Back to LanguagesPrevious ChapterNext Chapter
Tajik - Chapter 70 - Al-Maarij
Translation by Abdolmohammad Ayati — Permalink
Verse 1 — Surah Al-Maarij 70:1
Пурсандае аз азобе пурсид, ки
Verse 2 — Surah Al-Maarij 70:2
бар кофирон фуруд хоҳад омад ва кас онро дафъ натавонад кард
Verse 3 — Surah Al-Maarij 70:3
аз ҷониби Худо, ки соҳиби осмонҳост
Verse 4 — Surah Al-Maarij 70:4
Дар рӯзе, ки миқдораш панҷоҳ ҳазор сол аст, фариштагон ва рӯҳ ба он ҷо боло раванд
Verse 5 — Surah Al-Maarij 70:5
Пас сабр кун, сабре некӯ
Verse 6 — Surah Al-Maarij 70:6
Онҳо он рӯзро дур мебинанд
Verse 7 — Surah Al-Maarij 70:7
ва мо наздикаш мебинем
Verse 8 — Surah Al-Maarij 70:8
рӯзе, ки осмон чун филиз гудохта гардад
Verse 9 — Surah Al-Maarij 70:9
ва кӯҳҳо чун пашм (дар сабукӣ)
Verse 10 — Surah Al-Maarij 70:10
ва ҳеҷ хешованде аз ҳоли хешованди худ напурсад
Verse 11 — Surah Al-Maarij 70:11
якдигарро баробари чашмашон оранд. Гуноҳкор дӯст дорад, ки худашро бозхарад ба фарзандонаш
Verse 12 — Surah Al-Maarij 70:12
ва занаш ва бародараш
Verse 13 — Surah Al-Maarij 70:13
ва аширааш (хешонаш), ки ӯро макон додааст
Verse 14 — Surah Al-Maarij 70:14
ва ҳамаи онҳо, ки дар рӯи заминанд ва наҷот ёбад
Verse 15 — Surah Al-Maarij 70:15
Ҳаргиз на, ки он шӯълаи оташ аст
Verse 16 — Surah Al-Maarij 70:16
пӯсти сарро меканад
Verse 17 — Surah Al-Maarij 70:17
ҳар киро, ки ба ҳақ пушт кард ва аз фармон сар печид, ба тарафи худ мехонад
Verse 18 — Surah Al-Maarij 70:18
ва онро, ки ҷамъ меоварду ҷой мекард
Verse 19 — Surah Al-Maarij 70:19
Албатта одамиро ҳарису бесабр офаридаанд
Verse 20 — Surah Al-Maarij 70:20
Чун бадие ба ӯ расад, беқарорӣ кунад
Verse 21 — Surah Al-Maarij 70:21
Ва чун моле ба дасташ афтад бахилӣ мекунад
Verse 22 — Surah Al-Maarij 70:22
магар намозгузорандагон
Verse 23 — Surah Al-Maarij 70:23
онон, ки ба намоз мудовамат (давом) мекунанд
Verse 24 — Surah Al-Maarij 70:24
ва онон, ки дар молҳояшон ҳаққест муъайян
Verse 25 — Surah Al-Maarij 70:25
барои гадову маҳрум
Verse 26 — Surah Al-Maarij 70:26
ва касоне, ки рӯзи қиёматро тасдиқ мекунанд
Verse 27 — Surah Al-Maarij 70:27
ва касоне, ки аз азбоби Парвардигорашон тарсонанд
Verse 28 — Surah Al-Maarij 70:28
ки аз азоби Парвардигорашон дар амон натавонанд буд
Verse 29 — Surah Al-Maarij 70:29
ва касоне, ки шармгоҳи худ нигаҳ медоранд
Verse 30 — Surah Al-Maarij 70:30
магар барои ҳамсаронашон ё канизонашон, ки дар ин ҳол, маломате бар онҳо нест
Verse 31 — Surah Al-Maarij 70:31
Ва онон, ки ғайри инро биталабанд, аз ҳад гузаштагон ҳастанд
Verse 32 — Surah Al-Maarij 70:32
Ва касоне, ки амонатҳову аҳдхои худро риъоят мекунанд
Verse 33 — Surah Al-Maarij 70:33
ва касоне, ки шоҳидии худ ба ҳақ адо мекунанд
Verse 34 — Surah Al-Maarij 70:34
ва касоне, ки бар намозҳошон мувозибат (давом) доранд
Verse 35 — Surah Al-Maarij 70:35
инҳо дар биҳишт гиромн ҳастанд
Verse 36 — Surah Al-Maarij 70:36
Пас чист, ки кофирон ба сӯи ту мешитобанд
Verse 37 — Surah Al-Maarij 70:37
Даста-даста аз ҷониби чапу, аз ҷониби рост
Verse 38 — Surah Al-Maarij 70:38
Оё ҳар як аз онҳо тамаъ мекунад, ки ба биҳишти пурнеъмат дохил шавад
Verse 39 — Surah Al-Maarij 70:39
Ҳаргиз на, онҳо худ медонанд,, ки аз чӣ чиз онҳоро офаридаем
Verse 40 — Surah Al-Maarij 70:40
Пас савганд ба Парвардигори машриқҳову мағрибҳо, ки Мо тавоноем
Verse 41 — Surah Al-Maarij 70:41
ки ба ҷои онҳо мардуме беҳтар биёварем ва дар ин кор нотавон нестем
Verse 42 — Surah Al-Maarij 70:42
Пас бигузорашон то ба беҳудагӣ машғул шаванду ба бозича, то ба он рӯзе, ки ваъдаашон додаем, бирасанд
Verse 43 — Surah Al-Maarij 70:43
рӯзе, ки шитобон аз қабрҳо бадар оянд, чунон ки гӯӣ назди бутон мешитобанд
Verse 44 — Surah Al-Maarij 70:44
ваҳшат бар чашмонашон ғолиб шуда ва ба хори афтодаанд: ин аст ҳамон рӯзе, ки онҳоро ваъда дода буданд