Back to Languages

    Tajik - Chapter 57

    Translation by Abdolmohammad Ayati

    Verse 1

    Худовандро тасбеҳ мегӯянд, ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст ва Ӯ ғолибу ҳаким аст

    Verse 2

    Фарманравоии осмонҳову замин аз они Ӯст. Зинда мекунад ва мемиронад ва бар ҳар чиз тавоност

    Verse 3

    Ӯст аввалу охир ва зоҳиру ботия ва Ӯ ба ҳар чизе доност

    Verse 4

    Ӯст, ки осмонҳову заминро дар шаш рӯз офарид. Сипас ба арш пардохт. Ҳар чиро дар замин фурӯ равад ва ҳар чиро аз замин борун ояд ва ҳар чиро аз осмон фуруд ояд ва ҳар чиро ба осмон боло равад, медонад. Ва ҳар ҷо, ки бошед, ҳамроҳи шумост ва ба ҳар коре, ки мекунед, биност

    Verse 5

    Фармонравоии оомонҳову замин аз они Ӯст ва ҳамаи корҳо ба Худо бозмегардад

    Verse 6

    Аз шаб мекоҳад (кӯтоҳ кунад) ва ба рӯз меафзояд ва аз рӯз мехоҳад ва ба шаб меафзояд. Ва ба ҳар чӣ дар дилҳо мегузарад, огоҳ аст

    Verse 7

    Ба Худову паёмбараш имон биёваред ва аз он мол, ки ба варосат (мерос) ба шумо расоядааст, инфоқ (садақа) кунед. Аз миёни шумо ҳар киро имон оварда ва инфоқ карда, музде фаровонаш диҳанд

    Verse 8

    Чист шуморо, ки ба Худо имон намеоваред ва ҳол он ки паёмбар шуморо даъват мекунад, ки ба Парвардигоратон имон биёваред ва агар бовар доред, аз шумо паймон гирифтааст

    Verse 9

    Ӯст он Худое, ки бар бандаи худ оёти, равшанро нозил мекунад, то шуморо аз торикӣ ба рӯшноӣ оварад. Зеро Худо ба шумо мушфиқу меҳрубон аст

    Verse 10

    Ва чаро дар роҳи Худо инфоқ намекунед ва ҳол он ки, аз они Худост мероси осмонҳову замин? Аз миёни шумо инҳо, ки пеш аз фатҳ инфоқ карда ва ба ҷанг рафта бо онон, ки баъд аз фатҳ инфоқ кардаанд ва ба ҷанг рафтаанд, баробар нестанд, Дараҷати онон болотар аст. Ва Худо ба ҳама ваъдаи нек медиҳад. Ва ба ҳар коре, ки мекунед, огоҳ аст

    Verse 11

    Кист, ки Худоро қарзулҳасана (дар роҳи Худо садақа) диҳад, то барои ӯ дучандонаш кунад ва ӯро мукофоте некӯ бошад

    Verse 12

    Рӯзе, ки мардони мӯъмину занонимӯъминро бубинӣ, ки нурашон пешопеш ва дар самти росташон меравад. Дар он рӯз башорататон (хушхабаратон) ба биҳиштҳоест, ки дар он, наҳрҳо равон аст ва дар он ҷовид хоҳед монд ва ин комёбии бузургест

    Verse 13

    Рӯзе, ки мардони мунофиқу занони мунофиқ ба касоне, ки имон овардаанд, мегӯянд: «Ба мо нигоҳ кунед, то аз нуратон фурӯғе гирем!» Гӯянд: «Ба дунё бозгардед ва аз он ҷо нур биталабед!» Миёнашон деворе бароваранд, ки бар он девор даре бошад, даруни он раҳмат бошаду беруни он азоб

    Verse 14

    Ва онҳоро нидо диҳанд, ки оё мо бо, шумо ҳамроҳ набудем? Мегӯянд: «Бале, аммо шумо худатонро дар бало афкандед ва ба интизор нишастед ва дар шак будед ва орзуҳо шуморо бифирефт, то он гоҳ ки фармони Худо даррасид ва шайтон ба Худо фиребатон кард

    Verse 15

    Ва имрӯз на аз шумо фидяе (ҷаримае) пазиранд ва на аз кофирон. Ҷойгоҳатон оташ аст. Оташ сазовори шумост ва бад саранҷомест!»

    Verse 16

    Оё мӯъминонро вақти он нарасидааст, ки дилҳояшон дар баробарӣ ёди Худо ва сухани ҳақ, ки нозил шудааст, хошеъ (моил, мутеъ, ҳозир) шавад? Монанди он мардуме набошанд, ки пеш аз ин китобашон додем ва чун муддате баромад, дилҳояшон сахт шуд ва бисёре нофармон шуданд

    Verse 17

    Бидонед, ки Худо заминро пас аз мурданаш зинда мекунад. Мо оётро бароятон ба равшанӣ баён кардем, бошад, ки ба ақл дарёбед

    Verse 18

    Худо ба мардони садақадиҳанда ва занони садақадиҳандае, ки ба Худо қарзулҳасана медиҳанд, дучандон музд медиҳад ва низ онҳоро аҷре некӯст

    Verse 19

    Касоне, ки ба Худову паёмбараш имон овардаанд, ростгӯёну росткоронанд. Ва шаҳидон дар назди Парвардигорашон ҳастанд. Соҳиби музду нури худанд. Ва онҳо, ки кофиранд ва оёти Моро дурӯғ мебароранд, дар ҷаҳаннаманд

    Verse 20

    Бидонед, ки зиндагии инҷаҳонӣ бозича аст ва беҳудагиву ороиш ва фахр кардану афзунҷӯӣ дар молҳову авлод монанди бороне бавақт аст, ки рӯиданиҳояш кофиронро ба шигифт афканад (хурсанд, кунад). Сипас пажмурда мешавад ва бинӣ, ки зард гаштааст ва хошок шудааст. Ва дар охират насиби гурӯҳе азоби сахт аст ва нисбати гурӯҳе бахшоиши Худо ва хушнудии Ӯ. Ва зиндагии дунё фақат матоъе фиребанда аст

    Verse 21

    Барои расидан ба бахшоиши Парвардигоратон ва биҳиште, ки паҳнои он монанди паҳнои осмонҳову замин аст, бар якдигар пешӣ гиред (мусобиқа). Ин биҳишт барои касоне, ки ба Худову паёмбаронаш имон овардаанд, муҳайё шудааст. Ин бахшоишест аз ҷониби Худо, ки ба ҳар кӣ мехоҳад, онро ато мекунад, ва Худо соҳиби бахшоише бузург аст

    Verse 22

    Ҳар мусибате ба мол ё ба ҷонатон расад албатта пеш аз он ки биёфаринемаш, дар китобе навишта шудааст. Ва ин бар Худо осон аст

    Verse 23

    То бар он чӣ аз дастатон меравад, андӯҳгин набошед ва ба он чӣ ба дастатон меояд, шодмонӣ накунед. Ва Худо ҳеҷ мутакаббири худситояндаро дӯст надорад

    Verse 24

    онон, ки бахилӣ мекунанд ва мардумро ба бухл вомедоранд. Ва ҳар кӣ рӯйгардон мешавад, бидонад, ки Худо беҳоҷату сутуданист. (васф карданист)

    Verse 25

    Мо паёмбаронамонро бо далелҳои равшан фиристодем ва бо онҳо китобу тарозуро низ возил кардем, то мардум, ба адолат амал кунанд. Ва оҳанро, ки дар он нерӯе сахт ва фоидаҳое барои мардум аст, фурӯд овардем то Худо бидонад чӣ касе ба нодида Ӯ ва паёмбаронашро ёрӣ мекунад. Зеро Худо тавонову ғолиб аст

    Verse 26

    Мо Нӯҳу Иброҳимро ба пайғамбарӣ фиристодем ва дар миёни фарзандонашон нубувват ва китоб ниҳодем. Баъзеяшон ҳидоятёфтагон, буданд, вале бештаринашон нофармонон

    Verse 27

    Сипас паёмбаронамонро пас аз онҳо фиристодем. Ва Исо бинни Марямро аз паи онҳо равона кардем ва ба ӯ Инҷилро додем ва дар дили пайравонаш раъфату (шафқату) раҳмат ниҳодем. Ва руҳбонияте (узлат; гӯшанншинӣ), ки ба бидъат овардаанд, Мо бар онҳо муқаррар накардаем, аммодар он хушнудии Худо меҷӯстанд, вале ҳаққи, онро ба ҷо нагузориданд. Мо аз он миён ба касоне, ки имон оварда буданд, мукофот додем, вале бештаринашон нофармон буданд

    Verse 28

    Эй касоне, ки имон овардаед, аз Худо битарсед ва ба паёмбараш имон биёваред, то шуморо аз раҳмати худ ду бор музд бидиҳад. Ва шуморо нуре ато кунад, ки дар рӯшноии он роҳ биҷӯед ва шуморо бибахшояд, ки Худо бахшояндаи меҳрубон аст

    Verse 29

    то аҳли китоб бидонанд, ки ба бахшоиши Худованд ҳеҷ дастрасӣ надоранд ва ин бахшоиш ба дасти Ӯст, ки ба ҳар кӣ хоҳад ато мекунад ва Худоро бахшоише азим аст