Back to Languages

Tajik - Chapter 8 - Al-Anfal

Translation by Abdolmohammad Ayati — Permalink

Verse 1 — Surah Al-Anfal 8:1

Туро аз ғаноими (ғаниматҳои) ҷангӣ мепурсанд, бигӯ: «Ғаноими ҷангӣ азони Худову паёмбар аст. Пас агар аз мӯъминон ҳастед, аз Худой битарсед ва бо якдигар ба оштӣ зист кунед ва аз Худову паёмбараш фармон баред!»

Verse 2 — Surah Al-Anfal 8:2

Мӯъминон касоне ҳастанд, ки чун номи Худо бурда шавад, хавф дилҳошонро фаро гирад ва чун оёти Худо бар онон хонда шавад, имонашон афзун гардад ва бар Парвардигорашон таваккал мекунанд

Verse 3 — Surah Al-Anfal 8:3

ҳамон касон, ки намоз мегузоранд ва аз он чӣ рӯзиашон додаем, садақа мекунанд

Verse 4 — Surah Al-Anfal 8:4

Инҳо мӯьминони ҳақиқи ҳастанд. Дар назди Парвардигорашон соҳиби дараҷотанд ва мағрифату ризқе некӯ

Verse 5 — Surah Al-Anfal 8:5

Ончунон буд, ки Парвардигорат туро аз хонаат ба ҳақ берун овард, ҳол он ки гурӯҳе аз мӯъминон нохушнуд буданд

Verse 6 — Surah Al-Anfal 8:6

Бо он ки ҳақиқат бар онҳо ошкор шуда дар бораи он бо ту муҷодала мекунанд, чунон қадам бармедоранд, ки гуё мебинанд, ки онҳоро ба сӯӣ марг мебаранд

Verse 7 — Surah Al-Anfal 8:7

Ва ба ёд ор он гоҳро, ки Худо ба шумо ваъда дод, ки яке аз он ду гурӯҳ ба дасти шумо афтад ва дӯст доштед, ки он гурӯҳ ки холӣ аз қудрат аст, ба дас ти шумо афтад, ҳол он ки Худо мехост ба суханони уд ҳақро бар ҷои худ нишонад ва решаи кофиронро қатъ кунад

Verse 8 — Surah Al-Anfal 8:8

ҳақро собит ва ноҳақро ночиз гардонад, ҳарчанд гуноҳкорон нохушнуд бошанд

Verse 9 — Surah Al-Anfal 8:9

Ва он гоҳ ки аз Парвардигоратон ёрӣ хостед ва Худо қабул кард, ки ман бо ҳазор фаришта, ки аз паи якдигар меоянд, ёриятон мекунам

Verse 10 — Surah Al-Anfal 8:10

Ва он корро Худо ҷуз барои шодмонии шумо накард ва то дилҳоятон ба он ором гирад. Ва ёрӣ танҳо аз сӯӣ Худост, ки Ӯ пирӯзманду ҳаким аст

Verse 11 — Surah Al-Anfal 8:11

Ва ба ёд ор он гоҳро, ки Худо чунон эминиатон дода буд, ки хобе сабук шуморо фурӯ гирифт ва аз осмон бароятон бороне борид, то шустушӯятон диҳад на васвасаи шайтонро аз шумо дур кунад ва дилҳоятонро қавӣ гардонад ва қадамҳоятонро устувор созад

Verse 12 — Surah Al-Anfal 8:12

Ва он гоҳро, ки Парвардигорат ба фариштагон ваҳй кард: «Ман бо шумоям Шумо мӯъминонро ба пойдорӣ водоред. Ман дар дилҳои кофирон бим хоҳам андохт. Бар гарданҳояшон бизанед ва ангуштонашонро қатъ кунед!»

Verse 13 — Surah Al-Anfal 8:13

Зеро бо Худову паёмбараш ба мухолифат бархостанд. Ва ҳар ки бо Худову паёмбараш мухолифат варзад, бидонад, ки уқубати Худо сахт аст

Verse 14 — Surah Al-Anfal 8:14

Уқубатро бичашед ва азоби оташ аз они кофирон аст

Verse 15 — Surah Al-Anfal 8:15

Эй касоне, ки имон овардаед, чун кофиронро ҳамлавар дидед, ба гурез пушт накунед

Verse 16 — Surah Al-Anfal 8:16

ҷуз онҳо, ки барои ҳамлае бозмегарданд ё онҳо, ки ба ёрии гурӯҳе дигар мераванд, ҳар кас, ки пушт ба душман кунад, мавриди хашми Худо қарор ме-гирад ва ҷойгоҳи ӯ ҷаҳаннам аст ва ҷаҳаннам бад ҷойгоҳест

Verse 17 — Surah Al-Anfal 8:17

Шумо ононро намекуштед. Худо буд, ки онҳоро мекушт. Ва он гоҳ, ки тир меандохтӣ, ту тир намеандохтӣ, Худо буд, ки тир меандохт, то ба мӯъминон неъмате неку арзонӣ дорад, Албатта' Худо шунавову доност

Verse 18 — Surah Al-Anfal 8:18

Инчунин буд! Ва Худо сусткунандаи ҳилаи кофирон аст

Verse 19 — Surah Al-Anfal 8:19

Агар пирӯзӣ хоҳед, пирӯзиятон фаро расид ва агар аз куфр бозистед, бароятон беҳтар аст ва агар бозгардед, бозмегардем ва сипоҳи шумо ҳарчанд фаровон бошад, бароятон нафъе нахоҳад дошт, ки Ху до бо мӯъминон аст

Verse 20 — Surah Al-Anfal 8:20

Эй касоне, ки имон овардаед ба Худову паёмбараш итоъат кунед ва дар ҳоле, ки сухани Ӯро мешунавед, аз Ӯ рӯй бармагардонед

Verse 21 — Surah Al-Anfal 8:21

Ва аз онон мабошед, ки гуфтанд, ки шунидем, дар ҳоле, ки намешуниданд

Verse 22 — Surah Al-Anfal 8:22

Бадтарини ҷонварон дар назди Худо ин карону гунгон ҳастанд, ки дарнамеёбанд

Verse 23 — Surah Al-Anfal 8:23

Ва агар Худо хайре дар онон меёфт, шунавояшон месохт ва агар ҳам ононро шунаво сохта буд, боз ҳам бармегаштанд ва рӯйгардон мешуданд

Verse 24 — Surah Al-Anfal 8:24

Эй касоне, ки имон овардаед, чун Худову паёмбараш шуморо ба чизе даъват кунанд, ки зиндагиятон мебахшад, даъваташонро қабул кунед ва бидонед, ки Худо миёни одамӣ ва қалбаш ҳоил аст ва ҳама ба пешгоҳи Ӯ гирд оварда шавед

Verse 25 — Surah Al-Anfal 8:25

Ва битарсед аз фитнае, ки танҳо ситамкоронатонро дар бар нахоҳад гирифт ва бидонед, ки Худо ба сахтӣ уқубат мекунад

Verse 26 — Surah Al-Anfal 8:26

Ва ба ёд оваред он ҳангомро, ки андак будед ва д а р шумори хоршудагони ин сарзамин бими он доштед, ки мардум шуморо аз миён бардоранд ва Ху до паноҳатон дод ва ёрӣ кард ва пирӯз гардонид ва аз чизҳои покиза рӯзи дод, ки шояд шукр гӯед

Verse 27 — Surah Al-Anfal 8:27

Эй касоне, ки имон овардаед, медонед, ки набояд ба Худову паёмбар хиёнат кунед ва дар амонат набояд хиёнат кунед

Verse 28 — Surah Al-Anfal 8:28

Бидонед, ки молҳоятон ва фарзандонатон василаи озмоиши шумоянд ва музди бузург дар назди Худост

Verse 29 — Surah Al-Anfal 8:29

Эй касоне, ки имон овардаед, агар аз Худо би тарсед, шуморо биноии шинохти ҳақ аз ботил диҳад ва гуноҳонатонро нест кунад ва шуморо биёмурзад, ки соҳиби фазлу караме бузург аст

Verse 30 — Surah Al-Anfal 8:30

Ва он ҳангомро ба ёд овар, ки кофирон дар бораи ту макре карданд, то дар бандат афкананд ё бикушандат ё аз шаҳр берун созанд. Онон макр кар данд ва Худо низ макр кард ва Худо беҳтарини макркунандагон аст

Verse 31 — Surah Al-Anfal 8:31

Чун оёти Мо бар онҳо хонда шуд, гуфтанд: «Шунидем. Ва агар бихоҳед монанди он мегӯем, ки ин чизе ғайри афсонаҳои пешиниён нест!»

Verse 32 — Surah Al-Anfal 8:32

Ва он ҳангомро, ки гуфтанд: «Бор Худое, агар ин ки аз ҷониби ту омада ҳақ аст, бар мо аз осмон бороне аз санг бибор ё азоби дардоваре бар мо бифирист»

Verse 33 — Surah Al-Anfal 8:33

З То он гоҳ, ки ту дар миёнашон ҳастӣ. Худо азобашон накунад ва то он гоҳ, ки аз Худо омурзиш металабанд, низ Худо азобашон нахоҳад кард

Verse 34 — Surah Al-Anfal 8:34

Чаро Худо азобашон накунад, ҳол он ки мардумро аз Масҷидулҳаром бозмедоранд ва соҳибони он нестанд? Соҳибони он танҳо парҳезгоронанд, ва ле бештаринашон намедонанд

Verse 35 — Surah Al-Anfal 8:35

Ва дуъояшон дар назди хонаи Каъба ҷуз хуштак кашидан ва даст задан ҳеҷ набуд. Пас ба ҷазои ин коратон азобро бичашед

Verse 36 — Surah Al-Anfal 8:36

Кофирон амволашонро харҷ мекунанд, то мардумро аз роҳи Худо боздоранд. Амволашонро харҷ хоҳанд кард ва ҳасрат хоҳанд бурд, сипас мағлуб мешаванд. Ва кофиронро дар ҷаҳаннам гирд меоваранд

Verse 37 — Surah Al-Anfal 8:37

То Худо нопокро аз пок ҷудо кунад ва нопоконро барҳам занад. Он гоҳ ҳамаро гирд кунад ва ба ҷаҳаннам партояд. Инҳо зиёнкоронанд

Verse 38 — Surah Al-Anfal 8:38

Бо кофирон бигӯй, ки агар даст бардоранд, гуноҳони гузаштаи онҳо бахшида шавад ва агар бозгарданд, донанд, ки бо пешиниён чӣ рафторе шудааст

Verse 39 — Surah Al-Anfal 8:39

Бо онон набард кунед, то дигар фитнае набошад ва дини ҳама дини Худо гардад. Пас агар бозистоданд, Худо кирдорашонро мебинад

Verse 40 — Surah Al-Anfal 8:40

Ва агар рӯй гардонанд, бидонед. ки Худо мавлои шумост, Ӯ мавло ва ёридиҳандаи некӯст

Verse 41 — Surah Al-Anfal 8:41

Ва агар ба Худо ва он чӣ бар бандаи худ дар рӯзи фурқон, ки ду гурӯҳ ба ҳам расиданд, нозил кардаем, имон овардаед, бидонед, ки ҳар гоҳ чизе ба ғанимат гирифтед, хумси (панҷяки) он аз они Худову паёмбар ва хешовандону ятимон ва мискинону дар роҳ мондагон аст. Ва Худо ба ҳар чизе тавоност

Verse 42 — Surah Al-Anfal 8:42

Шумо дар каронаи наздиктари биёбон будед ва онҳо дар каронаи дуртар буданд ва он қофила дар маконе пасттар аз шумо буд. Агар шумо бо якдигар замони ҷангро таъйин мекардед, боз ҳам аз он хилоф меварзидед, то коре, ки Худо муқаррар кардааст, воқеъ шавад, то ҳар кӣ ҳалок мешавад, ба далеле ҳалок шавад ва ҳар кӣ зинда мемонад, ба далеле зинда монад. Албатта Худо шунавову доност

Verse 43 — Surah Al-Anfal 8:43

Дар хоб Худо шуморашонро ба ту андак нишон дод. Агар шумори онҳоро бисёр нишон дода буд, аз тарс нотавон мешудед ва дар тасмим ба ҷанг ба низоъ бармехостед, вале Худованд шуморо аз душманон дар амон дошт, ки Ӯ ба он чӣ дар дилҳост, огоҳ аст

Verse 44 — Surah Al-Anfal 8:44

Ва он гоҳ, ки чун ба ҳам расидед, ононро дар чашми шумо андак намуд ва шуморо низ дар чашми онон андак, то он коре, ки муқаррар дошта буд, воқеъ гардад. Ва ҳамаи корҳо ба Худо бармегардад

Verse 45 — Surah Al-Anfal 8:45

Эй касоне, ки имон овардаед, агар ба гурӯҳе аз душман бархӯрдед, пойдорӣ кунед ва Худоро фаровон ёд кунед, бошад, ки ғолиб шавед

Verse 46 — Surah Al-Anfal 8:46

Ба Худову паёмбараш итоъат кунед ва бо якдигар ба низоъ бармахезед, ки нотавон шавед ва қуввати шумо биравад. Сабр пеша кунед, ки Худо ҳамроҳи собирон аст

Verse 47 — Surah Al-Anfal 8:47

Монанди он касон мабошед, ки сармасти ғурур ва барон худнамоӣ аз диёри худ берун омаданд ва дигаронро аз роҳи Худо боздоштанд. Ва Худо ба ҳар коре, ки мекунанд, (бо илми худ) иҳота дорад

Verse 48 — Surah Al-Anfal 8:48

Шайтон кирдорашонро дар пазарашон биёрост ва гуфт; «Имрӯз аз мардум касе бар шумо ғолиб намешавад ва ман паноҳи шумоям». Вале чун ду гурӯҳ рӯбарӯ шуданд, ӯ бозгашту гуфт: «Ман аз шу мо безорам, ки чизҳое мебинам, ки шумо намебинед, ман аз Худо метарсам, ки Ӯ ба сахтӣ уқубат мекунад!»

Verse 49 — Surah Al-Anfal 8:49

Мунофиқон ва он касоне, ки дар дил беморие доранд, гуфтанд: «Инҳоро динашон фирефта аст». Ва ҳар кас, ки ба Худо таваккул кунад, ӯро пирӯзманд ва ҳаким хоҳад ёфт

Verse 50 — Surah Al-Anfal 8:50

Агар бубинӣ он замонро, ки фариштагон ҷони кофиронро меситонанд ва ба рӯйҳову пушташон мезананд ва мегӯянд: «Азоби сӯзонро бичашед!»

Verse 51 — Surah Al-Anfal 8:51

Ин ба ҷазои корҳое буд, ки пеш аз ин карда будед ва Худо ба бандагонаш ситам кунанда нест

Verse 52 — Surah Al-Anfal 8:52

Монанди амали хонадони Фиръавн ва касоне, ки пеш аз онҳо буданд» Онҳо ба оёти Худо кофир шуданд. Пас Худо онҳоро ба ҷазои гуноҳонашон азоб кард, ки Худо нерӯманд ва сахтуқубат аст

Verse 53 — Surah Al-Anfal 8:53

Зеро Худо неъматеро, ки ба қавме арзонӣ дошта аст, дигаргун насозад, то он қавм худ дигаргун шаванд. Ва Худо шунаво ва доност

Verse 54 — Surah Al-Anfal 8:54

Монанди амали хонадони Фиръавн ва касоне, ки пеш аз онҳо буданд. Онҳо оёти Парвардигорашонро дурӯғ донистанд ва Мо ба ҷазои гуноҳонашон ҳалокашон кардем ва хонадони Фиръавнро ғарқ сохтем, зеро ҳама ситамкор буданд

Verse 55 — Surah Al-Anfal 8:55

Албатта бадтарин ҷунбандагон дар назди Худо онҳоянд, ки кофир шудаанд ва имон намеоваранд

Verse 56 — Surah Al-Anfal 8:56

Касоне, ки ту аз онон паймон гирифтӣ, сипас паёпай паймони хешро мешикананд ва ҳеҷ наметарсанд

Verse 57 — Surah Al-Anfal 8:57

Пас агар онҳоро дар ҷанг биёбӣ, парокандаашон соз, то пайравонашон низ пароканда шаванд, шояд ки ибрат гиранд

Verse 58 — Surah Al-Anfal 8:58

Агар медонӣ, ки гурӯҳе дар паймон хиёнат мекунанд, ба онон эълом кун, ки монанди худашон амал хоҳӣ кард. Зеро Худо хоинонро дӯст надорад

Verse 59 — Surah Al-Anfal 8:59

Онон, ки кофир шудаанд, напиндоранд, ки растаанд, зеро Худоро нотавон намесозанд

Verse 60 — Surah Al-Anfal 8:60

Ва дар баробари онҳо то метавонед нерӯ ва аспони саворӣ омода кунед, то душманони Худо ва душманони худ ва ғайри онҳоро, ки шумо намешиносед ва Худо мешиносад битарсонед. Ва он чиро, ки дар роҳи Худо харҷ мекунед, ба тамомӣ ба шумо бозгардонда шавад ва ба шумо ситам нашавад

Verse 61 — Surah Al-Anfal 8:61

Ва агар ба сулҳ майл кунанд, ту низ ба сулҳ майл кун. Ва бар Худо таваккал кун, ки Ӯст шунаво ва доно

Verse 62 — Surah Al-Anfal 8:62

Ва агар хостанд, ки туро бифиребанд, Худо ба рои ту кофист. Ӯст, ки туро ба ёрии худ ва ёрии мӯъминон қувват додааст

Verse 63 — Surah Al-Anfal 8:63

Дилҳояшонро ба якдигар меҳрубон сохт. Агар ту ҳамаи он чиро, ки дар рӯи замин аст, харҷ мекарди, дилҳои онҳоро ба якдигар меҳрубон намесохтӣ, Вале Худо дилҳояшонро ба якдигар меҳрубон сохт, ки Ӯ пирузманду ҳаким аст

Verse 64 — Surah Al-Anfal 8:64

Эй паёмбар, Худо ва мӯъминоне, ки аз ту пайравӣ мекунанд, туро басанд

Verse 65 — Surah Al-Anfal 8:65

Эй паёмбар, мӯъминонро ба ҷанг барангез. Агар аз шумо бист тан бошанд ва дар ҷанг пойдорӣ кунанд, бар дусад тан ғалаба хоҳанд ёфт. Ва агар сад тан бошанд, ба ҳазор тан аз кофирон пирӯз мешаванд. Зеро онон мардуме маҳрум аз фаҳманд

Verse 66 — Surah Al-Anfal 8:66

Акнун Худо коратонро сабук кард ва аз нотавониятон огоҳ шуд. Агар аз шумо сад тан бошанд ва дар ҷанг сабр кунанд. бар дусад тан пирӯз мешаванд. Ва агар аз шумо ҳазор тан бошанд, ба ёрии Худо бар ду ҳазор тан пирӯз мешаванд. Ва Худо бо онҳост, ки сабр мекунанд

Verse 67 — Surah Al-Anfal 8:67

Барои ҳеҷ паёмбаре насазад* ки асирон дошта бошад, то ки дар рӯи замин куштори бисёр кунад. Шумо матоъи инҷаҳониро мехоҳед ва Худо охиратро мехоҳад. Ва Ӯ пирӯзманду ҳаким аст

Verse 68 — Surah Al-Anfal 8:68

Агар пеш аз ин аз ҷониби Худо ҳукме нашуда буд, ба сабаби он чӣ гирифта будед, азобе бузург ба шумо мерасид

Verse 69 — Surah Al-Anfal 8:69

Аз он чӣ ба ғанимат гирифтаед, ки ҳалол асту покиза, бихӯрел. Ва аз Худо битарсед. Албатта Худо бахшандаву меҳрубон аст

Verse 70 — Surah Al-Anfal 8:70

Эй паёмбар, ба асироне, ки дар дасти шумо ҳастанд, бигӯ: «Агар Худо дар дилҳоятон нишони имон бубинад, беҳтар аз он чӣ аз шумо гирифта шуда, ба шумо хоҳад дод на шуморо мебахшад ва Худо бахшандаву меҳрубон аст!»

Verse 71 — Surah Al-Anfal 8:71

Агар қасди хиёнат ба туро дошта бошанд, пеш аа ин ба Худо хиёнат намудаанд ва Худо туро бар онҳо нусрат додааст, ки донову ҳаким аст

Verse 72 — Surah Al-Anfal 8:72

Онон, ки имон овардаанд ва муҳоҷират кардаанд ва бо молу ҷони хеш дар роҳи Худо ҷиҳод кардаанд ва онон, ки ба муҳоҷирон ҷой дода ва ёриашон кардаанд, ёру дӯсти якдигаранд. Ва онон, ки имон овардаанд, ва муҳоҷират накардаанд, ёру дӯсти шумо нестанд, то он гоҳ ки муҳоҷират кунанд. Вале агар шуморо ба ёрӣ талабиданд, бояд ба ёриашон бархезед. ғайри он, ки бар зидди он гурӯҳе бошад, ки миёни шумо ва онҳо паймоне баста шуда бошад. Ва Худо ба корҳое, ки мекунед, биност

Verse 73 — Surah Al-Anfal 8:73

Кофирон низ ёру дӯсти якдигаранд. Агар риояи он накунед, фитнаву фасоде бузург дар он сарзамин падид хоҳад омад

Verse 74 — Surah Al-Anfal 8:74

Онон, ки имон овардаанд, ва муҳочират карда анд ва дар роҳи Худо ҷиҳод кардаанд ва онон, ки ҷояшон додаанд ва ёриашон кардаанд, ба ҳақиқат мӯъминонанд, бахшоиш ва рӯзии некӯ аз они онҳост

Verse 75 — Surah Al-Anfal 8:75

Ва касоне, ки баъдан имон овардаанд ва муҳоҷират кардаанд ва ҳамроҳи шумо ҷиҳод кардаанд, аз шумо ҳастанд. Ба ҳукми китоби Худо хешовандон ба якдигар сазовортаранд. Ва Худо бар ҳар чизе доност