Эй паёмбар, агар занонро талоқ медиҳед, ба вақти идда талоқашон диҳед. Ва шумори иддаро нигаҳ доред. Ва аз Худои якто—Парвардигорагош битарсед. Ва ононро аз хонаҳояшон берун накунед. Ва аз хона берун нараванд, магар он ки ба ошкоро коре зишт кунанд. Инҳо аҳкоми Худованд аст ва ҳар кӣ аз он таҷовуз кунад, ба худ ситам кардааст. Ту чӣ донӣ, шояд Худо аз ин пас амре тоза падид оварад
ва аз ҷое, ки гумонашро надорад, рӯзиаш медиҳад. Ва ҳар кӣ бар Худо таваккал кунад, Худо ӯро кофист. Худо кори худро ба иҷро мерасонад ва ҳар чизро андозае қарор додааст
Агар дар шубҳа ҳастед, аз миёни занонатон аз онҳое, ки аз ҳайз маъюс шудаанд ва онҳое, ки ҳанӯз ҳайз нашудаанд, иддаашон се моҳ аст. Ва иддаи занони ҳомила ҳамон вазъи ҳамл (таваллуд) аст. Ва ҳар кӣ аз Худо битарсад, Худо корашро осон хоҳад кард
Ҳар ҷо, ки худ сукунат кунед, онҳоро низ ба қадри тавонии худ маскан диҳед. Ва то бар онҳо танг гиред, маёзоредашон. Ва агар ҳомила буданд, нафақаашонро 'бидиҳед, то вазъи ҳамд кунанд. Ва агар фарзанди шуморо шир медиҳанд, муздашонро бидиҳед ва ба ваҷҳе некӯ бо якдигар маслиҳат кунед. Ва агар мувофиқат накардед, аз зане дигар бихоҳед, ки кӯдакро шир диҳад
Чӣ басо мардуми деҳае, ки аз фармони Парвардигорашон ва паёмбаронаш бар боззаданд. Он гоҳ Мо сахт аз онҳо ҳисоб гирифтем ва ба азобе сангин азобашон кардем