Back to Languages

Tajik - Chapter 98 - Al-Bayyinah

Translation by Abdolmohammad Ayati — Permalink

Verse 1 — Surah Al-Bayyinah 98:1

Кофирони аҳли китоб ва мушрикон даст барнадоранд (аз куфри худ), то барояшон хуҷҷате равшан биёяд —

Verse 2 — Surah Al-Bayyinah 98:2

паёмбаре аз ҷониби Худо, ки сахифаҳои покро мехонад

Verse 3 — Surah Al-Bayyinah 98:3

дар онҳо навиштаҳоест росту дуруст

Verse 4 — Surah Al-Bayyinah 98:4

Ва аҳли китоб пароканда шуданд, аз он пас, ки барояшон бурҳоне равшан омад

Verse 5 — Surah Al-Bayyinah 98:5

Ва ононро фақат ин фармон доданд, ки Худоро бипарастанд, дар ҳоле ки дар дини Ӯ ихлос меварзанд. Ва намоз гузоранду закот диҳанд. Ин аст дини дурусту рост

Verse 6 — Surah Al-Bayyinah 98:6

Аз аҳли китоб онҳо, ки кофиранд ва, низ мушрикон дар оташи ҷаҳаннаманд ва дар он ҳамеша хоҳанд буд. Инҳо бадтарини офаридагонанд

Verse 7 — Surah Al-Bayyinah 98:7

Касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста мекунанд, беҳтарини офаридагонанд

Verse 8 — Surah Al-Bayyinah 98:8

Муздашон дар назди Парвардигорашон биҳиштҳоест ҷовид, ки дар он наҳрҳо ҷорист. То абад дар он ҷоянд. Худо аз онҳо розӣ аст ва онҳо аз Худо розианд. Ва ин хоси касест, ки аз Парвардигораш битарсад