бозгардад. Пас агар бозгашт, миёнашон сулҳе одилона барқарор кунед ва адолат кунед, ки Худо одилонро дӯст дорад
Эй касоне, ки имон овардаед, мабод, ки гурӯҳе аз мардон гурӯҳи дигарро масхара кунад, шояд он масхарашудагон беҳтар аз онҳо бошанд. Ва мабод, ки гурӯҳе аз занон гурӯҳи дигарро масхара кунад, шояд он масхарашудагон беҳтар аз онҳо бошанд. Ва аз ҳам айбчӯй макунед ва якдигарро ба лақабҳои зишт махонед. Бад аст унвони фисқ пас аз имон овардан. Ва касоне, ки тавба намекунанд, худ ситамкоронанд
Эй мардум, мо шуморо аз як марду як зан биёфаридем. Ва шуморо ҷамоъатҳо ва қабилаҳо кардем, то якдигарро бишиносед. Албатта гиромитарини шумо назди Худо парҳезгортарини шумост. Худо донову кордон аст
Аз ин ки ислом овардаанд, бар ту миннат мекунанд. Бигӯ: «Ба хотири исломатон бар ман миннат мекунед, балки Худо ба он сабаб, ки шуморо ба имон роҳ намудааст, бар шумо миннат мениҳад, агар рост мегӯед!»