Back to LanguagesPrevious ChapterNext Chapter
Tajik - Chapter 68 - Al-Qalam
Translation by Abdolmohammad Ayati — Permalink
Verse 1 — Surah Al-Qalam 68:1
Нун, савганд ба қалам ва он чӣ менависанд
Verse 2 — Surah Al-Qalam 68:2
ки ту ба фазли Парвардигорат девона нестӣ
Verse 3 — Surah Al-Qalam 68:3
ва турост мукофоте бепоён
Verse 4 — Surah Al-Qalam 68:4
ва турост хулқе азим
Verse 5 — Surah Al-Qalam 68:5
Ба зудӣ ту бубинӣ ва онҳо низ бубинанд
Verse 6 — Surah Al-Qalam 68:6
ки девонагӣ дар кадом як аз шумост
Verse 7 — Surah Al-Qalam 68:7
Албатта Парвардигори ту беҳтар медонад чӣ касе аз тариқи Ӯ гумроҳ гашта, ва Ӯ ба роҳёфтагон донотар аст
Verse 8 — Surah Al-Qalam 68:8
Пас ба такзибкунандагон (дурӯғ шуморандагон) итоъат макун
Verse 9 — Surah Al-Qalam 68:9
Дӯст доранд, ки нармӣ кунӣ, то нармӣ кунанд
Verse 10 — Surah Al-Qalam 68:10
Ба ҳар фурӯмояе (пасте), ки бисёр: савганд мехӯрад пайравӣ макун
Verse 11 — Surah Al-Qalam 68:11
айбҷӯе, ки барои суханчинӣ ин ҷову он ҷо меравад
Verse 12 — Surah Al-Qalam 68:12
боздоранда аз хайр, аз ҳад гузаранда, гуноҳкор
Verse 13 — Surah Al-Qalam 68:13
дағалмарде, ношинохтанасаб
Verse 14 — Surah Al-Qalam 68:14
ба он ҷиҳат, ки соҳиби молу фарзанд аст
Verse 15 — Surah Al-Qalam 68:15
Чун оёти Мо бар ӯ хонда шавад, гӯяд: «Афсонаҳои пешиниён аст»
Verse 16 — Surah Al-Qalam 68:16
Ба зудӣ бар биниаш доғ гузорем
Verse 17 — Surah Al-Qalam 68:17
Мо онҳоро озмудем, чунон ки соҳибони он бустонҳоро озмудем. Он гоҳ., ки қасам хӯрданд, ки фардо бомдод меваҳоро хоҳанд чид
Verse 18 — Surah Al-Qalam 68:18
Ва иншооллоҳ нагуфтанд
Verse 19 — Surah Al-Qalam 68:19
Пас шабҳангом, ки ба хоб буданд, офате аз осмон омад
Verse 20 — Surah Al-Qalam 68:20
ва бӯстонҳо сиёҳ шуд
Verse 21 — Surah Al-Qalam 68:21
Ва саҳаргоҳон якдигарро нидо доданд
Verse 22 — Surah Al-Qalam 68:22
«Агар мехоҳед, мева бичинед, бомдодон ба киштзори худ биравед!»
Verse 23 — Surah Al-Qalam 68:23
Ба роҳ афтоданд ва оҳиста мегуфтанд
Verse 24 — Surah Al-Qalam 68:24
ки имрӯз набояд бенавое ба бӯстони шумо дарояд
Verse 25 — Surah Al-Qalam 68:25
Субҳгоҳон ба ин ният, ки метавонанд бенаворо манъ кунанд, берун шуданд
Verse 26 — Surah Al-Qalam 68:26
Чун бӯстонҳои худро диданд, гуфтанд: «Роҳро гум кардаем
Verse 27 — Surah Al-Qalam 68:27
На, мо аз ҳосил маҳрум шудаем»
Verse 28 — Surah Al-Qalam 68:28
Некмардашон гуфт: «Шуморо нагуфгам, чаро Худоро тасбеҳ намегӯед?»
Verse 29 — Surah Al-Qalam 68:29
Гуфтанд,: «Пок аст Парвардигори мо, мо ситамкор будем»
Verse 30 — Surah Al-Qalam 68:30
Пас забон ба маломати якдигар кушуданд
Verse 31 — Surah Al-Qalam 68:31
Гуфтанд: «Вой бар мо, мо мардуме саркаш будаем
Verse 32 — Surah Al-Qalam 68:32
бошад, ки Парвардигори 'мо дар иваз чизе беҳтар аз он моро диҳад, Мо ба Парвардигори худ рӯй овардаем!»
Verse 33 — Surah Al-Qalam 68:33
Инчунин аст азоб! Ва агар бидонанд, азоби охират бузургтар аст
Verse 34 — Surah Al-Qalam 68:34
Барои парҳезгорон дар назди Парвардигорашон бӯстонҳоест пурнеъмат
Verse 35 — Surah Al-Qalam 68:35
Оё бо таслимшудагон чун ба гунаҳкорон рафтор мекунем
Verse 36 — Surah Al-Qalam 68:36
Шуморо чӣ мешавад? Чӣ тавр доварӣ мекунед
Verse 37 — Surah Al-Qalam 68:37
Оё шуморо китобест, ки аз он мехонед
Verse 38 — Surah Al-Qalam 68:38
Ва ҳар чӣ ихтиёр кунед, дар он ҳаст
Verse 39 — Surah Al-Qalam 68:39
Ё бо Мо паймоне, ки то рӯзи қиёмат кашад, бастаед, ки ба ҳар чӣ ҳукм кунед, ҳаққи шумо бошад
Verse 40 — Surah Al-Qalam 68:40
Аз онҳо бипурс, кадом якашон зомини чунин паймонест
Verse 41 — Surah Al-Qalam 68:41
Ё онҳоро шариконест? Агар рост мегӯянд, шарикони худро биёваранд
Verse 42 — Surah Al-Qalam 68:42
Рӯзе, ки он воқеъаи азим рӯй диҳад ва онҳоро ба саҷда даъваткунанд, вале натавонанд
Verse 43 — Surah Al-Qalam 68:43
Ваҳшат дар чашмонашон пайдост, хори бар онҳо ғолиб шудааст, пеш аз ин низ онҳоро дар айни тандуруст ба саҷда даъват карда буданд
Verse 44 — Surah Al-Qalam 68:44
Пас Маро ба онҳо, ки ин суханро дурӯғ мебароранд вогузор, то андак-андак,: чунон ки дарнаёбанд, ба азоб гиремашон
Verse 45 — Surah Al-Qalam 68:45
ва ба онҳо мӯҳлат диҳам. Албатта макри Ман макре устувор аст
Verse 46 — Surah Al-Qalam 68:46
Ё аз онон музде талабидаӣ ва акнун аз адои он дар ранҷанд
Verse 47 — Surah Al-Qalam 68:47
Ё илми ғайб медонанд ва онҳо, менависанд
Verse 48 — Surah Al-Qalam 68:48
Дар баробари фармони Парвардигорат собир бош ва чун соҳиби моҳӣ мабош, ки бо диле пурандӯҳ нидо дардод
Verse 49 — Surah Al-Qalam 68:49
Агар неъмати Парвардигораш набуд, дар айни бадҳолӣ ба саҳрое беобу гиёҳ меафтод
Verse 50 — Surah Al-Qalam 68:50
Пас Парвардигораш ӯро ихтиёр кард ва дар зумраи солеҳонаш даровард
Verse 51 — Surah Al-Qalam 68:51
Ва кофирон чун Қуръонро шуниданд, наздик буд, ки туро, бо чашмони худ билағжонанд ва мегӯянд, ки ӯ девона аст
Verse 52 — Surah Al-Qalam 68:52
ва ҳол он ки Қуръон барои ҷаҳониён фақат панде аст