Back to Languages
Tajik - Chapter 81
Translation by Abdolmohammad Ayati
Verse 1
Чун хуршед бефурӯғ (хира) шавад
Verse 2
ва чун ситорагон фурӯ резанд
Verse 3
ва чун кӯҳҳо аз ҷои худ беҷо бишаванд
Verse 4
ва чун шутурони ҳомила ба ҳоли худ гузошта шаванд
Verse 5
ва чун ҷонварони ваҳшӣ ҷамъ оварда шаванд
Verse 6
ва чун дарёҳо оташ гиранд
Verse 7
ва чун рӯҳҳо бо танҳо якҷоя гардганд
Verse 8
ва чун аз духтари зинда ба гӯр шуда пурсида шавад, ки
Verse 9
ба чӣ гуноҳе кушта шудааст
Verse 10
ва чун саҳифаҳо боз шаванд
Verse 11
ва чун осмон аз ҷои худ канда шавад
Verse 12
ва чун ҷаҳаннам афрӯхта гардад
Verse 13
ва чун биҳиштро пеш оваранд
Verse 14
ҳар кас бидонад, ки чӣ ҳозир овардааст
Verse 15
Савганд ба ситорагони бозгарданда
Verse 16
сайркунандаи ғойбшаванда
Verse 17
ва савганд ба шаб, чун торик шавад
Verse 18
ва савганд ба субҳ чун бидамад
Verse 19
ки ин сухани расуле бузургвор (Ҷибрил (а)) аст
Verse 20
нерӯманд, дар назди Худованди арш соҳибобрӯ
Verse 21
он ҷо (дар назди Худо) фармонравои боваринокаст
Verse 22
Ва ҳамсӯҳбати шумо девона нест
Verse 23
Албатта Ӯро (Ҷибрилро) дар уфуқи равшан дидааст
Verse 24
Ва он чиро аз ғайб ба ӯ гӯянд, дареғ намедорад
Verse 25
Ва он сухан сухани шайтони раҷим нест
Verse 26
Пас ба куҷо меравед
Verse 27
Ин китоб пандест барои ҷаҳониён
Verse 28
барои ҳар кас аз шумо, ки бихоҳад ба роҳи рост афтад
Verse 29
Ва шумо намехоҳед, ғайри он чиро, ки Парвардигори ҷаҳониён хоста бошад