Back to Languages
Tajik - Chapter 80
Translation by Abdolmohammad Ayati
Verse 1
Рӯйро турш кард ва сар баргардонид
Verse 2
чун он нобино ба наздаш омад
Verse 3
Ва ту чӣ донӣ, шояд, ки ӯ покиза шавад
Verse 4
ё панд гирад ва панди ту фоидааш кунад
Verse 5
Аммо он ки ӯ тавонгар аст
Verse 6
ту рӯи худ ба ӯ мекунӣ
Verse 7
ва агар ҳам пок нагардад, чизе бар зиёни ту нест
Verse 8
Ва аммо он, ки шитобон ба назди ту меояд
Verse 9
ва метарсад, (аз худо)
Verse 10
ту аз ӯ ба дигаре рӯй, меорӣ
Verse 11
Оре, ин Қуръон пандест
Verse 12
пас ҳар кӣ хоҳад, аз он панд гирад
Verse 13
Дар саҳифаҳое гиромӣ
Verse 14
баландқадру покиза
Verse 15
ба дасти котибоне
Verse 16
бузургвору некӯкор
Verse 17
Марг бар одамӣ бод, ки чӣ носипос (ношукр) аст
Verse 18
Ӯро аз чӣ офаридааст
Verse 19
Аз нутфае офарид ва ба андоза муайян кард
Verse 20
сипас роҳашро осон сохт
Verse 21
Он гоҳ бимирондаш ва дар гӯр кард
Verse 22
Ва он гоҳ, ки хоҳад, зиндааш созад
Verse 23
На ки ҳанӯз он чиро ба ӯ фармон дода буд, ба ҷой наёвардааст
Verse 24
Пас одамӣ ба таъоми худ бингарад
Verse 25
Мо боронро фурӯ боридем, бориданӣ
Verse 26
ва заминро шикофтем, шикофтанӣ
Verse 27
ва дар он донаҳо рӯёнидем
Verse 28
ва току сабзавот
Verse 29
ва зайтуну нахл (дарахти хурмо)
Verse 30
ва боғҳои пурдарахт
Verse 31
ва меваву алаф
Verse 32
то шумову чорпоёнатон баҳра баред
Verse 33
Чун бонги қиёмат барояд
Verse 34
рӯзе, ки одамӣ аз бародараш мегурезад
Verse 35
ва аз модарашу падараш
Verse 36
ва аз занашу фарзандонаш
Verse 37
Ҳар касро дар рӯз корест, ки ба худ машғулаш дорад
Verse 38
Чеҳраҳое дар он рӯз дурахшонанд
Verse 39
хандонанду шодонанд
Verse 40
Ва чеҳраҳое дар он рӯз ғуборолуданд
Verse 41
дар сиёҳӣ фурӯ рафтаанд
Verse 42
Инҳо кофирону фоҷиронанд (бадкорон)