Туро аз ғаноими (ғаниматҳои) ҷангӣ мепурсанд, бигӯ: «Ғаноими ҷангӣ азони Худову паёмбар аст. Пас агар аз мӯъминон ҳастед, аз Худой битарсед ва бо якдигар ба оштӣ зист кунед ва аз Худову паёмбараш фармон баред!»
Ва ба ёд ор он гоҳро, ки Худо ба шумо ваъда дод, ки яке аз он ду гурӯҳ ба дасти шумо афтад ва дӯст доштед, ки он гурӯҳ ки холӣ аз қудрат аст, ба дас ти шумо афтад, ҳол он ки Худо мехост ба суханони уд ҳақро бар ҷои худ нишонад ва решаи кофиронро қатъ кунад
Ва ба ёд ор он гоҳро, ки Худо чунон эминиатон дода буд, ки хобе сабук шуморо фурӯ гирифт ва аз осмон бароятон бороне борид, то шустушӯятон диҳад на васвасаи шайтонро аз шумо дур кунад ва дилҳоятонро қавӣ гардонад ва қадамҳоятонро устувор созад
Агар пирӯзӣ хоҳед, пирӯзиятон фаро расид ва агар аз куфр бозистед, бароятон беҳтар аст ва агар бозгардед, бозмегардем ва сипоҳи шумо ҳарчанд фаровон бошад, бароятон нафъе нахоҳад дошт, ки Ху до бо мӯъминон аст
Ва ба ёд оваред он ҳангомро, ки андак будед ва д а р шумори хоршудагони ин сарзамин бими он доштед, ки мардум шуморо аз миён бардоранд ва Ху до паноҳатон дод ва ёрӣ кард ва пирӯз гардонид ва аз чизҳои покиза рӯзи дод, ки шояд шукр гӯед
Эй касоне, ки имон овардаед, агар аз Худо би тарсед, шуморо биноии шинохти ҳақ аз ботил диҳад ва гуноҳонатонро нест кунад ва шуморо биёмурзад, ки соҳиби фазлу караме бузург аст
Ва он ҳангомро ба ёд овар, ки кофирон дар бораи ту макре карданд, то дар бандат афкананд ё бикушандат ё аз шаҳр берун созанд. Онон макр кар данд ва Худо низ макр кард ва Худо беҳтарини макркунандагон аст
Чаро Худо азобашон накунад, ҳол он ки мардумро аз Масҷидулҳаром бозмедоранд ва соҳибони он нестанд? Соҳибони он танҳо парҳезгоронанд, ва ле бештаринашон намедонанд
Ва агар ба Худо ва он чӣ бар бандаи худ дар рӯзи фурқон, ки ду гурӯҳ ба ҳам расиданд, нозил кардаем, имон овардаед, бидонед, ки ҳар гоҳ чизе ба ғанимат гирифтед, хумси (панҷяки) он аз они Худову паёмбар ва хешовандону ятимон ва мискинону дар роҳ мондагон аст. Ва Худо ба ҳар чизе тавоност
Шумо дар каронаи наздиктари биёбон будед ва онҳо дар каронаи дуртар буданд ва он қофила дар маконе пасттар аз шумо буд. Агар шумо бо якдигар замони ҷангро таъйин мекардед, боз ҳам аз он хилоф меварзидед, то коре, ки Худо муқаррар кардааст, воқеъ шавад, то ҳар кӣ ҳалок мешавад, ба далеле ҳалок шавад ва ҳар кӣ зинда мемонад, ба далеле зинда монад. Албатта Худо шунавову доност
Ва он гоҳ, ки чун ба ҳам расидед, ононро дар чашми шумо андак намуд ва шуморо низ дар чашми онон андак, то он коре, ки муқаррар дошта буд, воқеъ гардад. Ва ҳамаи корҳо ба Худо бармегардад
Монанди он касон мабошед, ки сармасти ғурур ва барон худнамоӣ аз диёри худ берун омаданд ва дигаронро аз роҳи Худо боздоштанд. Ва Худо ба ҳар коре, ки мекунанд, (бо илми худ) иҳота дорад
Ва дар баробари онҳо то метавонед нерӯ ва аспони саворӣ омода кунед, то душманони Худо ва душманони худ ва ғайри онҳоро, ки шумо намешиносед ва Худо мешиносад битарсонед. Ва он чиро, ки дар роҳи Худо харҷ мекунед, ба тамомӣ ба шумо бозгардонда шавад ва ба шумо ситам нашавад
Эй паёмбар, мӯъминонро ба ҷанг барангез. Агар аз шумо бист тан бошанд ва дар ҷанг пойдорӣ кунанд, бар дусад тан ғалаба хоҳанд ёфт. Ва агар сад тан бошанд, ба ҳазор тан аз кофирон пирӯз мешаванд. Зеро онон мардуме маҳрум аз фаҳманд
Акнун Худо коратонро сабук кард ва аз нотавониятон огоҳ шуд. Агар аз шумо сад тан бошанд ва дар ҷанг сабр кунанд. бар дусад тан пирӯз мешаванд. Ва агар аз шумо ҳазор тан бошанд, ба ёрии Худо бар ду ҳазор тан пирӯз мешаванд. Ва Худо бо онҳост, ки сабр мекунанд
Онон, ки имон овардаанд, ва муҳочират карда анд ва дар роҳи Худо ҷиҳод кардаанд ва онон, ки ҷояшон додаанд ва ёриашон кардаанд, ба ҳақиқат мӯъминонанд, бахшоиш ва рӯзии некӯ аз они онҳост
Ва касоне, ки баъдан имон овардаанд ва муҳоҷират кардаанд ва ҳамроҳи шумо ҷиҳод кардаанд, аз шумо ҳастанд. Ба ҳукми китоби Худо хешовандон ба якдигар сазовортаранд. Ва Худо бар ҳар чизе доност