Ва ононро фақат ин фармон доданд, ки Худоро бипарастанд, дар ҳоле ки дар дини Ӯ ихлос меварзанд. Ва намоз гузоранду закот диҳанд. Ин аст дини дурусту рост
Муздашон дар назди Парвардигорашон биҳиштҳоест ҷовид, ки дар он наҳрҳо ҷорист. То абад дар он ҷоянд. Худо аз онҳо розӣ аст ва онҳо аз Худо розианд. Ва ин хоси касест, ки аз Парвардигораш битарсад